Главная / Ҷамъият / Пешниҳоди эъломия

Пешниҳоди эъломия

Моддаи 156-и Кодекси Андоз. Пешниҳоди эъломия

  1. Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои дар шакли музди меҳнати шахсони воқеӣ, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт ситонида мешавад, аз ҷумла аз ҷониби воҳиди алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад.
  2. Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои шахсони воқеӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулии давлатҳои хориҷӣ ва ба онҳо баробаркардашудаи намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад. Иттилоот дар бораи шахсони воқеии дар боло пешбинишуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди семоҳаи гузашта фаро мерасад.
  3. Ҳисоби ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа фаъолият менамоянд, ҳар семоҳа аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад ва дар ҳамин мўҳлат андозҳо ситонида мешаванд.
  4. Андозсупорандагони зерин эъломияро оид ба андоз аз даромад аз даромадҳои дигар шахсони воқеие, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ намешаванд ва (ё) эъломияро оид ба андоз аз фоида то 1-уми апрели баъди соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз месупоранд:

-резидентҳо – супорандагони андоз аз фоида;

-шахсони воқеӣ – резидентҳои дорои даромад, ки дар манбаи пардохти воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ намешаванд, ба истиснои шахсоне, ки андозҳоро мутобиқи фасли XVIКодекси мазкур пардохт менамоянд;

-шахсони воқеӣ – резидентҳое, ки дар суратҳисобҳояшон дар бонкҳои хориҷии воқеъ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулӣ доранд, инчунин онҳое, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд;

-шахсони воқеие, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вазифаи пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкӣ гузошта шудааст. Тартиб, мўҳлатҳои пешниҳод, инчунин шакли эъломияро, ки ин шахсон пешниҳод мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

-дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ – ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаде мегиранд, ки бояд андозбандӣ карда шавад, аммо дар манбаи пардохт андозбандӣ намешавад.

  1. Ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ комиссияи барҳамдиҳӣ ё андозсупоранда фавран дар ин бора ба мақоми андоз огоҳиномаи хаттӣ мефиристад. Комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор аст, ки эъломияи андозро ба мақомоти дахлдори андоз пешниҳод намояд.
  2. Шахси воқеие, ки аз вай пешниҳод кардани эъломияи андоз талаб карда намешавад, метавонад бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бо талаби аз нав ҳисоб кардани андоз ва баргардонидани маблағи барзиёд супоридааш эъломия пешниҳод кунад.
  3. Ҳисобҳо оид ба пардохти маблағҳои ҷорӣ (пешпардохт) аз рўи андоз аз фоида, инчунин маълумот дар бораи шахсоне, ки андозашон дар манбаи пардохт нигоҳ дошта шудааст, тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо дарназардошти талаботи қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 157 Кодекси мазкур ҳар моҳ (ҳар семоҳа) то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешаванд, ки баъди моҳи (семоҳаи) ҳисоботӣ фаро мерасад.
  4. Эъломияи андоз аз фоида то 1-уми апрели баъди соли ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
  5. Эъломияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фоидаи воқеии ба буҷети давлатӣ пардохтшаванда, ки шакли он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, то 1 августи соле, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …