Главная / Биология / Растанихои пушидатухм (гулдор) — хамчун гурухи олиташкил

Растанихои пушидатухм (гулдор) — хамчун гурухи олиташкил

Шумо дар бобхои аввали китоби дарсии синфи 5-ум ба сохт ва хусусиятхои махсуси узвхои нашви ва чинсии растанихои гулдор шинос шуда будед. Растанихои пушидатухм назар ба он гурухи растанихое, ки то алхол шинос шудаед, сохти мураккабтар дошта, дар онхо бори аввал гул пайдо мешавад. Хамин тавр, пайдо шуда- ни гул ва бо мева пушида будани тухм яке аз аломатхои хос ва фарккунандаи растанихои пушидатухм ба хисоб рафта, онхо бо ин хосияташон аз лучтухмон фарки кулли доранд. Аломати дигари фаркноки пушидатухмон, дар онхо мавчуд будани тухмдон мебо- шад, ки аз гардгирак, сутунча ва гура иборат аст. Тухммугчаи пуши- датухмон дар дохили гураи тухмдон чойгир аст.

Гули растанихои пушидатухм андоза, шакл, ранг ва сохти гуно- гун дорад. Гардолудшавии онхо бо ёрии шамол, хашарот ва дар як гурухи ками онхо тавассути паррандахо амали мегардад. Гар- долудшави — афтодани гард аз гарддон ба гардгираки тухмдон ме- бошад.

Гарди ба гардгирак афтода инкишоф ёфта истода, гарднайчаи дароз ва хеле борикро ба вучуд меоварад. Вазифаи гарднайча ба тухммугчахо бурдани нутфахо мебошад. Хамин тавр, гарднайча бо ду нутфа то тухммугчахо сабзида, ба он дохил мегардад. Чунин тар- зи бордори факат ба растанихои гулдор хос аст. Дар натича яке аз нутфахо бо тухмхучайра омезиш ёфта, онро бордор мекунад. Дар баробари ин нутфаи дуюм бо хучайраи калони марказии хал- таи чанин омезиш ёфта, онро бордор мекунад.

Тухмхучайра баъди бордоршави таксим шуда, ба чанини раста- нии нав табдил меёбад. Дар чанини пайдошуда решачаи чанини, поячаи чанини, мугчаи нуги ва барги аввалини чанини ё тухмпалла (дар растанихои дупалла 2-то, дар растанихои якпалла 1-то) та- шаккул меёбанд. Баъди бордоршави хучайраи калони марказии халтаи чанин низ таксим шуда, хучайрахои эндоспермро ба вучуд меоварад, ки дар он чо моддахои гизои захира мешаванд. Эндосперм чанини инкишофёфтаистодаро хангоми сабзиш бо моддахои гизои таъмин мекунад. Хамин тарик, баъд аз гардолуд ва бордор- шавии гули растанихои пушидатухм – тухммугчаи он ба тухм, чилди тухммугча ба пусти тухм табдил меёбад. Аз гураи тухмдон мева ва аз девори гура мевапарда инкишоф меёбад. Меваи раста- нихои гулдор тухмро аз таъсири омилхои номусоиди мухити зист эмин нигох медорад. Дар ташаккули меваи баъзе растанихои гул- дор натанхо гура, балки дигар чузъхои гул низ иштирок мекунанд. Хамин тавр, тухм дар дохили мева пинхон (ё пушида) аст. Аз ин ру, растанихои гулдорро бо ибораи дигар растанихои пушидатухм низ меноманд.

Давомнокии умри растанихои пушидатухм гуногун мебошад. Чунончи, умри растании лолахасак, хавоборонак, бойчечак, гули сиёхгуш, гули наврузи ва лола хамаги як-ду мох буда, баъзе намо- яндагони он, аз кабили дарахти чинор, булут зиёда аз садхо сол умр мебинанд.

Баъзе растанихои пушидатухм нихоят азимчуссаанд. Дарахти эвкалипт зиёда аз 100 м кад меафрозад. Дар байни онхо растанихои нихоят майдачусса низ хастанд. Масалан, наскоби ё тухлаб.

  1. Аломатхои фарккунандаи пушидатухмонро номбар кунед.
  2. Чанини тухм ва мева чи тавр ба вучуд меояд?
  3. Дар растанихои пушидатухм бордории дучанда чи тавр амали мегардад?
  4. Эндосперм чи хел ташаккул меёбад ва он чи ахамият дорад?
  5. Чаро растанихои гулдорро бо ибораи дигар растанихои пушидатухм меноманд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …