Главная / Гуногун / САРБОЗИ МАЙДОНИ МАТБУОТ – Рачабали Ахмадов

САРБОЗИ МАЙДОНИ МАТБУОТ – Рачабали Ахмадов

Дар зиндаги шахсиятхое хастанд, ки ниёз ба муаррифи надоранд. Онхо тавассути кору захмати бисёрсолаи худ миёни ахли чомеа махбубият ва хурмату эхтироми зиёдеро сохиб шудаанд. Яке аз чунин шахсон рузноманигор ва нависанда Рачабали Ахмадов мебошад. Зиндагинома ва рохи тайкардаи хаёти хафтодсолаи у басо рангин, зебо ва омухтанист.

Рачабали Ахмадов чор дахсола аст, ки чун сарбози чоннисори сухан дар майдони матбуот хидмат мекунад.

Хар боре, ки дар бораи у андеша меронам, пеш аз хама одамгариаш пеши назар меояд. Дар хакикат хам Рачабали Ахмадов табиатан марди фурутан ва халиму хоксор аст. Сифатхои инсонии у на танхо ёру дустонашро шод мекунанд, балки дар эчодиёташ хам накши махсус дорад.

Ва ин хеле хуб аст.

Хазрати Мухаммад (с) мефармояд, ки: “Бехтарин шахс дар байни шумо касе аст, ки хайрхохи халк бошад”.

Одамият чист? Худро дур аз шарр доштан,

Хайрхохи халк будан нафъи безар доштан.

Имруз ба ахли толор, ки ба вохури бо Рачабали Ахмадов омадаанд нигариста, мисрахои Хофизи Шерози ба ёд меояд:

Зи куи ёр меояд насими боди наврузи,

Аз ин бод ар мадад хохи, чароги дил барафрузи.

Бале, имруз аз дидори Рачабали Ахмадов дар дили хамаи мову шумо нури шамъе фурузон гаштааст.

Ин нур нури маърифат аст.

Ин нур нури фазилат аст.

Ва аз ин нур чехрахо гул-гул шукуфта, дилхо равшан шудаву лабхо аз табассум лабрез гаштааст.

Дар адабиёти мо гул на танхо зебои, хатто рамзи хаёт аст. Устод рудаки фармудааст:

Бихандад лола бар сахро,

Ба сони чехраи лайло.

Ба кавли устод Лохути сахрои синаи хамаи мо лолазор гашта. Ва ин лахзахо маро шоди андоза надорад:

Хар ки хакки сухбати ёрон шинохт,

Умр хаи андар рахи эшон бибохт.

Рачабали Ахмадов дар дехаи зебои Чормагзаки нохияи Обигарм (холо Рогун) ба дунё омадааст. Мардуми ин мавзеъ хеле шух, мусикипарвар ва мехмоннавозанд. Ин мавзеъ боз шамоли машхуре дорад.

“Файзобода шамолош…” на дар тараннуму васфи шоир аст, дар асл “ватани аслии шамолхо” Файзобод аст. Ин шамол хамеша мевазад ва ман борхо шохиди исёну талотуми шамоли Файзобод гаштаам.

Вале имруз ба назар орому ботамкин мерсад. Гуё ба хурмату эхтироми фарзанди накуноми диёр сар фуруд овардааст.

Рачабали Ахмадов бо шамоли Файзобод ба воя расид. Ва шамоли кисмат уро ба кучохое ки набурд: муаллими мактаби миёна, хидмати харби, нашриёти “Ирфон”, рузномаи “Точикистони совети”, рузномаи “Набзи Файзобод”, мактаби олии хизбии шахри Тошканд, кумитиаи хзби нохия, кумитаи назорати халки, совхози “Калъаи Дашт”, кумитаи хифзи табиат, кумитаи назди Девони Вазирони Чумхурии Точикистон оид ба корхои дин дар шахри Рогун, Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон. Вале уро аз майдони адабиёт берун карда натавонист. Вай хамеша хамкадаму хамнафас бо набзи зиндагии мардум ва чомеа буд.

Оре, Рачабали Ахмадов хамеша бо мардум буд. Гамхоронаю некхохонаву некандешона пайваста бо шикасту басти замона рох мепаймуд. Ва бо дасту дили гарм, бо тамкину тахаммул ва бе хеч тамаъ калам меронд. Ин аст, ки хаёти кахрамонхояшро хеле хуб омухта, симои онхоро хеле хаёти ва самими офарида, арзишхои ахлокию маънави дар чахони ботини ва зохириашон иникос намудааст.

Албатта, ин кори сахл нест.

Рост, мушкил аст, душвор аст, сангин аст.

Аввалан кори матбуот вакту соати муайян, рузу шаб надорад. Сониян хар руз ба мушкилихои зиёд дучор меомад. Солисан хар лахза чун сарбоз тайёр будан ва дарди чонкох кашидан лозим аст. Ва ин байти маъруф дар ин маврид чи кадар нишонрас ва барчою вокеист:

Хар ки сухан бар сухане зам кунад,

Катрае аз хуни чигар кам кунад.

Оре, сухан бар сухане зам кардан хар руз хуни чигар кам кардану умр кутах кардан бувад.

Аммо Рачабали Ахмадов рухафтода намешуд.

Мард бояд, ки харосон нашавад,

Мушкиле нест, ки осон нашавад.

Аз ин ру вай бештар аз руи гуфтаи бузургонамон амал мекард, ки гуфтаанд:

Ба хар коре, ки химмат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Дар хусуси хосил кардани муроди дил бо мехнати пурсаброна Хоча Хофизи Шерозии бузургвор неку фармудааст:

Гуянд санг лаъл шавад дар макоми сабр,

Оре, шавад, валек ба хуни чигар шавад.

Рачабали Ахмадов бурду бохти зиндагиашро бо Ватан тавъам медонад. Ва бо дили поку орзухои пок умри азизи худро сарфи хизмати Ватан карда меояд. Рачабали Ахмадов дар рохи начоти Ватан чон супориданро хушбахти медонад. Дигар хел шудан ва буданаш хам мумкин нест. Зеро у Точикистонро аз дилу чон ва хеле самимона дуст медорад. Ва гуё шоир аз номи у гуфта:

Ту каъбаи чонам Ватан,

Ту аклу вичдонам Ватан.

Ту нури чашмонам Ватан,

Ту дину имонам Ватан.

Хакко, ки рост аст.

Ин аст, ки як зарраи хоки Точикистонро аз тамоми касрхои чахон боло мегузораду мепарастад.

Аз он ки точик асту пайванди обу гили Точикистон аст, ифтихор дорад!

Ин аст хушбахтии у!

Ин аст давлату сарвати у!

Ва дар сари хар нафаси худ шукр мекунад, ки чун як фарзанди дилбанди вай дар домани файзбори диёр растааст ва бо суханаш саногуи ин диёр аст.

Унвони “Корманди шоистаи Точикистон” шаходат медихад, ки Рачабали Ахмадов мардест шоиста. Ин аст ки у сазовори номи нек гардидааст:

Номи неки кас сазовор оварад,

Гар нихоли дасти у бор оварад.

Нихоли дасти у аз илмро дар амал чори кардан шодоб гашт ва уро ба максад бирасонд. Чи тавре ки шоир гуфта:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Кадри ту яке хазор гардад.

Обруи Рачабали Ахмадов хар кадар боло шавад, хоксорию фурутании у хамон кадар зиёд мегардад. Хамчунон ки шоир неку фармудааст:

Шохи бемева кашад сар ба киём,

Шохи пурмева шавад хам ба салом.

Чашни 70 солагии Рачабали Ахмадов бори дигар собит сохт, ки осори у дар хидмати сулху субот, вахдати милли карор дорад. Вай ки имруз ба суи куллаи хаштод кадам мегузорад боз хам як орзу дорад: осудагии оламу одам. Ва хеч чиз садди рохи максади начиби у шуда наметавонад. Бидуни шубха бо азми катъи, дили пок захмат кашида, ба муваффакиятхо комёб мегардад. Ва мо хама орзу мекунем, ки Рачабали Ахмадов хамеша тани сихат, нони халол, нияти соф ва сари баланд дошта бошад.

Он, ки аз кори халоли худ саре дорад баланд,

Дар ду дунё, бар сари сабзаш намеояд газанд.

1 майи соли 2007

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …