Главная / Гуногун / ШАРТИ ИМОНИ ҲАҚИҚӢ ОВАРДАН

ШАРТИ ИМОНИ ҲАҚИҚӢ ОВАРДАН

  1. Дар ҳолати тарсу ҳарос набошад. Агар одам бе имон буда, вақти фарорасии марг (ҳангоми дидани фариштаи аҷал) аз ҷазо тарсида, дар бораи қабули Ислом калимаҳо арза кунад, он гоҳ арзи у қабул карда намешавад. Дар Қуръони Карим гуфта мешавад:

«То вақте, ки ба касе аз онҳо марг биёяб, гуяб: Эй Парвардигори ман, маро боз гардон, бувад ки дap сарое, ки онро бигзоштам, кори неку кунам».

  1. Инсон бояд ҳамеша аз амалу кирдор ва суханоне, ки қонунҳои Шариатро инкор мекунанд, дурӣ ҷӯяд. Масалан, Агар инсон ҳамаи дастурамалҳои динро қабул намуда, аммо намозро инкор бикунад, он аз имон ҷудо мегардад. Дар ислом чунин аст: ҳама он чизҳое, ки бояд инсон ба онҳо боварӣ намояд, дар маҷмӯъ як чизи воҳид мебошанд. Агар у яке аз инҳоро инкор намояд, ин маънии онро дорад, ки ҳамаашро инкор кардааст.
  2. Бояд дарк ва қабул кард, ки ҳамаи қонунҳои Шариат ҳақиқию воқеъӣ ва такмилёфта мебошанд. Агар инсон танҳо яке аз қонуни Шариатро қабул накунад, ин амал чун дур шудан ва риоя накардани дини Ислом дониста мешавад.

allohДонишманди бузурги Ислом Имом Нававӣ дар китоби худ ”Минҳоҷ” менависад: “Вақте, ки инсон аз руи ақида, сухан ва амали нодурусти худ аз дин мебарояд, ин тарки мазҳаб мешавад. Ин новобаста аз он ки чӣ тавр рух медиҳад (дар намуди шухию ҳазл, ё ин ки аз руи якравӣ, ё аз руи ақида) тарки мазҳаб дониста мешавад”.

Пурқиматтарин чизе, ки мусалмон дорад имон аст. Ҳар инсоне, ки дорои имон аст, дар ин ҳаёт муваффақу осудаҳол буда, дар ҳаёти оянда абадан хушбахт аст. Шарти ворид гардидан ба боғи Ҷаннат, то нафаси охирин нигоҳ доштани имон мебошад. Инсони дар соба дорандаи имон, вале бе имон даргузашта, аз марҳамату меҳрубонии Аллоҳ Таъоло бенасиб монда, дар ҳаёти оянда абадан дар Дузах меафтад. Ҳар касе аз имон ҷудо гардид, ҳамаи корҳои неки ӯ барбод мешаванд.

Аз ин ру, мо бояд имони худро эҳтиёт намоем ва аз ҳама чизе, ки метавонад моро ба ҷудоӣ аз он оварда расонад, дурӣ ҷӯем. Агар ба касе чунин ҳол рух дода бошад, уро зарур аст, ки аз сари нав Исломро қабул намуда, аз нав калимаи “Шаҳодат”-ро ба забон оварда, аз кардаи худ пушаймон шавад ва аз Аллоҳ Таъоло омурзиши ғуноҳ талаб намояд.

САВОЛҲО БАРОИ ВАЗИФА

  1. Калимаҳои Таҳвид ва Шаҳодатро бехато талаффуз намоед ва аҳамияти онҳоро фаҳмонида диҳед.
  2. Дар кадом сатҳ шартан имон ба ҳиссаҳо ҷудо мешавад?
  3. Имони муҷмал чӣ маънӣ дорад?
  4. “Аркони имон” чӣ маъно доранд?
  5. Дуои “Оманту”-ро хонед ва аҳамияти онро фаҳмонед.
  6. Буед, ки аз нуқтаи назри имон одамон ба кадом гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд.
  7. Фаҳмонида диҳед, ки оромию осоиш ва хушбахте, ки имон ба инсон медиҳад, чӣ маъно дорад?
  8. Алоқаи байни имон ва ибодат чи гуна аст?, онро шарҳ диҳед.
  9. Имони ҳақ ва қабулгардида чӣ гуна шартҳо дорад?

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …