Моддаи 152-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Огох кардани тарафхо аз шикоят ва эътирози пешниходшуда
- Дар хусуси шикоят ва эътирози воридшуда судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки карор баровардаанд, шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда, химоятгар, чабрдида ё намояндаи у, инчунин намояндагони конунии онхоро, агар эътироз ё шикоят ба манфиати онхо дахолат кунад, огох намуда, мефахмонанд, ки онхо хукук доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хатти эродхои худро ба шикоят ё эътироз пешниход кунанд.
- Бо хохиши онхо суд нусхаи эътироз ё шикоятро ба онхо месупорад.
- Эродхое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд‚ ба парванда хамрох карда мешаванд.