Главная / Илм / ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «САБАД»

ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «САБАД»

Барномаи системавии Сабад (Корзина – Recycle Bin) – объекти махсуси системаи оператсионии Windows ба шумор рафта, барои муваққатан нигоҳ доштани объектҳои несткардашудаи система хизмат мерасонад. Барои ин программа дар Мизи кории Windows нишонаи пешбинӣ карда шудааст.

Системаи Windows чунон сохта шудааст, ки ҳангоми несткунии файлу папкаҳои нолозим, онҳо аслан аз диск пурра нест карда нашуда, балки дар қисми хотира, ки онро программаи Сабад идора мекунад, ҷойгир карда мешаванд.

sabadОбъектҳои ба Сабад ҷойгиркардашуда дар оянда аз рўи зарурат барқарор карда мешаванд ё аз диск бе бозгашт несткарда мешаванд. Агар дигархелтар карда гўем, ҳангоми несткунии объектҳо онҳо аслан дар диск боқӣ мемонанд, вале танҳо бо ёрии программаи Сабад дастрас карда мешаванд.

Агар объектҳо аз Сабад нест карда шаванд, он гоҳ онҳо аз диск низ пурра нест карда мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки барои объектҳои несткардашу да Windows 10% ҳаҷми диски винчестерро ҷудо менамояд.

Агар ҳаҷми ҳамаи объектҳои несткардашуда аз 10% ҳаҷми винчестер зиёдтар шавад, он гоҳ система ба таври автоматӣ объектҳои пештар ба Сабад партофташударо аз диск нест менамояд.

Барои несткунии объектҳо аз имкониятҳои муш ё равзанаҳои робитавӣ истифода мебаранд. Масалан, объекти дар Мизи корӣ ҷойгирбударо бо усули кўчониш нест наму-

дан мумкин аст. Барои ин нишонаи объектро қайд намуда, тугмаи чапи мушро пахшкунон нишонаи объектро ба болои нишонаи Сабад мегузорем ва тугмаи мушро сар медиҳем.

Дар натиҷа, дар экран равзанаи робитавие пайдо гардида, аз мо мепурсад, ки дар ҳақиқат ҳам мо объекти қайдшударо нест карданӣ ҳастем ё не? Агар тугмаи Да (Ҳа) пахш карда шавад, он гоҳ объект ба Сабад партофта мешавад. Дар мавриди пахши тугмаи Нет (Не) бошад, амали несткунии объект иҷро намешавад.

Агар объекти нестшаванда дар равзанаи ягон папка ҷойгир шуда бошад, он гоҳ аввал онро ҷудо мекунем ва баъд тугмаи рости мушро пахш менамоем. Дар равзанаи робитавии пайдогашта сатри Удалить (Нест карда шавад)-ро пахш менамоем ва ба мисли амалҳои несткунӣ дар Мизи корӣ, амалиётгузарониро давом медиҳем.

Барои барқароркунии объектҳои саҳван несткардашуда ё аз объектҳо пурра тоза кардани Сабад, аз равзанаи программаи Сабад истифода мебаранд. Равзанаи Сабадро бо пахши дукаратаи нишонаи он дар Мизи корӣ ё бо ёрии программаи Компютери ман ва ё программаи Роҳбалад кушо\дан мумкин аст.

sabad

Объектҳои барқароршавандаро дар майдони кории равзанаи Сабад ҷудо карда, баъд командаи менюи он ФайлВостановить (ФайлБарқарор карда шавад)-ро истифода бурдан лозим аст. Барои аз диск нест кардани объектҳои алоҳида, аввал онҳоро ҷудо ва баъд командаи ФайлУдалить (ФайлНест карда шавад)-ро амалӣ гардонидан лозим аст. Командаи ФайлОчистить корзину (ФайлСабад тоза карда шавад) бошад, ҳамаи объектҳои дар Расми 39. Равзанаи программаи Сабад Сабад маҳфузбударо аз диск пурра нест менамояд, ки онҳо дигар имконияти барқароршавӣ надоранд.

ЭЗОҲ:

 Ҳангоми ба Сабад партофтани объектҳо хеле эҳтиёткор бу дан зарур аст, то ки объектҳои истифодабарандагони дигари компютерро нест нанамоед.

 На ҳама вақт объектҳои несткардашударо имконияти барқароркунӣ вуҷуд дорад.

 Набояд фаромўш кард, ки дар қатори объектҳои несткардашаванда, метавонанд программаҳои системавии Windows низ ҷой дошта бошанд. Несткунии ин программаҳо бошад, метавонад системаи компютериро аз кор барорад!

Саволҳо:

  1. Программаи системавии Сабад барои ҳалли кадом масъалаҳо пешбинӣ карда шудааст?
  2. То чанд фоиз ҳаҷми диски винчестерро программаи Сабад метавонад банд намояд?
  3. Оё объектҳои ба Сабад партофташударо аз нав барқарор намудан мумкин аст? Агар мумкин бошад, пас чӣ тавр?
  4. Дар кадом мавридҳо объектҳои ба Сабад партофташударо барқарор намудан мумкин нест?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Равзанаи папкаи хусусии худро кушоед ва ягон зерпапкаи ихтиёрии онро ба Сабад партоед ва онро аз нав барқарор намоед. Бинед, ки дар экран чӣ ҳодиса рўй медиҳад.
  3. Аз имкониятҳои муш истифода бурда дар Мизи корӣ ягон папкаи кориро ба Сабад гузоред ва баъд аз нав онро барқарор намоед.
  4. Дар равзанаи папкаи хусусии худ аз усули истифодабарии равзанаи робитавии несткунии объектҳо истифода бурда, ягон зерпапкаи худро нест намоед ва онро аз нав барқарор намоед.
  5. Аз командаҳои мувофиқ истифода бурда гурўҳи объектҳои пай дарпай ҷойгиршудаи равзанаро ба Сабад партоед ва аз нав онҳоро барқарор намоед. Ин амалиётро барои гурўҳи объектҳои дар ҷойҳои гуногуни равзана ҷойгиршуда такрор намоед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …