Главная / Гуногун / Рақобат барои ҳукмронӣ дар Ҳабашистон

Рақобат барои ҳукмронӣ дар Ҳабашистон

Мубориза барои дар Ҳабашистон ҳукмрони кардан дар байни ҳокимони се вилоят сурат гирифт. Яке аз онҳо ҳокими Вага ва Ласта Гобазие буд. Вақте ки артиши англисӣ ба Магдала ҳуҷум мекард, ин ҳоким аз вазъияти қулай истифода бурда, аввал музофоти Бегамдор ва баъд музофоти Дембейяро ишғол намуда, мавқеи худро дар Ҳабашистони Марказӣ мустаҳкам карда, барои тоҷу тахти негуси негестӣ довталаби асосӣ мешавад.

Довталабн дигари тоҷу тахти Ҳабашистон Касаи ном дошт. Ӯ барои бар зидди негус Фёдор мубориза бурдан ба ангдисҳо дасти ёрӣ дароз мекунад. Ба ивази ин ёрӣ экспедитсияи англисӣ ҳангоми Ҳабашистонро тарк намудан ба Касаи 850 милгиқ, 40 ҳазор тир, 28 бочка борут ва якчанд тӯпхона тақдим кард. Ин тӯҳфа бартарии Касаиро бар рақибонаш таъмин намуд.

42_ethiopia-history10e

Ҳокими сеюми довталаби тоҷу тахти мамлакат Менелик ба шумор мерафт. Ӯ шоҳи Шоа буд. Дар аввал мубориза асосан дар байни Касаи ва Гобазие сурат гирифт. Баъди он ки ин ҳокимони аз тарафи негус Фёдор аз мулкҳояшон маҳрум ва ба ҳабс партофташуда озод шуданд, мубориза барои тоҷу тахти мамлакат тезу тунд мешавад. Барои ба мақсади худ ноил шудан ҳокимон ба зери парчами яке аз ҳамин се ҳокими бонуфуз дохил мешуданд. Аксарияти ҳокимони Ҳабашистони Марказӣ ба тарафи Гобазие гузаштанд. Ӯ 60 ҳазор нафар аскар дошт. Гобазие тавонист, ки тавассути ин лашкар вилоятҳои Амхара, Ласта, Ваг ва музофоти калони Гоҷамро ба даст дарорад. Моҳи апрели соли 1868 вай худро бо номи Такла Георгия негуси Ҳабашистон эълон намуд. Соли 1872 бар зидди Касаи ба мубориза шуруъ намуда, ният дошт, ки шаҳри Адуаро аз рақиби худ кашида гирад. Вале азбаски Касаи дар ихтиёри худ лашкари 12-ҳазорнафараи нисбат ба лашкари Гобазие хуб мусаллаҳшуда дошт, дар ин задухӯрд ғолиб баромад. Гобазие асир афтод. Баъди ин Касаи ба Аксум меравад ва бо номи Иоханнеси IV негуси Ҳабашистон (солҳои 1872 – 1889) тоҷгузорӣ мешавад. Менелик бошад, то ин вақт аллакай негуси негестӣ, яъне унвони императори Ҳабашистонро қабул карда буд. Иоҳаннеси IV хост, ки бар зидди ин рақиби пурзӯри худ ҳам ба ҷанг дарояд, вале ба Ҳабашистон зада даромадани артиши Миср ба амалӣ шудани ин ният халалдор шуд. Баъди торумори таҷовузкорони мисрӣ Иоҳаннеси IV артиши худро ба муқобили Менелик равон кард. Менелик аз ӯ шикаст хӯрда, маҷбур шуд,ки Иоҳаннесро негуси Ҳабашистон эътироф карда, аз унвони негуси негестӣ даст кашад. Ҷавобан ба ин Иоҳаннеси IV бо нишони ризоият ва аз байн бурдани душманӣ Менеликро ҳамчун шоҳи Шоа шинохт ва бо ӯ дар Ҳабашистони Ҷанубии то ҳол забтношуда доираи нуфузро тақсим кард.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

images

Муборизаи давдатҳои империалистии Европа барои забти Ҳабашистон

Баҳори соли 1884 ҳукумати Англия бо мақсади нерӯҳои маҳдичиёни Судонро ба Ҳабашистон ҷалб намудан ва …