Главная / Гуногун / Рузи Вахдати милли муборак бод хамватанони азиз!

Рузи Вахдати милли муборак бод хамватанони азиз!

Толори мебели Акрам, кулли хамватанонро бо Рузи Вахдати милли табрик ва муборакбод мегуяд. Бигузор ватани мо пурфайз ва осмони софи абади дошта бошад. Ба хаммаи халку миллати дар кишвар мезиста хонаи обод ва пур аз хандаро таманно менамоем.

Бо эхтирром,

Рохбарияти Толори Мебели Акрам

01-48Табрикоти шеър

Сулху вахдат ифтихори миллати сохибдилам,

Васфи онхоро намояд, решаи чону дилам.

Дар миёни кавмхо пайвастаги моро аз он,

Дахр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Сулху вахдат иборахоеанд, ки хамеша дилчаспу дилнишин ва шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулх-оштиву фарзонаги, якдигарфахми ва толиби осоиштаги будани мардумро тачассумгар аст. Вахдат бошад ба хам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму поктинату миллатдуст будан аст. Вахдат-бехтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон аст. Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон ва чонибдории мамлакатхои хамзабони бурунмарзи мавкеву макоми онро дар микёси чахон овозадор менамояд.

Имруз иттифок ва хамдилии халки точик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттахид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст. Худшиноси ва худогохии милли гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи вахдат, якдигарфахми истиклоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба бехбуди меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт ру меорад. Ба акидаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон «Хар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба хосил медихад. Аммо нихоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад.

Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, чомеаи мо аз он бахравар гардид, мо харгиз рох намедихем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулху Вахдат ташбех додаанд, имрузхо мевахои ширину бисёре ба самар оарда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр мекунем. Муносибатхои нави давлати, сохибистиклол гардидани Точикистон зарурати сохтмони роххои  нави дохилию беруни ва ба хоричи кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт.

Рохи охани Кургонтеппа – Кулоб, сохтмони шохрохи Вахдат кишвари моро ба мамлакатхои Осиё, ба суи укёнус, роххои калонтарини хушкигард пайваст кард. Ин ахвол боиси эхёи арзишхои миллии Рохи бузурги абрешим гардид, ки Бохтару Сугдро бо калонтарин давлатхои чахон мепайвандад. Хакикатан, Вахдати милли шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулху амони ва дусти хукумфармост, он давлат руз то руз гул-гул мешукуфад, иктисодиёташ тадричан меафзояд, хам аз чихати сиёси ва хам аз чихати фарханги пеш меравад. Махз бо кушишхои пайгиронаи

Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чехраи хар фарзанди точик нишоту хурсанди, меваи вахдату сулх падидор аст. Хулоса, пояи сулху осоиштаги дар ин сарзамини хамешабахор ба хадди бузург мустахкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устувори бахшида, такягох аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …