Главная / Маданият ва санъат / ПРОГРАММАХОИ КОМПЮТЕРИ

ПРОГРАММАХОИ КОМПЮТЕРИ

Тавре ки зикр карда шуд, холо дар чахон намудхои гуногун ва микдори хеле зиёди мошинхои электронии хисоббарор мавчуданд. Компютер аз мачмуи кисмхои ба хам алокаманди техники ва программави иборат буда, барои ичро намудани амалхои элементарии арифметики, мантики ва умуман амалхои табиати гуногун дошта пешбини карда шудааст.

barnomaБа чунин амалхо, масалан, чамъ ё зарб намудани ду адад, мукоиса намудани кимати ду бузурги, аз як чойи хотираи компютер ба чойи дигари он равон кардани информатсия, дохилкуни, тахриркуни ва форматкунии (колиббанди) матнхо, кашидан ва ороиши расму графикхо ва умуман коркарди хама гуна информатсияе, ки имруз инсон дар ин ё он сохаи фаъолияти худ истифода мебарад, дохил мешаванд. МЭХ як амалро ичро намуда, бо таври автомати ба ичрокунии амали дигар шуруъ менамояд. Ва хамин тарик, вай метавонад пайдарпайии хеле дарози амалхоро бе дахолати инсон ичро намояд.

  • Пайдарпайии амалиёти (дастурхо) барои компютер фахмо бударо программа мегуянд.
  • Мохияти принсипи идоракунии програмавии кори МЭХ аз он иборат аст, ки он бо ёрии программа кор мекунад.
  • Раванди навиштани программаро барои компютер программасози меноманд.

Компютер аслан бо программахои дар забони мошини навишташуда кор мекунад. Ин гуна программахо хеле якранг ва дилгиркунандаанд. Бинобар хамин хам, имрузхо кариб хамаи программахо дар забонхои программасози ё худ алгоритми навишта мешаванд. Хар як компютер дар таркиби программавии худ программа-тарxумонхоеро дорад, ки онхо программаи кориро аз забони алгоритми бо таври автомати ба забони мошини тарxума менамоянд ва пас аз хисобу китоб матни программа ва натиxахоро боз ба забони мукаррари (алгоритми) бармегардонанд. Чунин программахоро траслятор (tкanslatoк -тарxумон) мегуянд.

Саволхо:

  1. Компютер кадом намуди амалхоро ичро карда метавонад?
  2. Программа чист?
  3. Мохияти принсипи идоракунии программавии компютер аз чи иборат аст?
  4. Компютер аслан бо кадом намуди программахо кор мекунад?
  5. Транслятор чист?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Намуди амалиётхоеро номбар кунед, ки компютер онхоро ичро карда метавонад.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …