Главная / Ҷамъият / Рад кардани судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ

Рад кардани судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ

Моддаи 40-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Рад кардани судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ 

  1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 38 ва 39 Кодекси мазкур судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадоранд аз иштирок дар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст кашанд. Бо ҳамон асосҳо ба судя ва шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, мумкин аст раддия арз  карда шавад.
  2. Раддия бояд асоснок карда, то оғози баррасии парванда аз ҷониби судя ё шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ арз шавад. Арзи дертари раддия танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки асоси раддия ба суд, шахси мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба шахси изҳоркунандаи раддия пас аз оғози тафтиши судӣ аён гардида бошад. Судя, ки ба ӯ раддия арз шудааст, ҳуқуқ дорад доир ба ин масъала баёнот диҳад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …