Главная / Илм / ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «САБАД»

ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «САБАД»

Барномаи системавии Сабад (Корзина – Recycle Bin) – объекти махсуси системаи оператсионии Windows ба шумор рафта, барои муваккатан нигох доштани объектхои несткардашудаи система хизмат мерасонад. Барои ин программа дар Мизи кории Windows нишонаи пешбини карда шудааст.

Системаи Windows чунон сохта шудааст, ки хангоми несткунии файлу папкахои нолозим, онхо аслан аз диск пурра нест карда нашуда, балки дар кисми хотира, ки онро программаи Сабад идора мекунад, чойгир карда мешаванд.

sabadОбъектхои ба Сабад чойгиркардашуда дар оянда аз руи зарурат баркарор карда мешаванд ё аз диск бе бозгашт несткарда мешаванд. Агар дигархелтар карда гуем, хангоми несткунии объектхо онхо аслан дар диск боки мемонанд, вале танхо бо ёрии программаи Сабад дастрас карда мешаванд.

Агар объектхо аз Сабад нест карда шаванд, он гох онхо аз диск низ пурра нест карда мешаванд.

Кайд кардан зарур аст, ки барои объектхои несткардашу да Windows 10% хачми диски винчестерро чудо менамояд.

Агар хачми хамаи объектхои несткардашуда аз 10% хачми винчестер зиёдтар шавад, он гох система ба таври автомати объектхои пештар ба Сабад партофташударо аз диск нест менамояд.

Барои несткунии объектхо аз имкониятхои муш ё равзанахои робитави истифода мебаранд. Масалан, объекти дар Мизи кори чойгирбударо бо усули кучониш нест наму-

дан мумкин аст. Барои ин нишонаи объектро кайд намуда, тугмаи чапи мушро пахшкунон нишонаи объектро ба болои нишонаи Сабад мегузорем ва тугмаи мушро сар медихем.

Дар натича, дар экран равзанаи робитавие пайдо гардида, аз мо мепурсад, ки дар хакикат хам мо объекти кайдшударо нест кардани хастем ё не? Агар тугмаи Да (Ха) пахш карда шавад, он гох объект ба Сабад партофта мешавад. Дар мавриди пахши тугмаи Нет (Не) бошад, амали несткунии объект ичро намешавад.

Агар объекти нестшаванда дар равзанаи ягон папка чойгир шуда бошад, он гох аввал онро чудо мекунем ва баъд тугмаи рости мушро пахш менамоем. Дар равзанаи робитавии пайдогашта сатри Удалить (Нест карда шавад)-ро пахш менамоем ва ба мисли амалхои несткуни дар Мизи кори, амалиётгузарониро давом медихем.

Барои баркароркунии объектхои сахван несткардашуда ё аз объектхо пурра тоза кардани Сабад, аз равзанаи программаи Сабад истифода мебаранд. Равзанаи Сабадро бо пахши дукаратаи нишонаи он дар Мизи кори ё бо ёрии программаи Компютери ман ва ё программаи Рохбалад кушо\дан мумкин аст.

sabad

Объектхои баркароршавандаро дар майдони кории равзанаи Сабад чудо карда, баъд командаи менюи он ФайлВостановить (ФайлБаркарор карда шавад)-ро истифода бурдан лозим аст. Барои аз диск нест кардани объектхои алохида, аввал онхоро чудо ва баъд командаи ФайлУдалить (ФайлНест карда шавад)-ро амали гардонидан лозим аст. Командаи ФайлОчистить корзину (ФайлСабад тоза карда шавад) бошад, хамаи объектхои дар Расми 39. Равзанаи программаи Сабад Сабад махфузбударо аз диск пурра нест менамояд, ки онхо дигар имконияти баркароршави надоранд.

ЭЗОХ:

 Хангоми ба Сабад партофтани объектхо хеле эхтиёткор бу дан зарур аст, то ки объектхои истифодабарандагони дигари компютерро нест нанамоед.

 На хама вакт объектхои несткардашударо имконияти баркароркуни вучуд дорад.

 Набояд фаромуш кард, ки дар катори объектхои несткардашаванда, метавонанд программахои системавии Windows низ чой дошта бошанд. Несткунии ин программахо бошад, метавонад системаи компютериро аз кор барорад!

Саволхо:

  1. Программаи системавии Сабад барои халли кадом масъалахо пешбини карда шудааст?
  2. То чанд фоиз хачми диски винчестерро программаи Сабад метавонад банд намояд?
  3. Оё объектхои ба Сабад партофташударо аз нав баркарор намудан мумкин аст? Агар мумкин бошад, пас чи тавр?
  4. Дар кадом мавридхо объектхои ба Сабад партофташударо баркарор намудан мумкин нест?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро накл кунед.
  2. Равзанаи папкаи хусусии худро кушоед ва ягон зерпапкаи ихтиёрии онро ба Сабад партоед ва онро аз нав баркарор намоед. Бинед, ки дар экран чи ходиса руй медихад.
  3. Аз имкониятхои муш истифода бурда дар Мизи кори ягон папкаи кориро ба Сабад гузоред ва баъд аз нав онро баркарор намоед.
  4. Дар равзанаи папкаи хусусии худ аз усули истифодабарии равзанаи робитавии несткунии объектхо истифода бурда, ягон зерпапкаи худро нест намоед ва онро аз нав баркарор намоед.
  5. Аз командахои мувофик истифода бурда гурухи объектхои пай дарпай чойгиршудаи равзанаро ба Сабад партоед ва аз нав онхоро баркарор намоед. Ин амалиётро барои гурухи объектхои дар чойхои гуногуни равзана чойгиршуда такрор намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …