Главная / Биология / СИНФИ ХАЗАНДАХО

СИНФИ ХАЗАНДАХО

Хазандахо ба хаёти хушки мувофик шудаанд. Тухмашон пардаи чанини дорад. To хол дар илми зоологияи чахони зиёда аз 6 хазор намуди хазандахо маълуманд. Ба омузиши хаматарафаи хазандахо як шохаи илми зоология — герпитология машгул аст.

Баъзе хусусияти хазандахо ба Обхокихои кадима монанд аст. Дар байни хазандахо намояндахое хастанд, ки кисми ками хаёташонро дар об мегузаронанд. Масалан, мори оби, сангпушти бахри, тимсохи дарёи Нил дар об ва хам дар хушки зиндаги мекунанд. Хамаи хазандахо тухмашонро дар хушки мегузоранд. Онхо, гарчанде ки дар об зиндаги кунанд хам, аз атмосфера нафас мсгиранд. Аломати хоси хазандахо он аст, ки пусти онхо бар хилофи Обхокихо хушк аст, чунки гадудхои лухоби надошта, руйпуши пулакчагии шохин доранду дар баъзеашон пансир ё ки сипар мавчуд аст.

Барои мисол руйпуши калтакалос, мор ва сангпуштро мукоиса кунед. Руйпуши тухми хазандахо пусти гафси охаки буда дар дохилаш моддаи зарди дорад. Хазандахо бештар дар минтакахои гарми дашту биёбон, теппаю кухсорхо, алафзору чангалзор, дар дехахои ахолинишин вомехуранд. Онхо аксаран бо оби таркиби гизо каноат карда, ба оби нушоки эхтиёчоти зиёде надоранд ва аз ин сабаб дар биёбону регзорхои беоб хам вомехуранд. Хазандахо дар кабати хок, гил, алафхои хушк, ковокии чуб, таркиши деворхо зиндаги карда, рангашон ба чойи зисташон монанд мешавад.

 Хазандахои махвшуда
Расми 20. Хазандахои махвшуда

Дар хазандахо майнача ва майнаи пеш нисбат ба обхокихо нагз инкишоф ёфтааст, барои хамин хам аксари хазандахо ба мухити хаётгузарониашон тез одат карда, гизо меёбанд ва худро мухофизат мекунанд.

Бадани хазандахо пурра устухони мебошад. Хазандахо монанди Обхокихо хунгард буда, дилашон аз се хучра иборат аст. Бинобар ин хунашон омехта буда, харорати муътадил надоранд.

Аз дил се зарфи хун (артерияи шуш, аортаи чап, аортаи рост) баромада, ду камони гардиши хунро ташкил медиханд.

Хазандахо хайвонхое мебошанд, ки бо шикам мехазанд ё баъзе аз онхо муддате бо пойхояшон танаашонро бардошта харакат мекунанд. Намояндахои асосии хазандахо хелхои гуногуни морхо, калтакалосхо, сангпуштхо ва тимсоххо мебошанд.

Агар мохихо ва Обхокихоро гурухи дарачаи пасти мухра- дорон хисоб кунем, пас хазандахо, паррандахо ва ширхурхо мухрадорони дарачаи оли ба хисоб мераванд. Аз нуктаи назари илми палеонтология, хамаи онхо бо нишонахои эмбриологию чанини ва экологиашон ба хам наздики (хешигари) доранд.

Хамаи мухрадорони дарачаи оли бордоршавии даруни дошта, инкишофашон дар хушки (ба гайр аз китшаклхо) мегузарад. Чанин дар батни модар инкишоф ёфта, ба шакли тухм ё зиндазои афзоиш мекунад. Масалан, калтакалоси одди ва бахтур хазандахои зиндазой мебошанд.

Азбаски хайвонхои мухрадори хушкигард ба хаёти хушки мувофик шудаанд. баданашон ба кисмхои чудогона таксим шуда, аз сохти мухрадорони обию обхокихо фарк мекунанд.

Яке аз намояндахои асосии синфи хазандахо калтакалосхо мебошанд, ки ба гурухи пулакчадорон мансубанд. Калтакалосхо устухонбандии дароз дошта, ба Обхокихои думдор монанданд. Дар вакти рохрави як кисми баданашон кашол шуда, ба замин расида меистад. Пойхои пеш ва акиби калтакалос 5 ангушти нохуни тез дошта дорад. Руйпуши баданаш аз cap то дум бо пулакча пушида шудааст.

Сохти мухраи калтакалос аз дарун фурухамида, аз пеш барчаста мебошад. Мухрахои гарданаш 8-то буда, мухраи якумаш халкашакл аст, ки дар он косаи cap чо мегирад. Мухраи дуюм фонашакл буда, сарро ба харакат мсдарорад. Бинобар ин сари хазандагон нисбат ба сари Обхокихо харакатнок аст. Мухрахои миёну синагиашон 22-то буда, хамааш ба кабургачахои харакатнок таъминанд. Хар як кабургаи онхо озод буда, дар вакти хурокро фуру бурдан ёри мерасонанд. Дуто мухрахои чорбанди пахн дошта, устухони косро ба худ мепайванданд. Микдори мухрахои думи дар намояндаи хазандахо хар хел аст.

Косаи сари хазандахо пурра устухони буда, танхо дар кисми шомма устухонбандии ками тагояки доранд. Устухони косаи cap аз кисмхои чудогона иборат буда, ба косаи сари мохиёни устухондор монанд аст.

Дандонхои хазандагони захрдор духела буда, дандони хазандагони безахр якхела аст.

Ба устухони китф белак, калитак дохил шуда, дар давоми он банд, сок, каф, панча, бугумхои панча ва нохун чойгиранд.

Сохти асаби хазандахо аз майнаи пеш ва магзча иборат аст. Аз майнаи сарашон 11 чуфт тори асаб мебарояд. Майнаи дарозруя ба майнаи тахтапушт гузашта, аз он чо тори асабхо зиёд баромада, ба кисмхои бадан таксим мешаванд.

Узви шунавоии хазандахо аз як чуфт гуш иборат аст, ки пардаи даруни ва мобайни дорад. Пардаи нагораги ва лабиринти ба маркази асаб рафта мерасад.

Узви шоммаи хазандахо аз як чуфт бини иборат аст, ки ба воситаи сурохии коми боло ба сатхи дахон алокаманд аст. Хавои ба дахон даромада, ба найи нафас ва пас ба трахея меравад. Деворхои рохи нафас буйро нагз хис мекунанд.

Тартиби гардиши хуни хазандахо аз рагхои венагию артерияги иборат аст, гарчи дили хазандахо чорхонагии хакики набошад хам, нисбат ба дили Обхокихо мураккабтар аст, яъне хун аз тарафи рости дил ба шуш рафта, аз шуш ба тарафи чапи дил мерезад. Хуни нимомехта ва ассимилятсия шуда, боз бо хуни артерияги якчоя мешавад.

Дар кисми устухони коси хазандахо як чуфт гурда хаст, ки ба пуффаки пешоб рох доранд. Пешоб ба найи пешоббарор ба макъад якчоя шуда, хамрохи начосат хорич мешавад. Хазандахо хайвонхои чудочинса буда, дар наринааш як чуфт гадуди чинсии моядон хаст. Дар вакти бордоршави узви чинсии нарина калон мешавад. Узви чинсии модина аз ду гадуди тухмакдони пахлуи иборат мебошад, ки найчаи тухмбарор дорад ва рохи он ба макъад кушода мешавад. Дар аксарияти хазандахо узви бордоркуни хаст ва аз ин сабаб бордоршавии онхо даруни мегузарад. Пас аз бордоршавии тухм (дар батн) чилди охаки пайдо мешавад.

Хазандахо аз 2 то 11 тухм мегузоранд. Инкишофи тухм баъд аз гузоштани тухм хам давом мекунад. Аз ин сабаб хазандахо тухмашонро дар чойхои гарми кум, хоки хушк, пуки чуб мегузоранд. Дар давраи инкишофи насл (дар дохили тухм) доги хордаги, галсама ва мухрахо аён шуда, то аз тухм баромадани насл шушашон чам ба вучуд меояд.

Аз руйи намуди берунй чинси наринаи хазандаро аз модинааш фарк кардан мумкин аст. Мисол, ду калтакалоси синнашон якхеларо, ки чинсашон гуногун аст, мушохида намоем, мебинем, ки чинси модина калони пахн буда, дар зери дум хубобчаи кабудча дорад. Яъне диморфизми (узвхои чинсии) онхо нагз инкишоф ёфтааст.

Дар хазандахо хусусияти худмухофизаткуни мавчуд аст ва мо инро дар калтакалос бештар мебинем. Вакте ки онро пахш кардем, думашро партофта, худаш бо тези аз назар гайб мезанад.

Савол ва супоришхо:

  1. Дар борам хешигарии обхокихо ва хазандахо мисол оред.
  2. Дар хусуси устухонбандй, афзоиш ва аломатхои гамхори ба насли хазандахо ва узвхои шунавои, бинои ва гизогирй мисолхо биёред.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …