Главная / Чамъият / ОМОДАГИ БА САФАРБАРИ ВА САФАРБАРИ

ОМОДАГИ БА САФАРБАРИ ВА САФАРБАРИ

Конуни ЧумхурииТочикистон

ДАР БОРАИ ОМОДАГИ БА САФАРБАРИ ВА САФАРБАРИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2012, №4, мод. 249)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари дар Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда, принсипхои асоси, тартиб, салохият, ухдадорихо ва масъулияти макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, шахсони мансабдор ва шахрвандони Чумхурии Точикистонро дар ин соха мукаррар менамояд.

ОМОДАГИ БА САФАРБАРИ ВА САФАРБАРИ

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

сафарбари – мачмуи чорабинихои умумидавлатии марбут ба гузаронидани сохахои иктисодиёт, макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукуки (минбаъд-ташкилотхо), каламрав ва ахоли ба низоми холати чанг, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус ба ташкил, хайат ва идоракуни дар замони чанг (сафарбарии умуми ва ё кисме аз онхо – сафарбарии чузъи);

омодаги ба сафарбари – мачмуи чорабинихои дар замони осоишта гузаронидашаванда ва ба идоракунии устувори давлат дар замони чанг, гузариши муташаккилонаи сохахои иктисодиёти мамлакат ба таъмин намудани талаботи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус, ахоли, хифзи мусаллахона ва мудофиаи мамлакат, таъмини фаъолияти вохидхои марзиву маъмури ва ташкилотхо дар давраи сафарбари, холати чанг ва замони чанг равонашуда;

макоми ваколатдор дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари – макоми давлатии амалисозандаи ташаккулёбии сиёсати давлати дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари;

иктидорхои сафарбари – майдонхои истехсоли, тачхизоти технологи, хуччатхои мухандиси–техники ва дигар хуччатхои барои ичрои фармоишхои сафарбари таъингардида;

захираи сафарбари – захираи эхтиётии сарватхои модди ва масолехи барои эхтиёчоти сафарбарии давлат пешбинишуда оид ба вусъат додани истехсоли махсулоти саноатии таъиноти харби ва дигар намудхои махсулоти саноати, таъмири техника ва молу мулки харби дар давраи махсус, вусъат бахшидан ба корхои баркароркунии роххои охан ва автомобилгард, аэродромхо, хатхои алока ва иншооти он, кубурхои нафту газ, системаи таъминоти обу барк дар замони чанг барои таъмини кори мунтазами сохахои саноат, наклиёт ва алока, расонидани ёрии тибби;

супориши сафарбари – супориш ба макомоти давлати барои ичрои чорабинихои ба халли вазифахо доир ба таъмини фаъолияти устувори давлат дар давраи сафарбари, холати чанг ва замони чанг равонашуда;

– фармоиши сафарбари – фармоиши давлати ба ташкилотхо оид ба истехсоли мол (кор, хизматрасони)-хои номгуи муайян, микдор ва сифати онхо, таъсиси вохидхои махсус дар давраи сафарбари, холати чанг ва замони чанг;

накшаи сафарбари – накшаи чорабинихои аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдиккардашудаи ба татбики чорахо оид ба вусъатдихии сафарбарии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус, гузариши сохахои иктисодиёт, макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, вохидхои марзиву маъмури ва ахолии Чумхурии Точикистон ба низоми фаъолият дар давраи сафарбари, холати чанг ва замони чанг бо рохи ичрои супориш (фармоиш)-хои сафарбари, инчунин дигар чорабинихои омодаги ба сафарбари равонашуда;

сохтори сафарбари – сохтори аз тарафи макомоти давлати ва ташкилотхо таъсисдодашуда барои ташкили чорабинихо доир ба омодаги ба сафарбари, сафарбари ва назорати ичрои онхо;

брон кардан – муваккатан озод намудани шахсони мансабдор, кормандони сохибихтисос ва мутахассисони дар эхтиёт карордоштаи макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин ташкилотхо аз даъват ба хизмати харби дар давраи сафарбари ва замони чанг.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи омодаги ба сафарбари ва сафарбари ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон иборат аст.

 

Моддаи 3. Принсипхои асосии омодаги ба сафарбари ва сафарбари

Принсипхои асосии омодаги ба сафарбари ва сафарбари инхоянд:

– конуният;

– риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– хатми будани гузаронидани омодаги ба сафарбари;

– нигахдори, дахлнопазирии иктидорхо ва захираи сафарбари;

-рохбарии мутамарказ чихати ташкил ва гузаронидани чорабинихои накшави;

– омодагии пешаки ва таъмини чорабинихои накшави;

– мачмуи (комплекси) будан ва хаммувофикатии чорабинихои сохави ва худуди;

– назорати доимии ташкил ва гузаронидани чорабинихо.

 

Моддаи 4. Мундаричаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

Ба мундаричаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари дохил мешаванд:

– тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари;

– таъмини илмию методии омодаги ба сафарбари ва сафарбари;

– омода намудани каламрав, сохахои иктисодиёти Чумхурии Точикистон ва муайян кардани шароити кори макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо дар давраи сафарбари, холати чанг ва замони чанг;

– гузаронидани чорабинихо оид ба гузариши сохахои иктисодиёти Чумхурии Точикистон, макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо ва вохидхои марзиву маъмури ба кор дар шароити замони чанг;

– тахияи накшахои сафарбарии сохахои иктисодиёти Чумхурии Точикистон, макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, вохидхои марзиву маъмури, ахоли, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус;

– тахияи коидахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари дар Чумхурии Точикистон;

– тахияи тартиби огохонидан дар бораи сафарбари;

– омода намудани ахоли, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус барои сафарбари;

– гузаронидани сафарбарии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус;

– баходихии холати тайёрии сафарбарии Чумхурии Точикистон;

– ташкил, инкишоф ва нигахдории иктидорхо ва объектхои сафарбари барои истехсоли махсулоте, ки барои конеъ гардонидани талаботи давлат, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус, эхтиёчоти ахоли дар замони чанг зарур аст;

– таъсис ва омода намудани вохидхои махсусе, ки хангоми эълони сафарбари барои супоридан ба Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ё барои истифодабари ба манфиати онхо, инчунин ба манфиати иктисодиёти Чумхурии Точикистон таъин шудаанд;

– омода кардани техникае, ки хангоми эълони сафарбари барои тахвил ба Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус ё барои истифодабари ба манфиати онхо таъин шудааст;

– ташкил, чамъовари, нигахдори ва азнавкунии захирахои эхтиётии сарватхои моддии захирахои сафарбари ва давлати, захирахои эхтиётии камнашавандаи махсулоти озукавори ва нафти;

– ташкил, нигахдори ва истифодаи фонди сугуртавии хуччатхои аслиха ва техникаи харби, махсулоти таъиноти стратеги, объектхои дорои хатари зиёд, системахои таъминоти зиндагии ахоли ва объектхое, ки сарвати милли мебошанд;

– омодаги ва ташкили таъминоти меъёрии ахоли бо махсулоти озукавори ва гайриозукавори, хизматрасонии тибби, воситахои алока ва наклиёт дар давраи сафарбари, холати чанг ва дар замони чанг;

– ташкил намудани нуктахои эхтиётии идоракунии макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо ва омода намудани онхо ба кор дар шароити замони чанг;

– омодагии воситахои ахбори омма ба кор дар давраи сафарбари ва дар замони чанг;

– ташкили бакайдгирии харби дар макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо;

– тайёр кардани шахрвандон аз руи ихтисосхои кайди харби барои пуррагардонии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус дар давраи сафарбари ва дар замони чанг;

– барои давраи сафарбари ва замони чанг брон кардани шахрвандоне, ки дар эхтиёти Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон буда, дар макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо кор мекунанд;

– гузаронидани машгулият ва машкхо барои вусъат додани сафарбари ва ичрои накшахои сафарбари;

– такмили ихтисоси кормандони сохторхои сафарбари;

– хамкории байналмилали дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари;

– ичрои дигар чорабинихои ба омодаги ба сафарбари ва сафарбари алокаманд, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

 

БОБИ 2. САЛОХИЯТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ВА МАКОМОТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ОМОДАГИ БА САФАРБАРИ ВА САФАРБАРИ

 

Моддаи 5. Салохияти Президенти Чумхурии Точикистон дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

Президенти Чумхурии Точикистон:

– рохбарии умумии фаъолияти макомоти давлатиро дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари дар Чумхурии Точикистон амали менамояд;

– макоми ваколатдорро дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари муайян менамояд;

– максад ва вазифахои омодаги ба сафарбари ва сафарбариро дар Чумхурии Точикистон муайян менамояд;

– хисоботи Хукумати Чумхурии Точикистонро дар бораи масъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари барраси менамояд;

– оид ба масъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари фармонхо мебарорад;

– хангоми тахдиди хатари вокеи ба амнияти давлат холати чангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдики чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход мекунад;

– дар саросари Чумхурии Точикистон ва ё дар махалхои алохидаи он вазъияти фавкулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдики чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд ва ба Созмони Милали Муттахид хабар медихад;

– низоми кори макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхоро дар давраи сафарбари, холати чанг ва дар замони чанг мукаррар менамояд;

– накшаи сафарбарии Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

– коидахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари дар Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

– тартиби коидахои баходихии тайёрии сафарбари дар Чумхурии Точикистонро тасдик менамояд;

– тартиби огохонидан дар бораи сафарбариро тасдик менамояд;

– назорати гузаронидани чорабинихо оид ба вусъат додани сафарбарии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус, хамчунин хангоми эълони сафарбари ичрои карорхоро дар бораи гузариши сохахои иктисодиёти Чумхурии Точикистон ба низоми холати чанг ташкил менамояд;

– шартномахои байналмилалиро дар бораи хамкори оид ба масъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари ба имзо мерасонад;

– тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар салохияти барои химояи давлат заруриро оид ба масъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари амали менамояд.

 

Моддаи 6. Салохияти Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

  1. Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:
    – фармонхои Президенти Чумхурии Точикистонро дар бораи чори намудани холати чанг ва вазъияти фавкулодда тасдик менамояд;

– барои истифодаи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон берун аз худуди он барои ичрои ухдадорихои байналмилалии Точикистон розиги медихад.

  1. Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

– конунхои кабулнамудаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба масаъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари ва ба онхо ворид намудани тагйиру иловахоро барраси менамояд;

– тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар салохиятро оид ба масъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари амали менамояд.

  1. Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

– конунхо оид ба масъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбариро кабул карда, ба онхо тагйиру иловахо ворид менамояд;

– санадхои хукукии байналмилалиро оид ба масъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари тасдик ва бекор мекунад;

– тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар салохиятро оид ба масъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари амали менамояд.

 

Моддаи 7. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

Хукумати Чумхурии Точикистон:

– ба омодаги ба сафарбари ва сафарбари дар Чумхурии Точикистон рохбари намуда, ичрои онро таъмин мекунад;

– фаъолияти мувофикашуда ва хамкории мутакобилаи макомоти давлатиро дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари муайян мекунад;

– вазифахои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро оид ба таъмини мудофиаи худуди, тачхизонидани фаврии худуд ва гузаронидани чорабинихо доир ба мудофиаи граждани мукаррар мекунад;

– тартиби бастани шартнома (карордод)-хоро дар бораи аз тарафи ташкилотхо ичро гардидани фармоишхои сафарбари ва таъмини фармоишхои мазкурро бо захирахои моддию техники муайян менамояд;

– тартиб ва манбаъхои маблаггузории чорабинихо оид ба омодаги ба сафарбари ва сафарбариро ба ташкилотхое, ки фармоишхои сафарбари доранд, муайян мекунад;

– тартиби бекор кардан ва додани фармоишхои сафарбариро хангоми муфлисшави, бархамдихи, азнавташкилдихи ва тагйирёбии самти фаъолияти ташкилотхо муайян менамояд;

– гузаронидани машгулият (машк)-хои харби ва фармондехи-ситоди барои вусъат додани сафарбари ва ичрои чорабинихои сафарбариро дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус ташкил мекунад;

– тартиби ташаккул, чамъовари, нигахдори, хизматрасони ва истифодабарии сарватхои моддии захираи сафарбариро дар захираи моддии давлати мукаррар менамояд;

– тартиби ташкил, нигахдори ва истифодаи фонди сугуртавии хуччатхои аслиха ва техникаи харби, махсулоти таъиноти стратеги, объектхои дорои хатари зиёд, системахои таъминоти зиндагии ахоли ва объектхоеро, ки сарвати милли мебошанд, мукаррар менамояд;

– тартиби хисоботдихии омориро дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари мукаррар мекунад;

– холати тайёрии сафарбарии Чумхурии Точикистонро арзёби намуда, дар ин хусус хар сол ба Президенти Чумхурии Точикистон хисобот пешниход менамояд;

– омодагии сохахои иктисодиёти Чумхурии Точикистон ва шароити кори макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхоро дар давраи сафарбари, холати чанг ва замони чанг ташкил мекунад;

– омодагии таъминоти меъёрии ахоли бо махсулоти озукавори ва гайриозукавори, хизматрасонии тибби ва таъмини он бо воситахои алока ва наклиётро дар давраи сафарбари, холати чанг ва дар замони чанг ташкил мекунад;

– гузаронидани машгулият ва машкхоро барои вусъат додани сафарбари ва ичрои накшахои сафарбари таъмин менамояд;

– ташкил ва тартиби брон кардани шахрвандони дар эхтиёт карордоштаро барои давраи сафарбари ва замони чанг муайян менамояд;

– тибки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дигар салохиятро оид ба масъалахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари амали менамояд.

 

Моддаи 8. Ваколатхои макоми ваколатдор дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

  1. Макоми ваколатдор дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари (минбаъд-макоми ваколатдор) ташаккулёбии сиёсати давлатиро дар сохаи омодаги ба сафарбари, сафарбари ва назорати ичрои онро аз тарафи макомоти давлати ва ташкилотхои дахлдор амали менамояд. Низомномаи макоми ваколатдор аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  2. Макоми ваколатдор дар доираи ваколатхои худ:

– фаъолияти макомоти давлатиро дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари хамоханг месозад;

– дар якчояги бо макомоти ичроияи хокимияти давлати накшаи сафарбарии Чумхурии Точикистонро тахия мекунад, накшахои сафарбарии макомоти давлати ва вохидхои марзиву маъмуриро мувофика менамояд;

– коидахои омодаги ба сафарбари ва сафарбари дар Чумхурии Точикистонро тахия менамояд;

– коидахои баходихии тайёрии сафарбари дар Чумхурии Точикистонро тахия менамояд;

– тартиби огохонидан дар бораи сафарбариро тахия менамояд;

– номгуй ва хачми зарурии сарватхои моддиро дар захираи сафарбари аз руи вазифахои сафарбари тахия карда, супориши сафарбариро барои ичро ба макомоти дахлдор ирсол менамояд;

– ташкил, нигахдори ва истифодаи фонди сугуртавии хуччатхои аслиха ва техникаи харби, махсулоти таъиноти стратеги, объектхои дорои хатари зиёд, системахои таъминоти зиндагии ахоли ва объектхоеро, ки сарвати милли мебошанд, амали менамояд;

– тадкикоти илми ва таъминоти методиро дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони сохторхои сафарбариро ташкил менамояд;

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба бекор кардан ва додани фармоишхои сафарбари хангоми муфлисшави, азнавташкилдихи, бархамдихи ва тагйирёбии самти фаъолияти ташкилотхое, ки фармоишхои сафарбари доранд, тибки гузориши макомоти давлати таклифхо пешниход менамояд;

– хукуки ба таъхир андохтани даъвати шахрвандон ё гурухи алохидаи шахрвандонро ба хизмати харби тибки сафарбари дорад (бозмедорад);

– дар рушди хамкорихои байналмилали дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари иштирок менамояд.

 

Моддаи 9. Ваколатхои вазоратхо, кумитахои давлати ва дигар макомоти давлати дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

Вазоратхо, кумитахои давлати ва дигар макомоти давлати:

– сохторхои сафарбариро дар мувофика бо макоми ваколатдор таъсис медиханд;

– накшахои сафарбариро дар мувофика бо макоми ваколатдор тахия ва амали менамоянд;

– омодаги ба сафарбарии ташкилотхоро ба накша мегиранд, ташкил ва рохбари менамоянд, шароитхои зарурии ичрои супориш ва фармоишхои сафарбариро муайян мекунанд;

– барои омодаги ба сафарбари ва сафарбари дар сохаи дахлдор масъул буда, ба кормандони сохторхои сафарбари барои ичрои ухдадорихои ба зиммаи онхо гузошташуда шароитхои зарури фарохам меоранд;

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба хачми маблаггузории чорабинихо оид ба омодаги ба сафарбари таклифхо пешниход менамоянд;

– ташкил, инкишоф ва нигахдории иктидорхои сафарбари, чамъоварии захирахои давлати ва сафарбариро анчом медиханд;

– бо ташкилотхо вобаста ба ичрои фармоишхои сафарбари шартномахо мебанданд;

– ба макоми ваколатдор оид ба бекор кардани фармоишхои сафарбари ва иктидорхои сафарбари хангоми муфлисшави, бархамдихи, азнавташкилдихи ва тагйирёбии самти фаъолияти ташкилотхое, ки фармоишхои сафарбари доранд, таклифхо пешниход менамоянд;

– дар хамкории мутакобила бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба омодаги барои ичрои накшахои сафарбари чорабинихо мегузаронанд;

– дар холати эълон намудани сафарбари дар хамкории мутакобила бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати гузаронидани мачмуи чорабинихо оид ба гузариши ташкилотхо ба низоми холати чангро ташкил ва таъмин менамоянд;

– дар тахияи санадхои меъёрии хукукии сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари дар доираи ваколатхои худ иштирок мекунанд;

– ба макоми ваколатдор оид ба ташаккулёбии сиёсати давлати дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари таклифхо пешниход менамоянд;

– дар сохторхо ва ташкилотхои тобеъ гузаронидани машгулият (машк)-хои фармондехи-ситодиро оид ба чорабинихои сафарбари ташкил мекунанд;

– бакайдгирии харбии шахсони ухдадории харбидошта ва даъватшавандаро дар сохторхо ва ташкилотхои тобеи худ, барои давраи сафарбари ва замони чанг брон кардани шахрвандонеро, ки дар эхтиёт карор дошта, дар вазоратхо, кумитахои давлати, дигар макомоти давлати, инчунин дар сохторхо ва ташкилотхои тобеи онхо кор мекунанд, ташкил намуда, тибки тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пешниходи хисоботро оид ба брон кардан таъмин менамоянд;

– тибки супоришхои сафарбарии тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон вохидхои махсус таъсис медиханд, ки дар замони чанг ба манфиатхои иктисодиёт ва мудофиаи Чумхурии Точикистон истифода бурда мешаванд;

– гузаронидани чорабинихо оид ба сафарбариро дар сохторхо ва ташкилотхои тобеи худ хамоханг месозанд ва назорат мебаранд, инчунин таъмини методии ин чорабинихоро амали менамоянд.

 

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

Макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар доираи ваколатхои худ:

– омодаги ба сафарбари ва сафарбариро ташкил ва таъмин менамоянд;

– омодаги ба сафарбарии ташкилотхоеро, ки фаъолияташон дар худуди мансуб ба тобеияти онхо сурат мегирад, рохбари менамоянд;

– сохторхои сафарбариро таъсис медиханд;

– накшахои сафарбарии махаллиро дар мувофика бо макоми ваколатдор тасдик мекунанд ва ичрои онхоро таъмин менамоянд;

– ба макоми ваколатдор оид ба такмилдихии омодаги ба сафарбари ва сафарбари таклифхо пешниход менамоянд;

– ба фаъолияти комиссариатхои харби мусоидат карда, пешниходи маълумотро ба онхо доир ба бакайдгирии ташкилотхо таъмин менамоянд;

– сари вакт огохкуни ва хозиршавии шахрвандонеро, ки бояд ба хизмати харби аз руи сафарбари даъват карда шаванд, тахвили техника ба нуктахои чамъшави ё кисмхои харби, пешниходи бинохо, иншоот, воситахои коммуникатсиони, китъахои замин, воситахои наклиёт ва дигар воситахои моддиро тибки накшахои сафарбари ташкил мекунанд;

– барои давраи сафарбари ва замони чанг бакайдгирии харби ва брон кардани шахрвандонеро, ки дар эхтиёт карор дошта, дар ташкилотхои фаъолияташон дар худуди мансуб ба тобеияти онхо кор мекунанд, ташкил ва таъмин менамоянд, пешниходи хисоботро оид ба брон кардан бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон таъмин мекунанд.

 

БОБИ 3. УХДАДОРИХОИ ТАШКИЛОТХО, ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ШАХРВАНДОНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР СОХАИ ОМОДАГИ БА САФАРБАРИ ВА САФАРБАРИ

 

Моддаи 11. Ухдадорихои ташкилотхо дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

  1. Ташкилотхо дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари ухдадоранд:

– оид ба таъмини тайёрии сафарбарии худ чорабинихо ташкил намоянд ва гузаронанд;

– сохторхои сафарбари таъсис диханд ё кормандонеро, ки вазифахои сохторхои сафарбариро ичро мекунанд, таъин намоянд;

– дар асоси подош нигахдори, дахлнопазирии иктидорхои сафарбари ва сарватхои моддии захираи сафарбариро, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда шудаанд, таъмин намоянд;

– дар доираи ваколатхои худ тибки накшаи сафарбарии махалли накшаи чорабинихо оид ба сафарбариро тахия карда, ичрои онхоро таъмин намоянд;

– оид ба омодагии истехсолот барои ичрои фармоишхо дар давраи сафарбари, холати чанг ва дар замони чанг чорабинихо гузаронанд;

– бо максади таъмини омодаги ба сафарбари ва сафарбари фармоишхои сафарбариро мувофики шартнома (карордод)-хо ичро намоянд;

– хангоми эълони сафарбари барои гузариши истехсолот ба кор дар шароити замони чанг чорабинихо гузаронанд;

– ба комиссариатхои харби оид ба кори сафарбари дар замони осоишта ва хангоми эълони сафарбари мусоидат намоянд;

– сари вакт огох кардан ва ба нуктахои чамъшави ё кисмхои харби хозир шудани шахрвандонеро, ки бо онхо муносибатхои мехнати дошта, хангоми сафарбари бояд ба хизмати харби даъват шаванд, таъмин намоянд;

– тахвили техникаро ба нуктахои чамъшави ё кисмхои харби тибки накшахои сафарбари таъмин намоянд;

– мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон бинохо, иншоот, воситахои коммуникатсиони, китъахои замин, воситахои наклиёт ва дигар воситахои моддиро тибки накшахои сафарбари бо чуброни зарари ба онхо расонидашуда аз тарафи давлат бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намоянд;

– чузъу томхои бакайдгирии харбиро таъсис диханд, корхоро барои бакайдгирии харби ва брон кардани шахрвандони дар эхтиёт карордошта, ки дар ин ташкилотхо кор мекунанд, барои давраи сафарбари ва замони чанг ичро намоянд, пешниходи хисоботро оид ба брон кардан таъмин намоянд;

– фаъолияти вохидхои махсусро, ки харочоти нигахдории онхо аз хисоби бучети давлати пардохт карда мешаванд, барои ичрои вазифахои омодаги ба сафарбари ташкил ва таъмин намоянд.

  1. Ташкилотхо (хангоми мавчуд будани имкониятхо), бо максади таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат хукук надоранд, ки аз бастани шартнома (карордод)-хо оид ба ичрои фармоишхои сафарбари саркаши кунанд. Товони зарари ба ташкилотхо расонидашуда вобаста ба ичрои фармоишхои сафарбари бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.
  2. Ташкилотхо ухдадоранд, ки иттилооти барои тахия ва ичрои чорабинихои сафарбари заруриро бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намоянд.

 

Моддаи 12. Хукук ва ухдадорихои шахрвандон дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

  1. Шахрвандони дар давраи сафарбари, холати чанг ва дар замони чанг даъватшуда тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз хукукхои хизматчиёни харби бархурдор мебошанд.
  2. Шахрвандон дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари ухдадоранд:

– мувофики даъват барои муайян кардани таъиноти худ дар давраи сафарбари ва дар замони чанг ба комиссариатхои харби хозир шаванд;

– талаботеро, ки дар дастурхои сафарбарии гирифтаи онхо, даъватнома ва фармонхои комиссарони харби дарч шудаанд, ичро намоянд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар замони чанг бо максади таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат бинохо, иншоот, воситахои наклиёт ва дигар молу мулки дар моликияти онхо карордоштаро, бо чуброни зарари ба онхо расонидашуда аз тарафи давлат, бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намоянд.

  1. Шахрвандон дар давраи сафарбари ва дар замони чанг ба ичрои корхо бо максади таъмини мудофиаи мамлакат ва амнияти давлат чалб гардида, инчунин бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба вохидхои махсус дохил карда мешаванд.

 

БОБИ 4. АСОСХОИ ТАШКИЛИИ ОМОДАГИ БА САФАРБАРИ ВА САФАРБАРИ, ТАРТИБИ

МАБЛАГГУЗОРИ ВА ХАВАСМАНДГАРДОНИИ ОНХО

 

Моддаи 13. Ташкил ва тартиби омодаги ба сафарбари ва сафарбари

  1. Ташкил ва тартиби омодаги ба сафарбарии макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо, сохахои иктисодиёт, каламарав, ахоли, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус тибки Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
  2. Шахсони мансабдори макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо барои ичрои ухдадорихои ба зиммаи онхо гузошташуда оид ба ташкил ва тартиби омодаги ба сафарбари ва сафарбари тибки конунгузории Чумхурии Точикистон масъулияти шахси дошта, ба кормандони сохторхои сафарбари барои ичрои ухдадорихои ба зиммаи онхо гузошташуда шароитхои зарури фарохам меоранд.

 

Моддаи 14. Сохторхои сафарбари

  1. Макомоти давлати ва ташкилотхое, ки супориш (фармоиш)-хои сафарбари ё оид ба кори сафарбари вазифахо доранд, барои ташкили чорабинихо доир ба омодаги ба сафарбари ва сафарбари, назорати ичрои онхо дар худуди шумораи кормандони худ сохторхои сафарбари таъсис медиханд.
  2. Хайат ва штатхои сохторхои сафарбари бо назардошти хусусият ва хачми супориш (фармоиш)-хои сафарбари ё вазифахо оид ба кори сафарбари муайян карда мешаванд. Вобаста ба хачми супориш (фармоиш)-хо ё вазифахои зикргардида ба ивази таъсиси сохторхои сафарбари метавонанд кормандони сафарбари таъин карда шаванд.
  3. Рохбарони сохторхои сафарбари ё кормандони сафарбари бевосита ба рохбарони макомоти дахлдори давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо тобеъ мебошанд.
  4. Низомномаи намунавии сохторхои сафарбари бо пешниходи макоми ваколатдор аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад. Низомномахои сохторхои сафарбари, ки дар хайати макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо таъсис дода мешаванд, аз тарафи рохбарони онхо тасдик карда мешаванд.
  5. Маблаггузории сохторхои сафарбари ва кормандони сафарбари дар доираи маблагхои бучетии барои таъминоти онхо чудошуда ё аз хисоби макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхое, ки сохтори сафарбари ё кормандони сафарбари ба хайати онхо дохиланд, амали карда мешавад.

 

Моддаи 15. Захираи сафарбари

  1. Захираи сафарбари кисми таркибии захираи моддии давлати ба хисоб рафта, танхо дар давраи сафарбари, холати чанг ва замони чанг барои конеъ гардонидани эхтиёчот ва таъмини фаъолияти устувори сохахои иктисодиёт, Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус, инчунин ташкилотхои дорои фармоишхои сафарбари истифода бурда мешавад.
  2. Тартиби ташкил, нигахдори ва хизматрасонии захираи сафарбари аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Ухдадории харбию наклиёти

  1. Бо максади таъмини Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон бо воситахои наклиёт дар замони чанг, хангоми эълони холати чанг ё сафарбари дар замони осоишта-хангоми гузаронидани Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус ба холати дарачаи муайяни тайёрии чанги-Хукумати Чумхурии Точикистон ухдадории харбию наклиёти мукаррар менамояд, ки он макомоти давлати ва ташкилотхо, аз чумла фурудгоххо, анборхои маводи нафти, анборхои тахвилии сузишвори, нуктахои таъмини сузишвори, ташкилотхои таъмири ва дигар ташкилотхое, ки кори воситахои наклиётро таъмин мекунанд, инчунин шахрвандонеро, ки сохиби воситахои наклиёт мебошанд, фаро мегирад.
  2. Товони зарари хангоми амалишавии ухдадории харбию наклиёти расонидашуда бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.
  3. Тартиби ичрои ухдадории харбию наклиёти бо Низомнома оид ба ухдадории харбию наклиёти, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 17. Низоми ташкил ва гузаронидани омодаги ба сафарбари ва сафарбари

Низоми ташкил ва гузаронидани омодаги ба сафарбари ва сафарбари, инчунин хифзи иттилоот оид ба корхои гузаронидашаванда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

 

Моддаи 18. Маблаггузории омодаги ба сафарбари, сафарбари ва сохторхои сафарбари

  1. Маблаггузории омодаги ба сафарбари, сафарбари ва сохторхои сафарбари аз хисоби маблагхои бучети давлати ва ташкилотхо амали карда мешавад.
  2. Маблаггузории корхо барои омодаги ба сафарбарии ахамияти махаллидошта аз хисоби маблагхои бучетхои махалли анчом дода мешавад.
  3. Маблаггузории корхо барои омодаги ба сафарбари, ки бо ташаббуси ташкилотхо дар мувофика бо макоми ваколатдор бо максади баланд бардоштани устувории фаъолияти онхо ва тайёрии сафарбари гузаронида мешавад, аз хисоби ташкилотхо анчом дода мешавад.
  4. Тартиби маблаггузории чорабинихо барои омодаги ба сафарбари ва сафарбари аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Хавасмандгардонии омодаги ба сафарбари

  1. Бо максади хавасмандгардонии ташкилотхое, ки дорои иктидорхо ва объектхои таъиноти сафарбари, захираи сафарбари ва дигар молу мулки таъиноти сафарбари мебошанд, барои нигахдори ва истифодаи онхо, инчунин ба ташкилотхое, ки корхои вобаста ба омодаги ба сафарбариро маблаггузори менамоянд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон имтиёзхо дода мешавад.
  2. Имтиёзхои дигар ба макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхое, ки корхои вобаста ба омодаги ба сафарбариро ичро мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дода мешаванд.

 

БОБИ 5. ДАЪВАТИ ШАХРВАНДОНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БА ХИЗМАТИ ХАРБИ ТИБКИ САФАРБАРИ ВА БРОН КАРДАНИ ОНХО ДАР ЗАМОНИ ЧАНГ

 

 

Моддаи 20. Даъвати шахрвандон ба хизмати харби тибки сафарбари

  1. Шахрвандоне, ки дар эхтиёт карор доранд ва барои ба таъхир андохтани даъват ба хизмати харби хукук надоранд, ба хизмати харби тибки сафарбари даъват карда мешаванд.
  2. Шахрвандоне, ки дар эхтиёт карор доранд ва ба хизмати харби тибки сафарбари даъват нашудаанд, метавонанд барои кор дар мансабхои хайати гайрихарбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус фиристода шаванд.
  3. Шахрвандоне, ки бинобар вазъи саломатиашон гайри кобили хизмати харби хисобида шудаанд, инчунин шахрвандоне, ки барои содир кардани чинояти вазнин ё махсусан вазнин доги суди доранд, ба хизмати харби тибки сафарбари даъват карда намешаванд.
  4. Хизматчиёни харби, ба истиснои занон-хизматчиёни харбие, ки фарзандони то синни шонздахсола доранд, хангоми эълони сафарбари хизмати харбиро идома медиханд.

 

Моддаи 21. Ташкили даъвати шахрвандон ба хизмати харби тибки сафарбари

  1. Бо максади сари вакт гузаронидани Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва дигар вохидхои харби ба ташкил ва хайати замони чанг ва таъсиси вохидхои махсус, шахрвандоне, ки дар эхтиёт карор доранд, барои адои хизмати харби дар замони чанг дар мансабхои харби ё барои кор дар мансабхои хайати гайрихарби, ки бо штатхои замони чанг пешбини шудаанд, каблан ба кисмхои харби мансуб дониста мешаванд (ба хайати вохидхои махсус таъин карда мешаванд).
  2. Шахрвандоне, ки ба кисмхои харби мансуб дониста шудаанд (ба хайати вохидхои махсус таъин карда шудаанд), барои адои хизмат дар замони чанг хангоми татбики чорабинихо барои ташкил ва ба хайати замони чанг гузаронидани кисмхои харбие, ки шахрвандони мазкур ба онхо мансуб дониста шудаанд, инчунин дар холати таъсиси вохидхои махсус ба хизмати харби тибки сафарбари даъват карда мешаванд.
  3. Даъвати шахрвандон ба хизмати харби тибки сафарбари ё равон кардани онхо барои кор дар мансабхои хайати гайрихарби, ки бо штатхои замони чанг пешбини шудаанд, аз тарафи макомоти махаллии хокимияти давлати дар якчояги бо комиссариатхои харби амали карда мешавад.
  4. Тартиби ба хизмати харби тибки сафарбари даъват кардани шахрвандоне, ки ба кисмхои харби мансуб дониста шудаанд (ба хайати вохидхои махсус таъин карда шудаанд), барои адои хизмат дар мансабхои харбии бо штатхои замони чанг пешбинишуда, инчунин равон кардани шахрвандон барои кор дар мансабхои хайати гайрихарбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 22. Мухлатхои ба хизмати харби даъват кардани шахрвандон тибки сафарбари

Даъвати шахрвандон ба хизмати харби тибки сафарбари дар мухлатхои мукаррарнамудаи накшахои сафарбарии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар вохидхои харби ва махсус амали карда мешавад.

 

Моддаи 23. Ухдадорихои шахрвандони тибки сафарбари ба хизмати харби даъватшаванда

  1. Хангоми эълони сафарбари шахрвандони ба хизмати харби даъватшаванда ухдадоранд, ки дар мухлатхои дар дастурхои сафарбари, даъватномахо ё фармонхои комиссарони харби зикргардида ба нуктахои чамъшави хозир шаванд.
  2. Ба шахрвандоне, ки дар кайди харби мебошанд, аз лахзаи эълони сафарбари бе ичозати комиссарони харби аз махалли зист баромадан манъ аст.

 

Моддаи 24. Ба таъхир андохтани даъват ба хизмати харби тибки сафарбари

  1. Ба таъхир андохтани даъват ба хизмати харби тибки сафарбари ба шахрвандоне пешниход карда мешавад, ки:

– брон карда шудаанд;

– бинобар вазъи саломати муваккатан гайри кобили хизмати харби дониста шудаанд – ба мухлати то шаш мох;

– ба нигохубини доимии падар, модар, зан, шавхар, бародар, хохар, бобо, биби ва фарзандхонде, ки бо сабаби вазъи саломати тибки хулосаи комиссияи тиббию машварати ба нигохубин (кумак, назорат) – и доимии шахсони дигар мухточанд ё маъюби гурухи I мебошанд, инчунин ба нигохубини аъзои оилаи ба синни шонздахсолаги нарасида хангоми набудани дигар шахсоне, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон барои таъмини шахрвандони мазкур вазифадоранд, машгуланд;

– саробонии панч ва (ё) зиёда фарзандони ноболигро (барои шахрвандони чинси зан-як фарзанди ноболигро) ба ухда доранд;

– аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мебошанд.

  1. Ба таъхир андохтани даъват ба хизмати харби тибки сафарбари, ба гайр аз шахрвандони дар кисми 1 моддаи мазкур зикргардида, ба шахрвандон ва ё гурухи алохидаи шахрвандоне, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон чунин хукукро доранд, пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 25. Ташкил ва тартиби брон кардани шахрвандони дар эхтиёт карордошта барои давраи сафарбари ва замони чанг

  1. Брон кардани шахрвандони дар эхтиёт карордошта бо максади таъмини фаъолияти макомоти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ташкилотхо дар давраи сафарбари ва дар замони чанг гузаронида мешавад.
  2. Ташкил ва тартиби брон кардани шахрвандони дар эхтиёт карордошта барои давраи сафарбари ва замони чанг аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  3. Шахрвандоне, ки брон карда мешаванд, аз даъват ба хизмати харби тибки сафарбари ва дар замони чанг озод карда мешаванд.

 

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 26. Хамкории байналмилали дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари

Чумхурии Точикистон дар хамкории байналмилали дар сохаи омодаги ба сафарбари ва сафарбари дар доираи шартномахои басташуда, ки ба таъмини амнияти давлат, тахия ва татбики чорабинихои манфиатноки мутакобила барои омодаги ба сафарбари ва сафарбари, нигахдории робитахои байнихамдигарии муфиди харби ва иктисоди алокаманданд, иштирок менамояд.

 

Моддаи 27. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи омодагии сафарбари ва сафарбари»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи омодагии сафарбари ва сафарбари» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1999, №12, мод. 318) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                          Эмомали  РАХМОН

ш. Душанбе,

16 апрели соли 2012,

№ 799

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …