Пейзаж

Пейзаж жанрест, ки ягон намуди махалро тасвир менамо- яд. Калимаи мазкури фаронсави монанди «мамлакат», «замин» тарчума мешавад. То асри XVII пейзаж дар расмхо ба таври одди зерманзар буд. Хамчун жанри мустакил онро рассомони Голлан­дия муайян намудаанд.

«Сохтмони НБО». А. Турсункулов
«Сохтмони НБО». А. Турсункулов

Дар санъати тасвирии пейзаж ду намуди асоси – эпики ва лирики пайдо шуд. Дар расмхо тасвир карда шуданд: хашамати табиат, водихои беканор, куллахои куххо, фарохихои бахрхо.

Дар пейзажхои эпики бинандагон эхсоси хамдарди, хурсанди ё гамро дарк мекунанд, тасвири расмхо комилтар, кахрамонона аст.

 

Аммо дар тасвирхои пейзажи лирики ба инсон ороми таъсир мебахшад, табиат дар хомуши тасвир ёфтааст.

«Кайхон». А. Леонов
«Кайхон». А. Леонов

Дар асри XXI бо вучуди рушди суръатноки прогресси илмию техники, рассомон тасвир кардани пейзажхои эпики ва лирики: шахрхо, дехахо ва манзарахои бахрро идома медиханд.
Дар ин замон намуди нави пейзаж – индустриали пайдо мегар- дад.
Пейзажи саноати (индустрияви) – расмхо бо тасвири корхонахои саноати, заводу, фабрикахо, сохтмонхои азим ва объектхои дигар.

Пас аз парвози инсон ба кайхон эчоди пейзажхои кайхони шу- руъ гардид, ки онхо каблан хатто дар тафаккури инсонхо чой на- дошт. Алексей Архипович Леонов – нахустин кайхоннаварде, ки ба фазои кушоди кайхон баромад. Аз руйи пейзажхои кайхонии у маълум аст, ки вай инчунин рассоми боистеъдод аст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …