Главная / Биология / СИНФИ ХАЗАНДАҲО

СИНФИ ХАЗАНДАҲО

Хазандаҳо ба ҳаёти хушкӣ мувофиқ шудаанд. Тухмашон пардаи ҷанинӣ дорад. To ҳол дар илми зоологияи ҷаҳонӣ зиёда аз 6 ҳазор намуди хазандаҳо маълуманд. Ба омӯзиши ҳаматарафаи хазандаҳо як шохаи илми зоология — герпитология машғул аст.

Баъзе хусусияти хазандаҳо ба Обхокиҳои қадима монанд аст. Дар байни хазандаҳо намояндаҳое ҳастанд, ки қисми ками ҳаёташонро дар об мегузаронанд. Масалан, мори обӣ, сангпушти баҳрӣ, тимсоҳи дарёи Нил дар об ва ҳам дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳамаи хазандаҳо тухмашонро дар хушкӣ мегузоранд. Онҳо, гарчанде ки дар об зиндагӣ кунанд ҳам, аз атмосфера нафас мсгиранд. Аломати хоси хазандаҳо он аст, ки пӯсти онҳо бар хилофи Обхокиҳо хушк аст, чунки ғадудҳои луҳобӣ надошта, рӯйпӯши пулакчагии шоҳин доранду дар баъзеашон пансир ё ки сипар мавҷуд аст.

Барои мисол рӯйпӯши калтакалос, мор ва сангпуштро муқоиса кунед. Рӯйпӯши тухми хазандаҳо пӯсти ғафси оҳакӣ буда дар дохилаш моддаи зардӣ дорад. Хазандаҳо бештар дар минтақахои гарми дашту биёбон, теппаю кӯхсорҳо, алафзору ҷангалзор, дар деҳаҳои аҳолинишин вомехӯранд. Онҳо аксаран бо оби таркибӣ ғизо қаноат карда, ба оби нӯшокӣ эҳтиёҷоти зиёде надоранд ва аз ин сабаб дар биёбону регзорҳои беоб ҳам вомехӯранд. Хазандаҳо дар қабати хок, гил, алафҳои хушк, ковокии чӯб, тарқиши деворҳо зиндагӣ карда, рангашон ба ҷойи зисташон монанд мешавад.

 Хазандаҳои маҳвшуда
Расми 20. Хазандаҳои маҳвшуда

Дар хазандаҳо майнача ва майнаи пеш нисбат ба обхокиҳо нағз инкишоф ёфтааст, барои ҳамин ҳам аксари хазандаҳо ба муҳити ҳаётгузарониашон тез одат карда, ғизо меёбанд ва худро муҳофизат мекунанд.

Бадани хазандаҳо пурра устухонӣ мебошад. Хазандаҳо монанди Обхокиҳо хунгард буда, дилашон аз се хуҷра иборат аст. Бинобар ин хунашон омехта буда, харорати мӯътадил надоранд.

Аз дил се зарфи хун (артерияи шуш, аортаи чап, аортаи рост) баромада, ду камони гардиши хунро ташкил медиҳанд.

Хазандаҳо хайвонҳое мебошанд, ки бо шикам мехазанд ё баъзе аз онҳо муддате бо пойҳояшон танаашонро бардошта ҳаракат мекунанд. Намояндаҳои асосии хазандаҳо хелҳои гуногуни морҳо, калтакалосҳо, сангпуштхо ва тимсоҳҳо мебошанд.

Агар моҳиҳо ва Обхокиҳоро гурӯҳи дараҷаи пасти мӯҳра- дорон хисоб кунем, пас хазандаҳо, паррандаҳо ва ширхӯрхо мӯҳрадорони дараҷаи олӣ ба хисоб мераванд. Аз нуқтаи назари илми палеонтология, ҳамаи онҳо бо нишонаҳои эмбриологию ҷанинӣ ва экологиашон ба ҳам наздикӣ (хешигарӣ) доранд.

Ҳамаи мӯҳрадорони дараҷаи олӣ бордоршавии дарунӣ дошта, инкишофашон дар хушкӣ (ба ғайр аз китшаклҳо) мегузарад. Ҷанин дар батни модар инкишоф ёфта, ба шакли тухм ё зиндазоӣ афзоиш мекунад. Масалан, калтакалоси оддӣ ва баҳтур хазандаҳои зиндазой мебошанд.

Азбаски хайвонҳои мӯҳрадори хушкигард ба ҳаёти хушкӣ мувофиқ шудаанд. баданашон ба қисмҳои ҷудогона тақсим шуда, аз сохти мӯҳрадорони обию обхокиҳо фарқ мекунанд.

Яке аз намояндаҳои асосии синфи хазандаҳо калтакалосҳо мебошанд, ки ба гурӯҳи пулакчадорон мансубанд. Калтакалосҳо устухонбандии дароз дошта, ба Обхокиҳои думдор монанданд. Дар вақти роҳравӣ як қисми баданашон кашол шуда, ба замин расида меистад. Пойҳои пеш ва ақиби калтакалос 5 ангушти нохуни тез дошта дорад. Рӯйпӯши баданаш аз cap то дум бо пулакча пӯшида шудааст.

Сохти мӯҳраи калтакалос аз дарун фурӯхамида, аз пеш барҷаста мебошад. Мӯҳраҳои гарданаш 8-то буда, мӯҳраи якумаш халкашакл аст, ки дар он косаи cap ҷо мегирад. Мӯҳраи дуюм фонашакл буда, сарро ба ҳаракат мсдарорад. Бинобар ин сари хазандагон нисбат ба сари Обхокиҳо харакатнок аст. Мӯҳраҳои миёну синагиашон 22-то буда, ҳамааш ба қабурғачаҳои ҳаракатнок таъминанд. Ҳар як қабурғаи онҳо озод буда, дар вақти хӯрокро фурӯ бурдан ёрӣ мерасонанд. Дуто мӯҳраҳои чорбанди паҳн дошта, устухони косро ба худ мепайванданд. Микдори мӯҳраҳои думӣ дар намояндаи хазандаҳо ҳар хел аст.

Косаи сари хазандаҳо пурра устухонӣ буда, танҳо дар қисми шомма устухонбандии ками тағоякӣ доранд. Устухони косаи cap аз қисмҳои ҷудогона иборат буда, ба косаи сари моҳиёни устухондор монанд аст.

Дандонҳои хазандагони заҳрдор духела буда, дандони хазандагони безаҳр якхела аст.

Ба устухони китф белак, калитак дохил шуда, дар давоми он банд, соқ, каф, панҷа, буғумҳои панҷа ва нохун ҷойгиранд.

Сохти асаби хазандаҳо аз майнаи пеш ва мағзча иборат аст. Аз майнаи сарашон 11 ҷуфт тори асаб мебарояд. Майнаи дарозрӯя ба майнаи тахтапушт гузашта, аз он ҷо тори асабҳо зиёд баромада, ба қисмҳои бадан тақсим мешаванд.

Узви шунавоии хазандаҳо аз як ҷуфт гӯш иборат аст, ки пардаӣ дарунӣ ва мобайнӣ дорад. Пардаи нағорагӣ ва лабиринтӣ ба маркази асаб рафта мерасад.

Узви шоммаи хазандаҳо аз як ҷуфт бинӣ иборат аст, ки ба воситаи сӯрохии коми боло ба сатҳи даҳон алоқаманд аст. Ҳавои ба даҳон даромада, ба найи нафас ва пас ба трахея меравад. Деворҳои роҳи нафас бӯйро нағз ҳис мекунанд.

Тартиби гардиши хуни хазандаҳо аз рагҳои венагию артериягӣ иборат аст, гарчи дили хазандаҳо чорхонагии хақиқӣ набошад ҳам, нисбат ба дили Обхокиҳо мураккабтар аст, яъне хун аз тарафи рости дил ба шуш рафта, аз шуш ба тарафи чапи дил мерезад. Хуни нимомехта ва ассимилятсия шуда, боз бо хуни артериягӣ якҷоя мешавад.

Дар қисми устухони коси хазандаҳо як ҷуфт гурда ҳаст, ки ба пуффаки пешоб роҳ доранд. Пешоб ба найи пешоббарор ба мақъад якҷоя шуда, ҳамроҳи наҷосат хориҷ мешавад. Хазандаҳо хайвонҳои ҷудоҷинса буда, дар наринааш як ҷуфт ғадуди ҷинсии моядон ҳаст. Дар вақти бордоршавӣ узви ҷинсии нарина калон мешавад. Узви ҷинсии модина аз ду ғадуди тухмакдони пахлӯӣ иборат мебошад, ки найчаи тухмбарор дорад ва роҳи он ба мақъад кушода мешавад. Дар аксарияти хазандаҳо узви бордоркунӣ ҳаст ва аз ин сабаб бордоршавии онҳо дарунӣ мегузарад. Пас аз бордоршавии тухм (дар батн) ҷилди оҳакӣ пайдо мешавад.

Хазандаҳо аз 2 то 11 тухм мегузоранд. Инкишофи тухм баъд аз гузоштани тухм ҳам давом мекунад. Аз ин сабаб хазандаҳо тухмашонро дар ҷойҳои гарми қум, хоки хушк, пӯки чӯб мегузоранд. Дар давраи инкишофи насл (дар дохили тухм) доғи хордагӣ, ғалсама ва мӯҳрахо аён шуда, то аз тухм баромадани насл шушашон ҷам ба вуҷуд меояд.

Аз рӯйи намуди берунй ҷинси наринаи хазандаро аз модинааш фарқ кардан мумкин аст. Мисол, ду калтакалоси синнашон якхеларо, ки ҷинсашон гуногун аст, мушохида намоем, мебинем, ки ҷинси модина калони паҳн буда, дар зери дум хубобчаи кабудча дорад. Яъне диморфизми (узвҳои ҷинсии) онҳо нағз инкишоф ёфтааст.

Дар хазандаҳо хусусияти худмуҳофизаткунӣ мавҷуд аст ва мо инро дар калтакалос бештар мебинем. Вақте ки онро пахш кардем, думашро партофта, худаш бо тезӣ аз назар ғайб мезанад.

Савол ва супоришҳо:

  1. Дар борам хешигарии обхокиҳо ва хазандаҳо мисол оред.
  2. Дар хусуси устухонбандй, афзоиш ва аломатҳои ғамхорӣ ба насли хазандаҳо ва узвҳои шунавоӣ, биноӣ ва ғизогирй мисолҳо биёред.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …