Главная / Техника / Платахои аналоги-раками ва раками-аналоги

Платахои аналоги-раками ва раками-аналоги

Дар бисёр сохахои техника, тиб, биология ва гайра баъзан лозим меояд, ки аз датчикхои беруна сигналхо ба компютер дохил ва баъд тахлил карда шуда, дар асоси ин маълумотхо тачхизоти беруна идора карда шаванд. Масалан, дар беморхонахои замонави имконияти ба маризхои дучори касалихои дил пайваст намудани датчикхо мавчуд аст, ки онхо кардиограммаи маризхоро мунтазам ба компютер дохил менамоянд. Дар мавриди хуручи касалии бемор, компютер ба таври автомати, бо ёрии ягон асбоби дигар, табибонро огох мекунад.

platahoi-analogiАгар дар гармхона ба компютер датчикхои ченкунандаи харорати хаво, намигари ва таркиби гази хаво пайваст карда мешуд, он гох дар асоси маълумотхои хосилшудаи компютери дар гармхона микроклимати оптималиро таъмин намудан мумкин буд.

Барои дохил ва тахлил намудани сигналхои датчикхо, бояд компютер бо платаи махсус мучаххаз гардонида шуда бошад, ки он сигналхои аналогии аз датчикхо дастрасшударо ба сигналхои ракамии компютери табдил дихад. Чунин платахоро табдилдихандахои аналоги-раками мегуянд. Барои идоракунии асбобхои беруна бошад, платахои ракамианалогиро истифода мебаранд, ки онхо баръакс, информатсияи ракамии компютериро ба информатсияи (сигналхои) аналогии барои асбобхои беруна фахмо табдил медиханд.

Дар аксарият мавридхо дар компютерхо функсияхои хар ду платаро як плата ичро менамояд.

Саволхо:

  1. Модем ва факс-модемхо чи гуна тачхизотанд?
  2. Фарки стример аз винчестер дар чист?
  3. Вазифахои мултимедиа аз чи иборат аст?
  4. Боз кадом кисмхои иловагии компютерро медонед?
  5. Платахои аналоги-раками ва раками-аналоги дар кучо ва чи тавр тадбик карда мешаванд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Кисмхои иловагии компютерро дар шакли таблитса тасвир намоед ва функсияхои онхоро номбар кунед.
  3. Агар дар синфхонаи компютери ба компютерхо ягон кисми иловаги пайваст карда шуда бошад, он гох номи онро гуед ва дар бораи характеристикахои он маълумот дихед.

Инчунин кобед

Кисмхои компютерхои фарди

Пеш аз хама аз таъминоти дастгохии компютери фарди огоз менамоем: Расми кисмхои асосии компютер Чи …