Главная / Илм / ПАНИРМОЯ дар Канзи Шифо (Китоб)

ПАНИРМОЯ дар Канзи Шифо (Китоб)

panirmoya-660x330Панирмоя ин меъда, яъне ширдони хайвоноти ширхора аст, ки наздик ба зоида шудан очаашро кушта ё баъди зоида шудан, ки хануз алаф нахурда бошад, аз шиками бачааш дархол чудо карда мегиранд хох дар он моеъ бошад бо он, хох набошад. Баъди зоида шудан низ то кох хурдани он ин узви онро панирмоя меноманд ва аз он, ки кох ё алаф бихуранд, онро панирмоя наменоманд. Панирмояи хар як хайвон хислати ба худ хосеро дорад. Инро хам дар тариаш ва хам хушк намуда истеъмол мекунанд.

Мизочи хамаи навъхои панирмоя дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст, вале мувофики як катор кавлхо гарм дар аввали дарачаи севум аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, барои саръ (припадка) дору мебошад; агар бо сирко ё бо маска, ё бо асал бихуранд, саръро, ки аз чамъ шудани балгам дар майна бошад, шифо мебахшад, хусусан панирмояи заргуш дар ин бобат кавитар аст, ки 1,75 грамми онро дар сиркои ангури хал намуда бинушанд.

Чун кудаконро камтар аз он бихуронанд, аз иллати саръ эмин мегарданд. Ошомидани хамаи навъхои панирмоя барои тамаддуд (бехаракат мондани узв), кузоз (столбняк)-и балгами ва хафа (бугма) шудани бачадон шифо мебахшад, зеро ки ин гудозандаи хамаи ахлоти шахшуда аст ва баръакс шах ва гафскунандаи ахлоти гудохта мебошад. Хуллас, онро дар сирко хал карда бихуранд, хуни дар меъда шахшударо тахлил медихад. Хох ба танхои бихуранд ва ё бо давохои муносиб панирмояро биёшоманд, хун ва ширро, ки дар меъда, хичак (пешобдон) ва дигар узвхо шах шуда бошад, тахлил менамояд, хуни биниро мебандад, хомила шуданро манъ мекунад, исхолро мебандад; умуман агар инро бихуранд, дилро кави мегардонад, фарах мебахшад. Аммо бинобар он, ки бисёр гарммизоч аст, асабро аз фарах хам зиёда бармеангезад ва инчунин газабро ба хаячон меоварад.

Агар занхо баъд аз пок шудан аз хайз панирмояро аз таг бардоранд, ба хомила шудан кумак мерасонад. 7,75 грамми онро бо шароб биёшоманд, бинобар куввати тарёки доштанаш газидани чонварони захрноки монанди морро шифо мебахшад ва захрхои каттолро аз бадан дафъ мекунад; исхоли кухнаро банд месозад, дарди шикам ва захми рудахоро шифо мебахшад ва равон шудани рутубати бемавриди бачадонро, ки кухна шуда бошад, ислох мекунад.

Чун занхо баъд аз пок шудан аз хайз се руз пай дар хам панирмояро биёшоманд, саръро дафъ месозад. Мегуянд, ки чун зан панирмояи заргуши нар ё хояи онро бо шароб даромехта бихурад, хомила мегардад — писар мезояд ва аз модаи он биёшомад, духтар меоварад. Чун микдори якуним нахуд аз панирмояи заргуш биёшоманд; таби дуруздармиёнро дафъ мекунад.

Чун панирмояро бо гули хайри ва равгани зайтун сиришта, бар бадан бигузоранд, тир ва хори даромадаро берун меоварад. Панирмояро ба сурохихои бини бимоланд, хуни биниро манъ мекунад. Агар бемори табгирифта инро ба нарангушташ биёвезад, таби онро дафъ месозад. Панирмояи гурхар, бузи кухи, оху, хачир, гусфанд ва филро ба кадри як нахуд бихуранд, бохро багоят кави мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …