Главная / Биология / Растаниҳои пӯшидатухм (гулдор) — ҳамчун гурӯҳи олиташкил

Растаниҳои пӯшидатухм (гулдор) — ҳамчун гурӯҳи олиташкил

Шумо дар бобҳои аввали китоби дарсии синфи 5-ум ба сохт ва хусусиятҳои махсуси узвҳои нашвӣ ва ҷинсии растаниҳои гулдор шинос шуда будед. Растаниҳои пӯшидатухм назар ба он гурӯҳи растаниҳое, ки то алҳол шинос шудаед, сохти мураккабтар дошта, дар онҳо бори аввал гул пайдо мешавад. Ҳамин тавр, пайдо шуда- ни гул ва бо мева пӯшида будани тухм яке аз аломатҳои хос ва фарқкунандаи растаниҳои пӯшидатухм ба хисоб рафта, онҳо бо ин хосияташон аз лучтухмон фарқи куллӣ доранд. Аломати дигари фарқноки пӯшидатухмон, дар онҳо мавҷуд будани тухмдон мебо- шад, ки аз гардгирак, сутунча ва ғӯра иборат аст. Тухммуғҷаи пӯши- датухмон дар дохили ғӯраи тухмдон ҷойгир аст.

Гули растаниҳои пӯшидатухм андоза, шакл, ранг ва сохти гуно- гун дорад. Гардолудшавии онҳо бо ёрии шамол, ҳашарот ва дар як гурӯҳи ками онҳо тавассути паррандаҳо амалӣ мегардад. Гар- долудшавӣ — афтодани гард аз гарддон ба гардгираки тухмдон ме- бошад.

Гарди ба гардгирак афтода инкишоф ёфта истода, гарднайчаи дароз ва хеле борикро ба вуҷуд меоварад. Вазифаи гарднайча ба тухммугчаҳо бурдани нутфаҳо мебошад. Ҳамин тавр, гарднайча бо ду нутфа то тухммуғҷаҳо сабзида, ба он дохил мегардад. Чунин тар- зи бордорӣ фақат ба растаниҳои гулдор хос аст. Дар натиҷа яке аз нутфаҳо бо тухмҳуҷайра омезиш ёфта, онро бордор мекунад. Дар баробари ин нутфаи дуюм бо ҳуҷайраи калони марказии хал- таи ҷанин омезиш ёфта, онро бордор мекунад.

Тухмҳуҷайра баъди бордоршавӣ тақсим шуда, ба ҷанини раста- нии нав табдил меёбад. Дар ҷанини пайдошуда решачаи ҷанинӣ, поячаи ҷанинӣ, муғҷаи нӯгӣ ва барги аввалини ҷанинӣ ё тухмпалла (дар растаниҳои дупалла 2-то, дар растаниҳои якпалла 1-то) та- шаккул меёбанд. Баъди бордоршавӣ ҳуҷайраи калони марказии халтаи ҷанин низ тақсим шуда, ҳуҷайраҳои эндоспермро ба вучуд меоварад, ки дар он ҷо моддаҳои ғизоӣ захира мешаванд. Эндосперм ҷанини инкишофёфтаистодаро ҳангоми сабзиш бо моддаҳои ғизоӣ таъмин мекунад. Ҳамин тариқ, баъд аз гардолуд ва бордор- шавии гули растаниҳои пӯшидатухм – тухммуғҷаи он ба тухм, ҷилди тухммуғҷа ба пӯсти тухм табдил меёбад. Аз ғӯраи тухмдон мева ва аз девори ғӯра мевапарда инкишоф меёбад. Меваи раста- нихои гулдор тухмро аз таъсири омилҳои номусоиди муҳити зист эмин нигоҳ медорад. Дар ташаккули меваи баъзе растаниҳои гул- дор натанҳо ғӯра, балки дигар ҷузъҳои гул низ иштирок мекунанд. Ҳамин тавр, тухм дар дохили мева пинҳон (ё пӯшида) аст. Аз ин рӯ, растаниҳои гулдорро бо ибораи дигар растаниҳои пӯшидатухм низ меноманд.

Давомнокии умри растаниҳои пӯшидатухм гуногун мебошад. Чунончи, умри растании лолахасак, ҳавоборонак, бойчечак, гули сиёҳгӯш, гули наврӯзӣ ва лола ҳамагӣ як-ду моҳ буда, баъзе намо- яндагони он, аз қабили дарахти чинор, булут зиёда аз садҳо сол умр мебинанд.

Баъзе растаниҳои пӯшидатухм ниҳоят азимҷуссаанд. Дарахти эвкалипт зиёда аз 100 м қад меафрозад. Дар байни онҳо растаниҳои ниҳоят майдачусса низ ҳастанд. Масалан, наскобӣ ё тухлаб.

  1. Аломатҳои фарқкунандаи пӯшидатухмонро номбар кунед.
  2. Ҷанини тухм ва мева чӣ тавр ба вуҷуд меояд?
  3. Дар растаниҳои пӯшидатухм бордории дучанда чӣ тавр амалӣ мегардад?
  4. Эндосперм чӣ хел ташаккул меёбад ва он чӣ аҳамият дорад?
  5. Чаро растаниҳои гулдорро бо ибораи дигар растаниҳои пӯшидатухм меноманд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bemorihoi-pa

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян …