Главная / Гуногун / Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод ҳамватанони азиз!

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод ҳамватанони азиз!

Толори мебели Акрам, кулли ҳамватанонро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик ва муборакбод мегӯяд. Бигузор ватани мо пурфайз ва осмони софи абадӣ дошта бошад. Ба ҳаммаи ҳалқу миллати дар кишвар мезиста хонаи обод ва пур аз хандаро таманно менамоем.

Бо эҳтирром,

Роҳбарияти Толори Мебели Акрам

01-48Табрикоти шеър

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ва ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзабони бурунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд.

Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба бехбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад.

Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулху Ваҳдат ташбех додаанд, имрӯзхо меваҳои ширину бисёре ба самар оарда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибатҳои нави давлатӣ, соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон зарурати сохтмони роҳҳои  нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт.

Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат кишвари моро ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнус, роҳҳои калонтарини хушкигард пайваст кард. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии Роҳи бузурги абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад. Ҳақиқатан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, меваи ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини хамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягох аст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …