Главная / Гуногун / Ракобат барои хукмрони дар Хабашистон

Ракобат барои хукмрони дар Хабашистон

Мубориза барои дар Хабашистон хукмрони кардан дар байни хокимони се вилоят сурат гирифт. Яке аз онхо хокими Вага ва Ласта Гобазие буд. Вакте ки артиши англиси ба Магдала хучум мекард, ин хоким аз вазъияти кулай истифода бурда, аввал музофоти Бегамдор ва баъд музофоти Дембейяро ишгол намуда, мавкеи худро дар Хабашистони Маркази мустахкам карда, барои точу тахти негуси негести довталаби асоси мешавад.

Довталабн дигари точу тахти Хабашистон Касаи ном дошт. У барои бар зидди негус Фёдор мубориза бурдан ба ангдисхо дасти ёри дароз мекунад. Ба ивази ин ёри экспедитсияи англиси хангоми Хабашистонро тарк намудан ба Касаи 850 милгик, 40 хазор тир, 28 бочка борут ва якчанд тупхона такдим кард. Ин тухфа бартарии Касаиро бар ракибонаш таъмин намуд.

42_ethiopia-history10e

Хокими сеюми довталаби точу тахти мамлакат Менелик ба шумор мерафт. У шохи Шоа буд. Дар аввал мубориза асосан дар байни Касаи ва Гобазие сурат гирифт. Баъди он ки ин хокимони аз тарафи негус Фёдор аз мулкхояшон махрум ва ба хабс партофташуда озод шуданд, мубориза барои точу тахти мамлакат тезу тунд мешавад. Барои ба максади худ ноил шудан хокимон ба зери парчами яке аз хамин се хокими бонуфуз дохил мешуданд. Аксарияти хокимони Хабашистони Маркази ба тарафи Гобазие гузаштанд. У 60 хазор нафар аскар дошт. Гобазие тавонист, ки тавассути ин лашкар вилоятхои Амхара, Ласта, Ваг ва музофоти калони Гочамро ба даст дарорад. Мохи апрели соли 1868 вай худро бо номи Такла Георгия негуси Хабашистон эълон намуд. Соли 1872 бар зидди Касаи ба мубориза шуруъ намуда, ният дошт, ки шахри Адуаро аз ракиби худ кашида гирад. Вале азбаски Касаи дар ихтиёри худ лашкари 12-хазорнафараи нисбат ба лашкари Гобазие хуб мусаллахшуда дошт, дар ин задухурд голиб баромад. Гобазие асир афтод. Баъди ин Касаи ба Аксум меравад ва бо номи Иоханнеси IV негуси Хабашистон (солхои 1872 – 1889) точгузори мешавад. Менелик бошад, то ин вакт аллакай негуси негести, яъне унвони императори Хабашистонро кабул карда буд. Иоханнеси IV хост, ки бар зидди ин ракиби пурзури худ хам ба чанг дарояд, вале ба Хабашистон зада даромадани артиши Миср ба амали шудани ин ният халалдор шуд. Баъди торумори тачовузкорони мисри Иоханнеси IV артиши худро ба мукобили Менелик равон кард. Менелик аз у шикаст хурда, мачбур шуд,ки Иоханнесро негуси Хабашистон эътироф карда, аз унвони негуси негести даст кашад. Чавобан ба ин Иоханнеси IV бо нишони ризоият ва аз байн бурдани душмани Менеликро хамчун шохи Шоа шинохт ва бо у дар Хабашистони Чанубии то хол забтношуда доираи нуфузро таксим кард.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Андозхо дар Аморати Бухоро

Шакли гуногуни истисмори дехконон такрибан дар хамаи намуди замин мушохида мегардид. Махсусан, ахволи сокинони нохияхои …