Главная / Гуногун / ШАРТИ ИМОНИ ХАКИКИ ОВАРДАН

ШАРТИ ИМОНИ ХАКИКИ ОВАРДАН

  1. Дар холати тарсу харос набошад. Агар одам бе имон буда, вакти фарорасии марг (хангоми дидани фариштаи ачал) аз чазо тарсида, дар бораи кабули Ислом калимахо арза кунад, он гох арзи у кабул карда намешавад. Дар Куръони Карим гуфта мешавад:

«То вакте, ки ба касе аз онхо марг биёяб, гуяб: Эй Парвардигори ман, маро боз гардон, бувад ки дap сарое, ки онро бигзоштам, кори неку кунам».

  1. Инсон бояд хамеша аз амалу кирдор ва суханоне, ки конунхои Шариатро инкор мекунанд, дури чуяд. Масалан, Агар инсон хамаи дастурамалхои динро кабул намуда, аммо намозро инкор бикунад, он аз имон чудо мегардад. Дар ислом чунин аст: хама он чизхое, ки бояд инсон ба онхо бовари намояд, дар мачмуъ як чизи вохид мебошанд. Агар у яке аз инхоро инкор намояд, ин маънии онро дорад, ки хамаашро инкор кардааст.
  2. Бояд дарк ва кабул кард, ки хамаи конунхои Шариат хакикию вокеъи ва такмилёфта мебошанд. Агар инсон танхо яке аз конуни Шариатро кабул накунад, ин амал чун дур шудан ва риоя накардани дини Ислом дониста мешавад.

allohДонишманди бузурги Ислом Имом Навави дар китоби худ ”Минхоч” менависад: “Вакте, ки инсон аз руи акида, сухан ва амали нодурусти худ аз дин мебарояд, ин тарки мазхаб мешавад. Ин новобаста аз он ки чи тавр рух медихад (дар намуди шухию хазл, ё ин ки аз руи якрави, ё аз руи акида) тарки мазхаб дониста мешавад”.

Пуркиматтарин чизе, ки мусалмон дорад имон аст. Хар инсоне, ки дорои имон аст, дар ин хаёт муваффаку осудахол буда, дар хаёти оянда абадан хушбахт аст. Шарти ворид гардидан ба боги Чаннат, то нафаси охирин нигох доштани имон мебошад. Инсони дар соба дорандаи имон, вале бе имон даргузашта, аз мархамату мехрубонии Аллох Таъоло бенасиб монда, дар хаёти оянда абадан дар Дузах меафтад. Хар касе аз имон чудо гардид, хамаи корхои неки у барбод мешаванд.

Аз ин ру, мо бояд имони худро эхтиёт намоем ва аз хама чизе, ки метавонад моро ба чудои аз он оварда расонад, дури чуем. Агар ба касе чунин хол рух дода бошад, уро зарур аст, ки аз сари нав Исломро кабул намуда, аз нав калимаи “Шаходат”-ро ба забон оварда, аз кардаи худ пушаймон шавад ва аз Аллох Таъоло омурзиши гунох талаб намояд.

САВОЛХО БАРОИ ВАЗИФА

  1. Калимахои Тахвид ва Шаходатро бехато талаффуз намоед ва ахамияти онхоро фахмонида дихед.
  2. Дар кадом сатх шартан имон ба хиссахо чудо мешавад?
  3. Имони мучмал чи маъни дорад?
  4. “Аркони имон” чи маъно доранд?
  5. Дуои “Оманту”-ро хонед ва ахамияти онро фахмонед.
  6. Буед, ки аз нуктаи назри имон одамон ба кадом гуруххо чудо карда мешаванд.
  7. Фахмонида дихед, ки оромию осоиш ва хушбахте, ки имон ба инсон медихад, чи маъно дорад?
  8. Алокаи байни имон ва ибодат чи гуна аст?, онро шарх дихед.
  9. Имони хак ва кабулгардида чи гуна шартхо дорад?

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …