Пейзаж

Пейзаж жанрест, ки ягон намуди маҳалро тасвир менамо- яд. Калимаи мазкури фаронсавӣ монанди «мамлакат», «замин» тарҷума мешавад. То асри XVII пейзаж дар расмҳо ба таври оддӣ зерманзар буд. Ҳамчун жанри мустақил онро рассомони Голлан­дия муайян намудаанд.

«Сохтмони НБО». А. Турсункулов
«Сохтмони НБО». А. Турсункулов

Дар санъати тасвирии пейзаж ду намуди асосӣ – эпикӣ ва лирикӣ пайдо шуд. Дар расмҳо тасвир карда шуданд: ҳашамати табиат, водиҳои беканор, қуллаҳои кӯҳҳо, фарохиҳои баҳрҳо.

Дар пейзажҳои эпикӣ бинандагон эҳсоси ҳамдардӣ, хурсандӣ ё ғамро дарк мекунанд, тасвири расмҳо комилтар, қаҳрамонона аст.

 

Аммо дар тасвирҳои пейзажи лирикӣ ба инсон оромӣ таъсир мебахшад, табиат дар хомӯшӣ тасвир ёфтааст.

«Кайҳон». А. Леонов
«Кайҳон». А. Леонов

Дар асри XXI бо вуҷуди рушди суръатноки прогресси илмию техникӣ, рассомон тасвир кардани пейзажҳои эпикӣ ва лирикӣ: шаҳрҳо, деҳаҳо ва манзараҳои баҳрро идома медиҳанд.
Дар ин замон намуди нави пейзаж – индустриалӣ пайдо мегар- дад.
Пейзажи саноатӣ (индустриявӣ) – расмҳо бо тасвири корхонаҳои саноатӣ, заводу, фабрикаҳо, сохтмонҳои азим ва объектҳои дигар.

Пас аз парвози инсон ба кайҳон эҷоди пейзажҳои кайҳонӣ шу- руъ гардид, ки онҳо қаблан ҳатто дар тафаккури инсонҳо ҷой на- дошт. Алексей Архипович Леонов – нахустин кайҳоннаварде, ки ба фазои кушоди кайҳон баромад. Аз рӯйи пейзажҳои кайҳонии ӯ маълум аст, ки вай инчунин рассоми боистеъдод аст.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср …