Главная / Гуногун / ОГОЗ ВА АНЧОМИ КОРИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

ОГОЗ ВА АНЧОМИ КОРИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

Огози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба чараёни барк пайваст карда шуда, дар блоки системави тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантхои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифо-

дабаранда бояд ин информатсияро дар майдончахои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Мархамат намоед Welcome) барояд, он гох тугмаи Зарыть (Пушида шавад Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автомати ба кор шуруъ менамояд.

Огози кори Windows – ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он – Мизи кори (Рабочий стол – Desktop) ба хисоб меравад. Дар вариантхои хозираи Windows, пас аз муддати ками вакти кори BIOS якбора равзанаи Мизи кори ба экран мебарояд. Махз равзанаи Мизи кори имконият медихад, ки программахои зарури ба экран чег зада шуда, бо онхо амалиёт гузаронида шаванд.

windows

Анчоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани хама гуна амалиёти лозими, компютер бояд хомуш карда шавад. Асосан ду тарзи

анчомдихии кори система ва хомушгардонии компютер чой дорад:

1) дар клавиатура тугмахои Alt ва F4 -ро якчоя пахш намудан;

2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анчоми кор)-ро интихоб намудан.

Дар хар ду холат хам дар экран равзанаи махсуси даррасми 1 овардашуда, пайдо мешавад.

Чунон ки аз расм дида мешавад, дар дохили доирачаи таРасми 1. Равзанаи анчоми кори Windows рафи чапи сатри Выключить компьютер (Компютер хомуш карда шавад) аломати нукта гузошта шудааст. Дар хаминмаврид, агар тугмаи Да (Ха) пахш карда шавад, он гох пас аз гузаштани муддате дар экран информатсияи зерин пайдо мешавад:

Microsoft WINDOWS

Завершение работы Windows

(Анчоми кори Windows )

Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огох месозад, ки дар хомуш гардонидани компютер ба саросемаги рох надиханд. Пас аз гузаштани муддати на он кадар зиёди вакт, дар экран информатсияи навбати пайдо мешавад:

Теперь питание компьютера можно отключить

(Акнун компютерро хомуш кардан мумкин аст)

Танхо дар сурати пайдо шудани хамин информатсия компютерро хомуш кардан мумкин аст.

Агар аломати нукта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гох пас аз пахши тугмаи Да (Ха) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд.

Агар аломати нукта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар речаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гох пас аз пахши тугмаи Да (Ха) системаи Windows аз хотираи компютер хорич карда мешавад ва ба чойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шуруъ менамояд.

Дар ин реча программахое, ки онхо танхо барои мухити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программахо кабатхои программавии Norton Commander, Volkov Commander, тахриргари матнии Лексикон, чадвали электронии Superсalc ва гайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.

Саволхо:

  1. Огози кори Windows аз чи сар мешавад?
  2. Аввалин равзанае, ки хангоми огози кори Windows дар экран пайдо мешавад, чи ном дорад?
  3. Барои анчомдихии кори Windows кадом амалиётро ичро намудан лозим аст?
  4. Кадом вакт компютерро хомуш кардан мумкин аст?
  5. Чи гуна ба речаи кори MS DOS гузаштан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Дар синфхонаи компютери бо навбат аввал компютерро ба кор дароред ва баъд онро хомуш намоед.
  1. Компютерро барои дар речаи MS DOS кор кардан омода созед ва баъд аз нав ба речаи Windows баргардед.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …