Главная / Гуногун / Нархи об дар Душанбе / Пойтахти Точикистон 2018с. боло меравад

Нархи об дар Душанбе / Пойтахти Точикистон 2018с. боло меравад

Аз 15-ум октябри соли 2018 нархи об дар Душанбе – Пойтахти Точикистон то 10 маротиба зиёд шуда ба 2,73 сомони барои 1 метри мукааб ташкил хохад кард, ки ин якбора чандкарата зиёд шудани нарх тасири манфии худро ба сокинони Душанбешахр хохад расонд.

об Душанбе краник

Хамин тавр нархи об барои  истифодаи ахолии шахр, ки  хамчун сокинон-шахрванд хастанд  1,34 сомони барои 1-тонн (1метри мукааб) аз  15-уми октябри соли 2018 ташкил мекунад. Ин аст барои хонахое, ки хисобкунак (счётчик) насб карда шудааст. Хонахои бе хисобкунак мебошанд бо нархи 8,42  сомони обро барои як сокин фурухта мешавад.

Барои корхонахои бучети тарофаи нав аз 1-уми январи соли 2019 огоз ёфта барои 1 метри мукааб об  бо арзиши 2,66 сомони фурухта мешавад. Барои намояндагихои дипломати нархи об маблаги 6,73 сомони барои 1-метри мукааб об фурухта мешавад.

Ба хисоби миёна дар хонахои баландошёна соли 2017-ум сокинони Душанбе ба маблаги 50-100 сомони дар як сол обро мехариданд. Яъне дар хар як хона. Акнун ин маблаг метавонад дар як сол 150-200 сомони шавад.

Дар мачмуъ дар Душанбе 180 хазор хонахо (квартираву хавли) хаст ки ба хисоби миёна онхо дар як сол бояд бон архи 15 млн. сомони  обро харанд.

Бори охирин нархи об мохи октябри соли 2016 бардошта шуда буд ва мувофики он нархи об дар Душанбе ба 0,62 сомони барои 1-метри мукааб ташкил кард.

Ба андешаи тахлилгарон ин карори кабулшуда якчанд омилхои навро ба миён меорад:

  1. Дуздии об зиёд мешавад;
  2. Мардум ба сарфа кардани об майл мекунанд. (экономия)
  3. Бучаи Корхонаи обу коррези бойтар мешавад;
  4. Пули корхонаи обу коррези зиёд шуда ба обод кардани низоми хизматрасонии обии шахри Душанбе аз чумла расонидани об ба ошёнахои баланд ва тоза карда тавонистани об дар мавсими борони.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Азон гуфтан хангоме ки шайтон касеро норохат мекунад ва ё метарсонад

Хар гох шайтон касеро норохат кунад ва ё уро битарсонад, дар он вакт бояд бо …