Главная / Гуногун / РИСОЛАИ АБУХАНИФА БА АБУМУСЛИМ АЛ-БАТТИ-ИМОМИ БАСРА

РИСОЛАИ АБУХАНИФА БА АБУМУСЛИМ АЛ-БАТТИ-ИМОМИ БАСРА

Чахорумин рисолае, ки ба афкори факехи кабир ва Имоми шахир Хазрати Имоми Аъзам (р) мансуб аст, «Рисолаи Абуханифа, ба Абумуслим Ал-Батти Имоми Басра» мебошад, ки мисли расойили дигари у, дар илми усули дин ва илми калом нигошта шуда аст.

«Ибни Кутайба, дар «Ал-маориф» менависад:-Усмон Ал-Батти («ба фатхи» бо «ва ташдиди то») иборат аз Усмон ибни Сулаймон ибни Чирмуз аст ва дар Куфа мезист, баъдан ба Басра нукли макон карда. Вай барда (гулом) -и озодшудаи Бани Захра буд ва фуруши чомахои дурушт, ки дар араби онро «бат» гуянд шугл меварзид ва бадон мансуб гардид». 47-148.

«Захаби дар «Ал-Мийзон» нигошта: – Усмон Ал-Баттии Факех иборат аз Абумуслим аст, ки пешвои ахли дониш ва мавриди эътимод буд. Номи падараш Аслам ва ба кавле Сулаймон аст». 47-148. Ва дар «Ал-Муштабех» чунин омада: «Факехи Басра буд (Имом Ал-Батти) ва дар асри Абуханифа (р) мезист. Хафт сол пештар аз Абуханифа (р), дар Басра вафот ёфта ва байни ин ду донишманд мукотиботе низ сурат гирифта, ки аз он чумла ба чуз хамин рисола «Рисолаи Абуханифа ба Абумуслим Ал-Батти -Имоми Басра») дар таърих чизе намонда». 47-148.

Ва Тахови дар «Ихтилофот Ал-уламо», Абубакр Ар-Рози дар «Мухтасар»- и хеш ва Ибни Ал-Манзар дар «Ал-ашроф» тасрех, кардаанд, ки вай дар фикх дорои назариёти хосе буд… 47-148.

Санад ва силсилаи ривоёти рисолаи мазкур чунин аст, ки омада:

Имом Хисомуддин Хусайн Ибни Али Ибни Ал-Хаччочи Исфаноки ривоят намуда, аз Хофизуддин Мухаммад ибни Мухаммад ибни Наср Ал-Бухори Ал-Форси, аз Шамсулаима Мухаммад ибни Абдуссатор Ал-Кардари, аз Бурхониддин Абулхасан Али ибни Абубакр ибни Абдулчалил Ал-Маргиёни Ал-Форси, аз Зиёуддин Абубакр Мухаммад ибни Ахмад Ал-Самарканди Ал-Форси, аз Ибн Ал-Муъин Маймун ибни Мухаммад Ал-Макхул Ан-Насафи Ал-Форси, аз Абузикриё Яхё ибни Матраф Ал-Балхи Ал-Форси, аз Абусолех ибн Ал-Хусайн Ал-Самарканди Ал-Форси, аз Абусаъид Мухаммад ибни Абубакр Ал-Басти, аз Абулхасан Али ибни Ахмад Ал-Форси, аз Наср ибни Яхё Ал-Факех Ал-Форси аз Абуабдуллох Мухаммад ибни Самоъа Ал-Тамими, аз Имом Абуюсуфи Яъкуб ибни Иброхим Ал-Ансори, аз Имоми Аъзам Абуханифа (разиаллоху анху), ки фармуда: «-Бисмиллохир-рахмонир-рахим. Аз Абуханифа ба Усмон Ал-Батти, салом бар ту! Аммо баъд…». 47-148. «Ал-Батти касе аст, ки Имоми Аъзам (р) дар борааш гуфта:

«-Агар   Ал-Батти   маро   дармеёфт   бисёр   харфхои маро мепазируфт».

Баъдан «Ал-Батти» ба шакли «Ал-наби» тахриф гардид ва байни хама ошкор шуд ва душманону бадхохони Имоми Аъзам (р) аз он бахрабардори карданд ва «Ал-наби»-ро хам ба «Расулаллох» табдил карданд ва ба Имом (р) тухмат бастанд, ки гуфта» – Агар Расули Худо маро дармеёфт, ба бисёр харфхои ман амал мекард. Ва Хатиби Багдоди, дар «Таърихи Багдод» (386-400) мегуяд:

«-Ба мо хабар дод Ахмад ибни Чаъфар ибни Сол, аз Ахмад ибни Али Ал-Илбор, аз Иброхим ибни Саъид, аз Махчуб ибни Мусо, ки гуфт аз Юсуф ибни Исбот шунидам, ки Абуханифа гуфта:

«Агар Расули Худо (с) маро дармеёфт, ё ман уро дармеёфтам, У бисёр харфхои маро мепазируфт». Ва аз Абуисхок шунидаанд, ки мегуфт: – Ба Абуханифа аз Паёмбар (с) мерасид ва намепазируфт ва бар хилофи он амал мекард.

Аллома Кавсари, аз хошияи асли китоби Хатиби Багдоди «Таърихи Багдод», ки дар «Дор-Ул-кутуб ал-Мисрия», тахти нумраи 60 махфуз ва ба хати Аллома-Факех Мухаммад ибни Махмуд Ал-Чазоири-Муфтии Искандария навишта шуда, накл намуда, ки:- Ин ривоят тахрифи махз аст ва ривояти асли чунин аст: -Лав адракни Ал-Батти… сипас калимаи «Ал-Батти», аз чониби бадхохони Имоми Аъзам (р) ба «Ан-н-наби» ва баъдан ба «Расулаллох» табдил шуд ва назири чунин тахрифот дар кутуби бисёр дида мешавад.

Масалан, дар хадисе, ки аслан чунин аст «Аниллохи азза ва чалл», чунин тахриф ба амал омада: – Аниллохи ан-рачул.

Хатиби Багдоди изхори тааччуб намуда мегуяд:

– Ин мард, ки Худо аз вай ривоят фармуда кист?

Назири чунин тахрифот бисёр зиёд ба мулохиза мерасад. Имкон дорад асли иборати Имоми Аъзам (р) чунин бошад: – Лав адракни Ан-наби ал-ахазни бикасира мин кавли. Яъне: – Агар маро Паёмбар (с) дармеёфт, ба бисёр гуфтахоям маро мавохаза мекард. Ва аз иборати мазкур мафъул, яъне, (ни) хазф гардида, гуё Абуханифа бо ин чумла хоста эътироф намояд, ки тамоми назариёти у савоб набуда, балки мумкин аст дар миёни он афкоре мавчуд бошад, ки агар ба Паёмбар (с) мерасид, онро намепазируфт ва ин эътироф ва нишонаи вараъ (такво ва пархезгори) ва пархезгории Имом аст. Аммо тавчехи аввал кавитар ба назар мерасад, зеро дар чои дигар аз Имом накл шуда, ки фармуда: «-Лав адракни  Ал-Батти ав-адрактал-ахаз бикасира мин кавли. «Яъне:-Агар Ал-Батти маро дармеёфт ва ё ман бо у мулокот мекардам, аксари гуфтахои маро амали мекард». Ва баъд аз он мегуяд:

«-Чуз назарияи нек, хеч чиз кобили пайрави нест». Хатиби Багдоди ин ривоятро дар «Таърихи Багдод» (чилди 13, сах 399) чунин накл карда: – Лав адракни Ал-наби (бо алифу лом ва ташдиди нун) ав-адрактал-ахаз бикасири мин кавли ва хал ал-лазина иллал ройи ал-ахсан-Яъне: Ба чои «Ал-Батти», Ал-Наби («Ан-Наби) ва ба чои «ал-ройи», «ал-дин» «сад-дин») накл шуда ва мумкин аст ин тахриф касди набуда, балки ба хамин шакл ба мулохизаи Хатиби Багдоди расида ва ё хатойии котиб, дар китобат шуда, зеро «Ал-Батти» ба осони ба «Ал-Наби» («Ан-Наби») тахриф шуда метавонад ва низ калимаи «ал-дин» («ад-дин») метавонад шакли тахрифшудаи «ал-ройи» («ар-ройи») бошад. зеро «р» агар каме кач ва серранг навишта шавад, шакли «д»-и арабиро ба худ мегирад ва «ё» бо «йн» шабохати наздик дорад, махсусан расмулхати кадим, ки голибан бидуни нукта навишта мешавад, ба хамин асос лафзи «ал-рой» ба «ал-дин» (сахехтари онхо «ар-рой» ва «ад-дин») тахриф ва асли иборат чунин аст: Ва хал ар-ройи иллар-р-ройи ал-ахсан (ё худ «илларойил ахсан»). Чунончи аз хикояте, ки Юсуф Ибни Холиди Самити накл намуда бармеояд, ки мегуяд: -Назди олими Басра, яъне, Усмон ибни Муслим Ал-Батти ва назди Абуханифа (р) рафтуомад доштам, ки мегуфт:

«-Лав адракни Ал-Батти латарка касиран мин кавлихи». Яъне: -Агар Ал-Батти маро дармеёфт, аксари назариёти худро тарк мекард».

«Албатта Имоме, ки андозаи зухду такво ва побандии уро ба шариъат маълумот дорем, мумкин нест, ки ба чизе забон кушояд, ки ба чуз зиндик аз забони дигаре наметавон шунид. Дар холе, ки худи Имоми Аъзам (р) фармуда:

«-Лаънати Худо бод бар касе, ки аз Паёмбар (с) мухолифат мекунад, ки Худованд моро ба василаи У (с) каромат бахшида ва аз бадбахти начот дода» («Таъниб Ал-Хатиб»-талифи Аллома Кавсари сахифаи 86 ва «Манокиби Абуханифа»-таълифи Маккии, чилди 2, сахифаи (102) 47-150.

Хулосаи мухтавиёти рисола, ё худ китоби «Рисолаи Абуханифа ба Абумуслим Ал-Батти-Имоми Басра» ба сурати зайл аст, ки ба шарофати тахкикотхои бардавом ва басо собиткадамонаи устоди фозил Иноятуллохи Иблог-яке аз уламойи донишманди илм ал-калом, дастраси мо гардида.

«Аз равиши ибороти китоб маълум мешавад, ки Имоми Аъзам (р) дар ин рисолаи хеш хоста худро аз акидаи мурчиъа (як фиркаи гулоти шиъа) табраъа (мунзах кардан) намояд ва ба Ал-Батти-Имоми Басра бинависад, ки: «-Агар дар бораи нисбати ин акида ба вай чизе шунида бошад ба асос аст…».

Имоми Аъзам (р) китоби худро ба бахси рисолати Паёмбар (с) огоз мекунад ва мутазаккир мешавад, ки: «-Мардум кабл аз дини мубин ва …. ростини Ислом ва кабл аз буъсат (ангезиш)-и Хазрати Мухаммади Мустафо (с) мушрик буданд. Паёмбари бузургвор (с) онхоро ба Ислом даъват кард, баъдан касоне, ки Исломро пазируфтанд, ба таъмили фаройиз мукаллаф (таклиф) гардиданд». Сипас мавкуфи амалро дар мавриди Ислом бо ахамият тасдику ташрех намуда, мехохад барои ин акида, ки:

«Тарки аъмол, сабаби тарки имон намегардад» – Мукаддимае бар он баён кунад, зеро Имон, тасдик аз икрор ва муъмини гунахгор, ки амали некро тарк намуда ва ба амали бад даст зада, то вакте, ки икрор ва тасдифо аз даст надода, кофир шуморида намешавад ва кори муъмини галатрафта ва гунахкорро ба Худованд вогузор медонад, ки агар ирода фармояд, уро меомурзад ва агар хоста бошад азоб мекунад ва дар ин назарияи хеш Имоми Аъзам (р) ба оёти зайл истидлол меварзад:

«Ва ман юъмину биллохи ва яъмала солихан». (Яъне: «Ва касе, ки ба Худо имон меоварад ва амали нек анчом медихад…».). Ва: «-Иннал-лазина оману ва ъамилус-солихот». (Яъне: «-Ба дурусти, касоне, ки имон оварда ва амали неку анчом додаанд»).

Оёти мутазаккира имонро аз амал чудо пиндошта, бинобар он касе, ки амалро тарк карда, торики тасдик нест ва низ чунин «истидлол мекунад:-Оё ин таъбирот дуруст нест, ки: «-Муъмини золим, муъмини ливотабоз, муъмини гунахгор, муъмини риёкор, муъмини зиноъкор, муъмини рибоъхор, муъмини хатокор, муъмини оси, муъмини ситамкор ва амсоли он?! Ва илова мекунад ки: «-Гумрохи бо имон манофи нест» Ва ба ин ояти шариф истидлол мекунад, ки: «Худованд аз кавли Мусо (ъалайхиссалом) хикоят фармуда; «-Фаъалатхо изо ва ано миназ-золлийн». Яъне, «-Ин корро дар холе кардам, ки, аз гумрохон будам»). Ва писарони Яъкуб (ъалайхиссалом) ба падари хеш гуфтанд: «-Иннака лафи залоликал-кадим». (Яъне: Ба дурусти, ту дар гумрохии кадими худ мебоши!»

Хамчунон Али (разиаллох ва Умар (разиаллох) ба номи Амиралмуъминин мулаккаб гардиданд, дар холе, ки мурод аз муъмин танхо мутеъин нест ва низ Али (р) бо мардуми Шом чангида, бо он хам эшонро муъмин номида ва сахоба (р) бо хам чанг мекарданд, дар холе, ки харду чонибро наметавон хак ба чониб шумурд, пас кадом якеро боги метавон гуфт?

Ва дар холе, ки хеч гунохе бузургтар аз катл ва он хам катли ёрони Паёмбар (с) нест. Пас бар ин ду гурух чи унвоне метавон гузошт? Табъан харду чониб тарафдори хак набуда ва хардуро хак чониб шумурдан ё хардуро гумрох пиндоштан дуруст нест. Ва агар як тараф хак ба чониб шумурда -шавад, тарафи мукобил чигуна хохад буд? Ва кори хуб он аст (мегуяд Имоми Аъзам разиаллох), ки казовати харду чонибро ба Худованд биспорем. Имоми Аъзам (р) боз илова мекунад:

«-Бояд донист, ки ба акидаи ман хамаи ахли Кибла муъминонанд ва бо тарки фаройиз, аз имон хорич намешаванд ва касе, ки бо вучуди имон мукаллифиятхои амалии худро низ анчом медихад, ба акидаи мо аз, ахли Бихишт ва касе, ки хардуро тарк мекунад махрум аз Бихишт ва ахли Дузах аст. Ва онки бо доштани имон гушае аз фаройизи амалро тарк мекунад, муъмини гунахгор ва кори у ба Худованд марбут аст, хар тавр иродааш буд мекунад ё уро меомурзад ва ё мучозот менамояд. Агар уро азоб кард, дар мукобили гунохи у аст ва агар омурзид гунохеро бахшида аст. Ва дар бораи ихтилофоте, ки байни ёрони Паёмбар (с) рух дода, акидаи ман ин аст, ки окибати онро Худо медонад». 47-152.

Бале, хак, ба чониби Хазрати Имоми Аъзам (р) аст. Хар он кори нангин ва басо сангине, ки аз чониби ашхоси муъмину мусалмон рух медихад ва хар он катлу горат ва куштору хунрезихои нохаке, ки аз чониби тудахои ба хам мухолифи мусалмонони бо ном муъмин (хол он, ки Паёбари Худо (с) фармуда, ки «Муъмин бародари муъмин аст») сар задаву мезанад, сахттарин ва вазнинтарин хукм барояшон он аст, ки ононро ба Худо биспорем. Худованд хоким аст ва олиму донойи сирри вал хафиёт ва хакам аст ва чаббор аст ва саттор аст ва каххор аст ва одил аст ва рахмон асту рахим… Ва хар он амре, ки ба иродаи Парвардигор вобаста аст, чуз У (чалла чалолаху) касе аз махлукот намедонад ва ба иборае-ончо, ки асрору хукму мукаддасоти илохист, на фатвойи башар ба кор мераваду на фатвои малак. Ончо, ки лисонулгайб Хоча Хофиз-андалеби ин чахону охират мегуяд:

Халлоч бар сари дор, ин нукта хуш сароид,

Аз Шофеъи, напурсанд, амсоли ин масоил.

Дар чои дигар Имоми Аъзам (р) хитоб ба Ал-Батти мегуяд: «Ончи дар бораи номи мурчиъа ёдовари кардаи,  бояд гуфт касоне, ки сухани одилона гуфтаанд, гунохе надоранд ва ахли бидъат эшонро ба ин ном мусаммо (номидашуда) кардаанд, дар холе, ки ахли адл ва суннат мебошанд ва номи «мурчиъа»-ро мардуми галатрафта ва мухолиф бар эшон гузошта». 47.-152.

Аз ин чумалот ба вазохат маълум мешавад, ки Имоми Аъзам (р) тухмати хушку бебунёди  ирчоъро аз худ дур месозад (ва ба ин кор хак дошт, чунки ахли бидъат бо тухматхои хушку нобахангоми хеш гирди Имоми Аъзамро тортанаквор тор метаниданд ва шахсияти уро чашми дидан надоштанд (мисли имруза фиркахои чудоиандоз ва риёкор, ки теша ба решаи миллат ва мазхаби мухаззаби Имоми Аъзам-ханафия зада истодаанд), аммо «Чароги уммат» бахри дифоъ аз ному нанг, чун суннати анбиёву авлиёъ, ба чиходи равони ва лисони бархост ва ахли бидъат ва ботилро бо афкору андешаи чун шамшер тезу бархакаш  маглуб сохт ва нагузошт, ки дигар душманони курдили бо ном мусалмону ботинан кофирпеша, ба шахсияти у ба таълимоти у, ба шогирдони у ва ба пайравони у тухмат зананд. С.Бурхониддини Бузургмехр) ва мазхаби мухаззаби каломиашро ба номи ирчоъ ном намегузорад ва ин номгузориро аз тарафи мардуми мухолиф медонад.   Ногуфта намонад, ки  Аллома Абдулхайи Лакхнави, дар китоби хеш бо номи «Ал-рафъ вал-такмил фил-чарах вал-таъ-дил» иборати «Ал-тамхид» таълифи Абдулшакур Ал-Соламиро, ки манкул аз Рисолаи Абуханифа ба Абумуслим Ал-Батти-Имоми Басра» Мебошад, кисмате накл карда, ки аз он маълум мешавад, Имом (р) ба пайрави, аз акидаи мурчиъа муътараф ва рисолаи мутаззакира муштаммил бар тафсили мазхаби мурчиъа ва эътирофи Имом (р) ба ин акида мебошад (аз «Мукаддимаи» Кушкаки, бар «Сирати Ан-Нуъмон»-таълифи Шиблии Нуъмони (чопи Кобул сахифаи 19). Вай мегуяд: -Ривоят аст, Усмон ба Абуханифа (р) навишт, ки Шумо аз пайравони мурчиъа мебошед. Имоми Аъзам Абуханифа (р) дар чавоб нигошт, ки мурчиъа ду табака аст: Мурчиъаи малъуна ва мурчиъаи мархума, ки ман аз табакаи аввали безорам ва дар катори гурухи дуввуми мебошам». 47.-152.

Устод Иноятуллохи Иблог, ки сари ин масъала муддати тулони тахкикот бурдаанд, баъд аз назар гузаронидани нусхахои гуногуни рисолаи мутазаккира ба хулосае омадаанд, ки ба акидаи мо ба хакикати хол хеле наздик аст. Мухаккики варзидаи хаёту фаъолият (биография) ва чабхаи афкору андешаи каломии Имоми Аъзам (р), устод Иноятуллохи Иблог, дар тахкикоти хеш оварда:

«-Ман ба хамаи нусхахои матбуъ ва хаттии китоб мурочиат кардам, аммо ин иборатро дар он наёфтам ва имкон надорад иборати мазкур дар нусхахои асли буда, вале аз тарафи нокил хазф шуда бошад, зеро сабки каломи Имоми Аъзам(р) аз аввал то охир нишон медихад, ки Имом мехохад ин тухматро аз худ дур созад. Донишмандон зимни тахкики рисола гуфтаанд: «-Рисолае, ки Абуханифа (р) ба Абумуслим Ал-Батти навишта, рисолае аст дар бораи бароати у аз тухмати ирчоъ, яъне, мурчиъа». Ва агар аз ин назариёт ва таъвилот сарфи назар кунем ва асли рисоларо тахти диккат ва барраси карор дихем, ба максади Имом, (р) ки дар таълифи он мадди назар дошта пай мебарем, гуё Имом (р) аз нисбати тухмати ирчоъ, ки ба вай шуда, мутаассир гардида ва дар мавзуъ, ба сурати илми тахкик намуда аст.

Пас аз ончи гуфтем, метавон ибрози назар кард, ки назария Солами, бо вучуди маълумоти кофи, ки дар биогрофии донишмандон дошта, дар даст нест ва мумкин аст, ки вай ба навиштаи мухолифини Имоми Аъзам (р), монанди Хатиби Багдоди иттико намуда ва вай ба асли рисолаи Имом (р) мурочиъа накарда, балки сирф ба наклу ривоёти хасмони Имом (р) иктифо варзида ва мо дар собик ишора намудем, ки баъзе мардум дар мукобили Имом забондарозихо карда ва ба у нисбатхо ихтироъ ва эчод кардаанд, ки сазоворашон вай нест, чун ончи уро ба номи мубтадеъ (навовар, саркарда ихтироъкор; ба таъбири термин ё худ ифодаи аввали асри ХХ-чадид; хамчунон ахли бидъат, касе, ки андешаи нави зиддидини ё конуни ба вучуд меоварад: муслихиддин, еретик, С.Б.Б.,) ва амсоли он ёд кардаанд ва низ мумкин аст, ки Абдулшакур Ал-Солами бо вучуди донишу лаёкати кофи, ба акволи муаллифин иктифо намуда ва натавониста, ки ба асли рисола иттилоъ ёбад ва ин равиш аз Солами ва амсоли вай баъид нест, зеро голибан ба назариёти У дигарон иктифо мекунанд ва замина барои мурочиъа ба асли кутуб ба эшон мусоидат намешавад. Аз чумлаи муаллифине, ки танхо ба накли мардум иктифо кардаанд, яке хам Аллома Шиблии Нуъмони (1856-1914, арабшинос, форсишинос, яке аз шуаро ва уламойи намоёни хавзаи Хинд, ки аз худ теъдоди зиёди асархои манзуму мансур ва таърихиву фалсафи, илмиву таълими ва филологи боки гузошта аст. Шибли худро дар шеър пайрави Бобо Соиби Исфахони медонад ва дар чое мегуяд:

«-Хамон кард, дар сухан, дар Хинд Шибли,

Ки Соиб дар – саводи Исфахон кард». С.Б.Бузургмехр.

Вай рисолае ба номи «Сират Ан-Нуъмон» таълиф намуда ва Бурхониддини Кушкаки онро ба дари тарчума карда, ки дар Кобул ба табъ расида. Дар ин китоб назариёти Имоми Аъзам (р) аз забони дигарон бидуни имтиёзи сахеху саким накл шуда ва муаллиф эътироф мекунад, ки ба асли расойили Имоми Аъзам (р) фурсати мурочиъа наёфта. Вай пас аз он, ки аз як теъдод манобеъ ном мебарад, ки дар навиштани зиндаги ва назариёти Имоми Аъзам (р) мавриди истиноди вай буда, мегуяд: «-Ин манобеъ дар асри мо дастёб шуда наметавонад ва танхо «Ал-хайрот Ал-хисон», «Укуд-ал-чимон ва коид-ал-ъакён» дар дастраси ман мавчуд аст. (Мукаддимаи Кушкаки бар «Сират Ан-Нуъмон» таълифи Шиблии Нуъмони, чопи Кобул сахифаи 19).

Ва ин хам мумкин аст, ки Шибли дар таълифи хеш ба ахволи баъзе муаллифин монанди Хатиби Багдоди ва амсоли вай, ки дар накши назариёти Имоми Аъзам (р) хеч гох тарафи эътимод буда наметавонанд ва дуруги эшон ифшо шуда, эътимод намуда, чунончи ин ифтарохо (харф ё амали нодурустеро ба касе нисбат додан; тухмат, бухтон, С.Б.Б.,)-ро «Миръот-ал-замон» таълифи Ибни Чавзо ва «Ал-сахм-ал-муъиб фи-кабад Ал-Хатиб» таълифи Исо ибни Абубакр Ал-Аюби ва «Таъниб ал-Хатиб»-таълифи Аллома Кавсари ифшо намуда аст.

Шабли (дар китоби хеш «Сират Ан-Нуъмон тарчумаи Кушкаки, чопи Кобул сах 128-131) зимни ёдоварии таълифоти Имоми Аъзам (р) менависад: «-Байни мардум машхур аст, ки «Фикхи акбар» ва «Ал-олим вал-мутаалим» мансуб ба Имоми Аъзам (р) буда ва илова мекунад, ки рисолаи дуввумиро дастёб натавониста. Ва дар чои дигар мегуяд: Мо якин дорем, ки нисбати ин рисолот ба Имоми Аъзам (р) дуруст нест, зеро асри Имом (р) асри таълифу тартиб ба кисме, ки дар ин рисолот машрух аст набуда ва афкори фалсафи, дар асри у ба араби накл нашуда буд (Дар холе, ки «Фикхи акбар» шомили истилохоте монанди чавхар, хаюло, ъараз ва гайра мебошад, И.Иблог).

Дар каломи Шибли изтироб ва танокиз ба назар мерасад, зеро нахуст эътироф мекунад, ки рисолаи «Ал-олим вал-мутааллим»-ро дастёб натавониста, баъдан мегуяд, ки ба мулохизаи тартибу равиши хоси он, ки чунин равиш дар асри Имом Аъзам (р) маълум набуда, нисбати расойили мазкур ба вай дуруст нест (Во ачабо, ин чи бахоест ба тамаддуни асри Имоми Аъзам, ки асри Имоми Аъзам давраи эхёи улуми дини ва фалсафаи калом буд ва дар асри Паёмбар саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам ва рузгори сахобаву тобиъин ва табаатобиъин низ илму хикмат дар марзи Араб нумуъ дошт ва хакимони юнониву эрони ва уламойи яхудиву насрони, дар байни мардум мусофиратхо карда, ба эшон хикмати дин ва ё таълимоти хешро баён медоштанд, яъне, ба тарзи шифохи ва хикмату аходиси уламойи чамъи асхобу тобиъин ва табаъатобиин хам одатан шифохи буд ва хикмати эшон ва афкори онро наинки дар аврок, балки дар зехнхо сабт меёфт. Зухури илми калом ибтидои асри XIII-и мелоди аст. Огози истидлолоти акли, дар Ислом бо номи Чаъд ибни Дирхам катлаш соли 742-43 ва Чахм ибни Сафвон катлаш соли 745 вобаста аст. Хикмату аходис ва таълимоти Имоми Аъзам рахамуллох хам, ки зиёда ба тарзи шифохи сурат мегирифт, шогирдон онро менавиштанд, баъди вафоти у аз чониби писараш Хаммод ва шогирдонаш назариёти у ба шакли китоб дароварда шуд. Агар асри аимаи Ислом, бахусус даврони Хаммод ибни Абусулаймон, Зайд ибни Али, Имоми Аъзам, Иброхими Адхам ва Имом Молик, Иброхими Нахъи, Суфёни Саври, Абдуллохи Муборак, Имом Чаъфари Содик ва гайра давраи инкишофи улуми илохиёшиноси, ба мисли Куръон, Хадис, тафсир, сарфу нахв, фикх, калом, шеъру адаб, хикмат ва гайра намебуд, пас Имом Абуханифа аз кучо ва   дар назди ки илм омухта, ба чунин мартаба мерасид, масалан  танхо  як  устодаш-Хаммод  ибни  Абусулаймонро  мисол меорем, ки яке бузургтарин факех ва олим, дар таърихи Ислом буд, ки Имом Абуханифа дар овони навчавонии хеш назди у 18-сол, танхо илми фикхро омухт ва азхуд кард ва албатта Хаммоди Абусулаймон хам бе  устод  набуд. Ва   низ  Хакими   мухаддис  Хазрати   Имом Чаъфари  Содик разиаллоху  анхумро  метавон  мисол  овард,  ки шахсияти шарифаш дар олами Ислом басо машхур буда, хочат ба муаррифи нест ва у хам ба Имом Абуханифа рахамуллох хакки устоди дошт, ба вожжа дар илми хадис…

Дар усули таълими асри мо бошад, барои дарёфти маълумоти, ба иборае кофи 15 сол, яъне, дах сол давраи тахсили маълумоти мутавассита ва панч соли тахсил, барои дарёфти маълумоти оли ва гайра мукаррар шуда аст С.Б.Бузургмехр ).

Акнун аз эшон (чун Шиблии Нуъмони, Хатиби Багдоди, Абдулшакури Солами ва дигар муддаиён) бипурсем, ки чигуна ба мулохизаи назму тартиби китоб казоват мефармоед, ки нисбати он ба Имом (р) сихат надорад, дар холе ки худ (мардона эътироф меварзед, ки онро аз наздик мулохиза накардаед? (Мулохиза аз мутолиаи зиёд арзи вучуд мекунад. Худи эшон бар ин коиланд, ки ба дурусти аз наздик ошно нестанд, ба расойили Имоми Аъзам. Охир, ки ошно нестед, пас чи гуна метавонед, ки сари масъалаи ноошно мулохиза намоед?! С.Б.Бузургмехр) Ва низ Шабли дар бораи асри Имоми Аъзам (р), ки харакати таълиф дар он огоз гардида, мутолиъа накарда ва онро аз назар андохта ва танхо асареро, ки таълиф ба дарачае ба авчи худ расида буд, мадди назар карор дода, ки иборат аз карни чахоруми хичри мебошад. Дар холе, ки таълиф, дар асри Имом (р) мавчуд буда, аммо шакли ибтидои дошта ва аз хусусиёти халкаи дарсии Имоми Аъзам (р) ин буд, ки шогирдон (тавре, ки Шибли низ муътараф аст) назариёти фикхи ва каломии Имомро менавиштанд ва дар мавзеъи истилохоти фалсафи, каблан як ба як рушани андохтаем, ки такрори он лозим шумурда намешавад.

Шибли, дар тахкики худ рочеъ ба зиндагии Имоми Аъзам (р), ба гуфтаи дигарон бидуни фарк байни сахех ва галат иктифо намуда ва ин кор шоистаи як мухаккик нест, ки дар садади мутолиъа рочеъ ба биюгрофии Имоме мебошад, ки кулли мусалмонон ва мусташрикин уро мешиносанд ва хеч донишманду мухаккике нест, ки бо шахсияти илми ва фикрии у ошноие надошта бошад» 47-154.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …