Главная / Чамъият / СУГУРТАИ ХАТМИИ НАФАКАВИ

СУГУРТАИ ХАТМИИ НАФАКАВИ

Конуни Чумхурии Точикистон  

ДАР БОРАИ СУГУРТАИ ХАТМИИ НАФАКАВИ  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №3, мод. 198)  

Конуни мазкур асосхои танзими давлатии сугуртаи хатмии нафакавиро дар Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, муносибатхои чамъиятиро дар низоми сугуртаи хатмии нафакави ба танзим медарорад, инчунин вазъи хукукии субъектхои сугуртаи хатмии нафакави, заминахои пайдоиш ва тартиби татбики хукуку ухдадорихои онхо ва чавобгарии субъектхои сугуртаи хатмии нафакавиро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

nafaqa
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– сугуртаи хатмии нафакави – шакли танзими давлатии муносибатхои нафакави, ки ба ташкили бахисобгирии пардохти сахмхои нафакави асос ёфтааст;
– чуброни сугуртави – ичрои хатмии ухдадорихои макоми ваколатдори давлатии сугуртаи хатмии нафакави дар назди шахси сугурташуда дар мавриди фаро расидани холатхои сугуртави бо рохи пардохтхои ичтимои;
– маблагхои сугуртаи хатмии нафакави – маблагхое, ки дар идоракунии макоми ваколатдори давлатии сугуртаи хатмии нафакави карор доранд;
– бучети муассисаи сугурта – шакли ташаккул ва сарфи маблагхо бо максадхои сугуртаи хатмии нафакави аз чониби макоми ваколатдори давлатии сугуртаи хатмии нафакави;
– андухти нафакави – маблагхои сугуртавии дар тамоми давраи фаъолияти мехнати супоридашудаи шахси сугурташуда ва даромадхо аз хисоби истифодабарии ин маблагхо, ки дар кисми махсуси суратхисоби инфиродии у кайд гардидаанд.
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи хатмии нафакави
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи хатмии нафакави ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. МУНОСИБАТХОИ ХУКУКИ ОИД БА СУГУРТАИ ХАТМИИ НАФАКАВИ
Моддаи 3. Макоми ваколатдори давлатии сугуртаи хатмии нафакави
1. Сугуртаи хатмии нафакавиро дар Чумхурии Точикистон макоми ваколатдори давлатии сугуртаи хатмии нафакави (минбаъд – муассисаи сугурта), ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, амали менамояд.
2. Давлат барои  ухдадорихои муассисаи сугурта дар назди шахсони сугурташуда масъулияти иловаги дорад.
Моддаи 4. Таваккалхои ичтимои аз руи сугуртаи хатмии нафакави
1. Таваккали ичтимои дар Конуни мазкур аз чониби шахси сугурташуда хангоми аз даст додани музди мехнат (пардохт, подош ба манфиати шахси сугурташуда) ё дигар даромад эътироф карда мешавад.
2. Намудхои таваккалхои ичтимои аз руи сугуртаи хатмии нафакави инхо мебошанд:
– фаро расидани пиронсоли;
– маъюби;
– махрум шудан аз саробон;
– фавти нафакагир.
Моддаи 5. Холати сугуртави аз руи сугуртаи хатмии нафакави
Холати сугуртави татбики яке аз намудхои таваккали ичтимои мебошад, ки дар кисми 2 моддаи 4 Конуни мазкур пешбини шудаанд.

Моддаи 6. Чуброни сугуртави аз руи сугуртаи хатмии нафакави
1. Дар мавриди фаро расидани холати сугуртави муассисаи сугурта ухдадор аст ба шахси сугурташуда чуброни сугуртавии зеринро пардохт намояд:
– нафакаи сугуртави аз руи синну сол;
– нафакаи сугуртави аз руи маъюби;
– нафакаи сугуртави аз руи махрум шудан аз саробон;
– кумакпули барои дафни нафакагири фавтидае, ки дар рузи фавт кор намекард.
2. Таъин, пардохт ва муайян намудани давраи чуброни сугуртави аз руи сугуртаи хатмии нафакави бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда  мешаванд.
Моддаи 7. Сахмхои нафакави
Маблагхои сахмхои нафакавии барои шахси сугурташуда ба бучети муассисаи сугурта воридгардида дар суратхисоби инфиродии у мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бахисобгирии инфироди  дар низоми сугуртаи хатмии нафакави” ба хисоб гирифта мешаванд.
Моддаи 8. Андухти нафакави
1. Андухти нафакавии шахсони сугурташуда аз хисоби сахмхои нафакавии супоридашудаи сугуртакунандагон ва ё шахсони сугурташуда ташаккул меёбад ва дар кисми махсуси суратхисоби инфироди тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бахисобгирии инфироди дар низоми сугуртаи хатмии нафакави” ба хисоб гирифта мешавад.
2. Тартиби пардохти маблагхои андухти нафакавии шахсони сугурташуда бо коидахои пардохти маблагхои андухти нафакави аз суратхисоби инфиродии шахсони сугурташуда, ки  Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, муайян мегардад.
Моддаи 9. Ваколатхои макомоти давлати оид ба сугуртаи хатмии нафакави
Ба ваколатхои макомоти давлати оид ба сугуртаи хатмии нафакави дохил мешаванд:
–  тасдики бучети муассисаи сугурта ва хисобот дар бораи ичрои он;
– мукаррар намудани тартиби кабул ва ичрои бучети муассисаи сугурта;
– муайян намудани тартибу  шартхои ташаккулёби, чобачогузори ва сармоягузории маблагхои андухти нафакави;
– муайян намудани тартиби нигохдории маблагхои сугуртаи хатмии нафакави;
– идоракунии низоми сугуртаи хатмии нафакави;
– таъмини устувории молияви ва тавозуни низоми сугуртаи хатмии нафакави, аз чумла бо рохи таъмини воридоти маблагхои пардохтхои хатми дар хачме, ки бучети муассисаи сугурта пешбини намудааст;
– муайян намудани тартиби истифодаи маблагхои озоди муваккатии сугуртаи хатмии нафакави;
– амали намудани назорати давлати ва назорати татбики хукуки шахсони сугурташуда ба чуброни сугуртави.
Моддаи 10. Ухдадорихои муассисаи сугурта
Муассисаи сугурта ухдадор аст:
– асосноккунии андозаи тарофаи сахмхои нафакавиро тайёр намояд;
– дар асоси маълумоти бахисобгирии инфироди нафакаи сугуртавиро сари вакт таъин, бозхисоби ва пардохт намояд, кумакпулиро барои дафни нафакагири фавтида, ки дар рузи фавташ кор намекард, пардохт кунад;
– назорати асосноккунии пешниходи хуччатхоро барои таъин, бозхисобии маблагхои нафакаи сугуртави, аз чумла бо шартхои имтиёзнок бинобар шароити махсуси мехнат амали намояд;
– лоихаи бучети муассисаи сугуртаро тахия намуда, ичрои онро таъмин намояд;
– ба сугуртакунандагон, шахсони сугурташуда, ташкилотхои давлати ва чамъияти аз вазъи молиявии худ мунтазам бо тартиби мукарраргардида иттилоъ дихад ва барои таъмини устувории молиявиаш тадбирхо андешад;
– истифодаи максадноки маблагхои сугуртаи хатмии нафакавиро таъмин ва назорат намояд;
– маблагхои аз руи сугуртаи хатмии нафакави воридгардидаро ба хисоб гирад;
– махзани маълумоти давлатии тамоми гуруххои сугуртакунандагон, аз чумла, шахсони вокеиро, ки ихтиёран ба муносибатхои хукуки оид ба сугуртаи хатмии нафакави шомил гардидаанд, бахисобгирии инфиродии  маълумотро дар бораи тамоми гуруххои шахсони сугурташуда тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бахисобгирии инфироди  дар низоми сугуртаи хатмии нафакави” таъсис диханд;
– речаи пешбурди кисми махсуси суратхисоби инфиродии шахсони сугурташударо мутобики талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали намояд;
– дар фаслхои дахлдори кисми махсуси суратхисоби инфиродии шахсони сугурташуда ба кисми маблагхои андухти нафакаи сугуртави ворид шудани маблагхои сахмхои нафакави, андозаи нафакаи сугуртавии таъиншуда ва маблагхои пардохтро аз хисоби маблагхои андухти нафакави сари вакт ба хисоб гирад;
– ташкили бахисобгирии саривактии даромад аз сармоягузории маблагхои сугуртаи хатмии нафакавиро дар фаслхои дахлдори кисми махсуси суратхисоби  инфиродии шахсони сугурташуда таъмин намояд;
– ба сугуртакунандагон вобаста ба масъалахои сугуртаи хатмии нафакави ройгон маслихат дихад ва дар бораи санадхои меъёрии хукуки оид ба сугуртаи хатмии нафакави маълумот дихад;
– тавассути сохтори худудии худ барои шахсони сугурташуда доир ба масъалахои сугуртаи хатмии нафакави машваратхои ройгон ташкил намояд.

БОБИ 3. НИЗОМИ МОЛИЯВИИ СУГУРТАИ ХАТМИИ НАФАКАВИ
Моддаи 11. Бучети муассисаи сугурта
1. Маблагхои бучети муассисаи сугурта моликияти давлати махсуб ёфта, ба муассисаи сугурта бо хукуки идораи оперативи вобаста карда шудаанд, вале ба таркиби бучетхои дигар дохил намешаванд ва мавриди мусодира, андозбанди ва ситонидани дигар пардохтхои хатми карор намегиранд.
2. Бучети муассисаи сугурта барои соли молияви бо назардошти тавозуни хатмии даромаду харочоти бучети мазкур тахия карда мешавад. Бучети муассисаи сугурта ва хисоботи ичрои он хар сол бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
3. Дар таркиби бучети муассисаи сугурта маблагхои андухти нафакави, ки ба сармоягузори равона гардидаанд, пардохтхо аз хисоби маблагхои андухти нафакави, инчунин харочоти бучети муассисаи сугурта, ки бо ташаккулёби ва сармоягузории маблагхои андухти нафакави, пешбурди кисми махсуси суратхисоби инфиродии шахсони сугурташуда ва пардохти кисми андухтии нафакаи сугуртави алокаманд мебошанд, ба таври алохида  ба хисоб гирифта мешаванд.
4. Маблагхои сугуртаи хатмии нафакави дар суратхисоби муассисаи сугурта дар Бонки давлатии амонатгузории Чумхурии Точикистон “Амонатбонк”  нигох дошта мешаванд.

Моддаи 12. Ташаккулёбии бучети муассисаи сугурта
Бучети муассисаи сугурта аз ин хисоб ташаккул меёбад:
– сахмхои сугуртави;
– маблагхои бучети давлати;
– маблагхои товон ва дигар мучозоти молияви;
– даромад аз чобачогузори ва сармоягузории маблагхои озоди муваккатии сугуртаи хатмии нафакави;
– сахмхои ихтиёри ва маблагхои хайрияи шахсони вокеи ва хукуки, ки ба сифати сугуртакунандагон ё шахсони сугурташуда онхоро пардохт накардаанд;
– манбаъхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

Моддаи 13. Харчи маблагхои бучети муассисаи сугурта
1. Маблагхои бучети муассисаи сугурта таъиноти максаднок дошта, ба максадхои зерин равона мегарданд:
– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон ба пардохт ва индексатсияи нафакаи сугуртави ва кумакпули барои дафни нафакагире, ки дар рузи фавташ кор намекард, барои ба суратхисоби инфиродии шахси берун аз худуди Чумхурии Точикистон сугурташуда гузаронидани маблагхои арзишаш баробари маблагхои андухти нафакавии дар кисми махсуси суратхисоби инфиродии шахси мазкур бахисобгирифташуда;
– дастрасгардонии нафакае, ки аз хисоби маблагхои бучети муассисаи сугурта пардохт карда мешавад;
– таъминоти молияви ва моддию техникии фаъолияти чории муассисаи сугурта, аз чумла таъминоти сохтори худудии он.
2. Харочоте, ки дар бучети муассисаи сугурта барои соли дахлдор пешбини карда нашудааст, танхо баъди ворид намудани тагйирот ба бучети мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
3. Таъминоти молияви ва моддию техникии фаъолияти чории муассисаи сугурта бо назардошти таъминоти сохтори худудии он набояд аз ду фоизи бучети муассисаи сугурта зиёд бошад.

Моддаи 14. Фонди захиравии муассисаи сугурта
1. Барои таъминоти дурнамои миёнамухлат ва дарозмухлати устувории молиявии низоми сугуртаи хатмии нафакави дар холати ба вучуд омадани маблагхои зиёдатии бучети муассисаи сугурта фонди захирави таъсис дода мешавад.
2. Тартиби ташаккулёби ва харочоти фонди захиравии муассисаи сугурта тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 15. Назорати истифодаи маблагхои  бучети муассисаи сугурта
Назорати истифодаи маблагхои бучети муассисаи сугурта тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби макомоти ваколатдори давлатии дахлдор амали карда мешавад.

Моддаи 16. Тарофаи сахмхои нафакави
1. Тарофаи сахмхои нафакави аз андозаи сахмхои сугуртави иборат буда, барои ба вохиди ченаки заминави хисоби намудани сахмхои нафакави пешбини шудааст.
2. Тарофаи сахмхои нафакави бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 17. Чавобгари  барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон     Эмомали Рахмон
ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 955

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …