Главная / Гуногун / ОҒОЗ ВА АНҶОМИ КОРИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

ОҒОЗ ВА АНҶОМИ КОРИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS

Оғози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба ҷараёни барқ пайваст карда шуда, дар блоки системавӣ тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантҳои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифо-

дабаранда бояд ин информатсияро дар майдончаҳои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Марҳамат намоед Welcome) барояд, он гоҳ тугмаи Зарыть (Пўшида шавад Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автоматӣ ба кор шурўъ менамояд.

Оғози кори Windows – ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он – Мизи корӣ (Рабочий стол – Desktop) ба ҳисоб меравад. Дар вариантҳои ҳозираи Windows, пас аз муддати ками вақти кори BIOS якбора равзанаи Мизи корӣ ба экран мебарояд. Маҳз равзанаи Мизи корӣ имконият медиҳад, ки программаҳои зарурӣ ба экран ҷеғ зада шуда, бо онҳо амалиёт гузаронида шаванд.

windows

Анҷоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани ҳама гуна амалиёти лозимӣ, компютер бояд хомўш карда шавад. Асосан ду тарзи

анҷомдиҳии кори система ва хомўшгардонии компютер ҷой дорад:

1) дар клавиатура тугмаҳои Alt ва F4 -ро якҷоя пахш намудан;

2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анҷоми кор)-ро интихоб намудан.

Дар ҳар ду ҳолат ҳам дар экран равзанаи махсуси даррасми 1 овардашуда, пайдо мешавад.

Чунон ки аз расм дида мешавад, дар дохили доирачаи таРасми 1. Равзанаи анҷоми кори Windows рафи чапи сатри Выключить компьютер (Компютер хомўш карда шавад) аломати нуқта гузошта шудааст. Дар ҳаминмаврид, агар тугмаи Да (Ҳа) пахш карда шавад, он гоҳ пас аз гузаштани муддате дар экран информатсияи зерин пайдо мешавад:

Microsoft WINDOWS

Завершение работы Windows

(Анҷоми кори Windows )

Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огоҳ месозад, ки дар хомўш гардонидани компютер ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Пас аз гузаштани муддати на он қадар зиёди вақт, дар экран информатсияи навбатӣ пайдо мешавад:

Теперь питание компьютера можно отключить

(Акнун компютерро хомўш кардан мумкин аст)

Танҳо дар сурати пайдо шудани ҳамин информатсия компютерро хомўш кардан мумкин аст.

Агар аломати нуқта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд.

Агар аломати нуқта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар реҷаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows аз хотираи компютер хориҷ карда мешавад ва ба ҷойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шурўъ менамояд.

Дар ин реҷа программаҳое, ки онҳо танҳо барои муҳити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программаҳо қабатҳои программавии Norton Commander, Volkov Commander, таҳриргари матнии Лексикон, ҷадвали электронии Superсalc ва ғайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.

Саволҳо:

  1. Оғози кори Windows аз чӣ сар мешавад?
  2. Аввалин равзанае, ки ҳангоми оғози кори Windows дар экран пайдо мешавад, чӣ ном дорад?
  3. Барои анҷомдиҳии кори Windows кадом амалиётро иҷро намудан лозим аст?
  4. Кадом вақт компютерро хомўш кардан мумкин аст?
  5. Чӣ гуна ба реҷаи кори MS DOS гузаштан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Дар синфхонаи компютерӣ бо навбат аввал компютерро ба кор дароред ва баъд онро хомўш намоед.
  1. Компютерро барои дар реҷаи MS DOS кор кардан омода созед ва баъд аз нав ба реҷаи Windows баргардед.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …