Главная / Чамъият / Рад кардани судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати

Рад кардани судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати

Моддаи 40-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Рад кардани судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати 

  1. Хангоми мавчуд будани холатхои пешбининамудаи моддахои 38 ва 39 Кодекси мазкур судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати вазифадоранд аз иштирок дар парвандаи хукуквайронкунии маъмури даст кашанд. Бо хамон асосхо ба судя ва шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи хукуквайронкунии маъмури, ки дар Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, мумкин аст раддия арз  карда шавад.
  2. Раддия бояд асоснок карда, то огози баррасии парванда аз чониби судя ё шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати арз шавад. Арзи дертари раддия танхо дар холатхое ичозат дода мешавад, ки асоси раддия ба суд, шахси мансабдори макоми ваколатдори давлати ё ба шахси изхоркунандаи раддия пас аз огози тафтиши суди аён гардида бошад. Судя, ки ба у раддия арз шудааст, хукук дорад доир ба ин масъала баёнот дихад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеъри ошики оиди духтари ношинос Ох, ин хат хати як чононест, Ёфтам ногахаш аз байни …