Главная / Ҷамъият / Огоҳ кардани тарафҳо аз шикоят ва эътирози пешниҳодшуда

Огоҳ кардани тарафҳо аз шикоят ва эътирози пешниҳодшуда

Моддаи 152-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Огоҳ кардани тарафҳо аз шикоят ва эътирози пешниҳодшуда 

  1. Дар хусуси шикоят ва эътирози воридшуда судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки қарор баровардаанд, шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда, ҳимоятгар, ҷабрдида ё намояндаи ӯ, инчунин намояндагони қонунии онҳоро, агар эътироз ё шикоят ба манфиати онҳо дахолат кунад, огоҳ намуда, мефаҳмонанд, ки онҳо ҳуқуқ доранд, бо шикоят ё эътироз шинос шаванд ва ба таври хаттӣ эродҳои худро ба шикоят ё эътироз пешниҳод кунанд.
  2. Бо хоҳиши онҳо суд нусхаи эътироз ё шикоятро  ба онҳо месупорад.
  3. Эродҳое, ки нисбат ба эътироз ё шикоят расидаанд‚ ба парванда ҳамроҳ карда мешаванд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …