Главная / Чамъият / Пешниходи эъломия

Пешниходи эъломия

Моддаи 156-и Кодекси Андоз. Пешниходи эъломия

  1. Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози ичтимои аз даромадхои дар шакли музди мехнати шахсони вокеи, ки андоз аз онхо дар манбаи пардохт ситонида мешавад, аз чумла аз чониби вохиди алохидаи шахсони хукуки, то санаи 15-уми мохе пешниход карда мешавад, ки баъди мохи хисоботи фаро мерасад.
  2. Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози ичтимои аз даромадхои шахсони вокеи – шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар муассисахои дипломати, консулии давлатхои хоричи ва ба онхо баробаркардашудаи намояндагихои ташкилотхои хоричи дар Чумхурии Точикистон кор мекунанд, то санаи 15-уми мохе пешниход карда мешавад, ки баъди семохаи хисоботи фаро мерасад. Иттилоот дар бораи шахсони вокеии дар боло пешбинишуда ба макоми ваколатдори давлати аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон хар семоха то санаи 15-уми мохе пешниход карда мешавад, ки баъди семохаи гузашта фаро мерасад.
  3. Хисоби ягона оид ба андоз аз даромад ва андози ичтимои аз даромадхои шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар ташкилотхои дипломати ва ташкилотхои ба онхо баробаркардашудаи Чумхурии Точикистон дар хорича фаъолият менамоянд, хар семоха аз чониби Вазорати молияи Чумхурии Точикистон то санаи 15-уми мохе пешниход карда мешавад, ки баъди семохаи хисоботи фаро мерасад ва дар хамин мухлат андозхо ситонида мешаванд.
  4. Андозсупорандагони зерин эъломияро оид ба андоз аз даромад аз даромадхои дигар шахсони вокеие, ки дар манбаи пардохт андозбанди намешаванд ва (ё) эъломияро оид ба андоз аз фоида то 1-уми апрели баъди соли хисоботи ба макомоти андоз месупоранд:

-резидентхо – супорандагони андоз аз фоида;

-шахсони вокеи – резидентхои дорои даромад, ки дар манбаи пардохти вокеъ дар Чумхурии Точикистон андозбанди намешаванд, ба истиснои шахсоне, ки андозхоро мутобики фасли XVIКодекси мазкур пардохт менамоянд;

-шахсони вокеи – резидентхое, ки дар суратхисобхояшон дар бонкхои хоричии вокеъ берун аз каламрави Чумхурии Точикистон маблагхои пули доранд, инчунин онхое, ки берун аз каламрави Чумхурии Точикистон даромад мегиранд;

-шахсони вокеие, ки мутобики конунхои Чумхурии Точикистон ба зиммаашон вазифаи пешниходи эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулки гузошта шудааст. Тартиб, мухлатхои пешниход, инчунин шакли эъломияро, ки ин шахсон пешниход мекунанд, Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд;

-дигар шахсони хукуки ва вокеи – гайрирезидентхое, ки аз манбаъхои вокеъ дар Чумхурии Точикистон даромаде мегиранд, ки бояд андозбанди карда шавад, аммо дар манбаи пардохт андозбанди намешавад.

  1. Хангоми бархам додани шахси хукуки комиссияи бархамдихи ё андозсупоранда фавран дар ин бора ба макоми андоз огохиномаи хатти мефиристад. Комиссияи бархамдихи вазифадор аст, ки эъломияи андозро ба макомоти дахлдори андоз пешниход намояд.
  2. Шахси вокеие, ки аз вай пешниход кардани эъломияи андоз талаб карда намешавад, метавонад бо пешниходи хуччатхои тасдиккунанда бо талаби аз нав хисоб кардани андоз ва баргардонидани маблаги барзиёд супоридааш эъломия пешниход кунад.
  3. Хисобхо оид ба пардохти маблагхои чори (пешпардохт) аз руи андоз аз фоида, инчунин маълумот дар бораи шахсоне, ки андозашон дар манбаи пардохт нигох дошта шудааст, тибки шакли мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати бо дарназардошти талаботи кисмхои 1, 2 ва 3 моддаи 157 Кодекси мазкур хар мох (хар семоха) то санаи 15-уми мохе пешниход карда мешаванд, ки баъди мохи (семохаи) хисоботи фаро мерасад.
  4. Эъломияи андоз аз фоида то 1-уми апрели баъди соли хисоботи пешниход карда мешавад.
  5. Эъломияи Бонки миллии Точикистон оид ба фоидаи вокеии ба бучети давлати пардохтшаванда, ки шакли он аз тарафи макоми ваколатдори давлати тасдик карда мешавад, то 1 августи соле, ки баъди соли хисоботи фаро мерасад, пешниход карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1188)
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …