Главная / Техника / Платаҳои аналогӣ-рақамӣ ва рақамӣ-аналогӣ

Платаҳои аналогӣ-рақамӣ ва рақамӣ-аналогӣ

Дар бисёр соҳаҳои техника, тиб, биология ва ғайра баъзан лозим меояд, ки аз датчикҳои беруна сигналҳо ба компютер дохил ва баъд таҳлил карда шуда, дар асоси ин маълумотҳо таҷҳизоти беруна идора карда шаванд. Масалан, дар беморхонаҳои замонавӣ имконияти ба маризҳои дучори касалиҳои дил пайваст намудани датчикҳо мавҷуд аст, ки онҳо кардиограммаи маризҳоро мунтазам ба компютер дохил менамоянд. Дар мавриди хурўҷи касалии бемор, компютер ба таври автоматӣ, бо ёрии ягон асбоби дигар, табибонро огоҳ мекунад.

platahoi-analogiАгар дар гармхона ба компютер датчикҳои ченкунандаи ҳарорати ҳаво, намигарӣ ва таркиби гази ҳаво пайваст карда мешуд, он гоҳ дар асоси маълумотҳои ҳосилшудаи компютерӣ дар гармхона микроклимати оптималиро таъмин намудан мумкин буд.

Барои дохил ва таҳлил намудани сигналҳои датчикҳо, бояд компютер бо платаи махсус муҷаҳҳаз гардонида шуда бошад, ки он сигналҳои аналогии аз датчикҳо дастрасшударо ба сигналҳои рақамии компютерӣ табдил диҳад. Чунин платаҳоро табдилдиҳандаҳои аналогӣ-рақамӣ мегўянд. Барои идоракунии асбобҳои беруна бошад, платаҳои рақамӣаналогиро истифода мебаранд, ки онҳо баръакс, информатсияи рақамии компютериро ба информатсияи (сигналҳои) аналогии барои асбобҳои беруна фаҳмо табдил медиҳанд.

Дар аксарият мавридҳо дар компютерҳо функсияҳои ҳар ду платаро як плата иҷро менамояд.

Саволҳо:

  1. Модем ва факс-модемҳо чӣ гуна таҷҳизотанд?
  2. Фарқи стример аз винчестер дар чист?
  3. Вазифаҳои мултимедиа аз чӣ иборат аст?
  4. Боз кадом қисмҳои иловагии компютерро медонед?
  5. Платаҳои аналогӣ-рақамӣ ва рақамӣ-аналогӣ дар куҷо ва чӣ тавр тадбиқ карда мешаванд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Қисмҳои иловагии компютерро дар шакли таблитса тасвир намоед ва функсияҳои онҳоро номбар кунед.
  3. Агар дар синфхонаи компютерӣ ба компютерҳо ягон қисми иловагӣ пайваст карда шуда бошад, он гоҳ номи онро гўед ва дар бораи характеристикаҳои он маълумот диҳед.

Инчунин кобед

opti1

Дохилкунии информатсия ба Компютер

Компютер ахборро фақат дар шакли ададӣ таҳия мекунад. Ҳамаи ахбори дигар (садо, тасвир, рамз, нишондоди …