Главная / Гуногун / Нархи об дар Душанбе / Пойтахти Тоҷикистон 2018с. боло меравад

Нархи об дар Душанбе / Пойтахти Тоҷикистон 2018с. боло меравад

Аз 15-ум октябри соли 2018 нархи об дар Душанбе – Пойтахти Тоҷикистон то 10 маротиба зиёд шуда ба 2,73 сомонӣ барои 1 метри мукааб ташкил хоҳад кард, ки ин якбора чандкарата зиёд шудани нарх тасири манфии худро ба сокинони Душанбешаҳр хоҳад расонд.

об Душанбе краник

Ҳамин тавр нархи об барои  истифодаи аҳолии шаҳр, ки  хамчун сокинон-шаҳрванд ҳастанд  1,34 сомони барои 1-тонн (1метри мукааб) аз  15-уми октябри соли 2018 ташкил мекунад. Ин аст барои хонаҳое, ки ҳисобкунак (счётчик) насб карда шудааст. Хонаҳои бе ҳисобкунак мебошанд бо нархи 8,42  сомонӣ обро барои як сокин фурухта мешавад.

Барои корхонаҳои буҷети тарофаи нав аз 1-уми январи соли 2019 оғоз ёфта барои 1 метри мукааб об  бо арзиши 2,66 сомонӣ фурухта мешавад. Барои намояндагиҳои дипломатӣ нархи об маблағи 6,73 сомонӣ барои 1-метри мукааб об фурухта мешавад.

Ба ҳисоби миёна дар хонаҳои баландошёна соли 2017-ум сокинони Душанбе ба маблағи 50-100 сомонӣ дар як сол обро мехариданд. Яъне дар ҳар як хона. Акнун ин маблағ метавонад дар як сол 150-200 сомонӣ шавад.

Дар маҷмӯъ дар Душанбе 180 ҳазор хонаҳо (квартираву ҳавлӣ) ҳаст ки ба ҳисоби миёна онҳо дар як сол бояд бон архи 15 млн. сомони  обро харанд.

Бори охирин нархи об моҳи октябри соли 2016 бардошта шуда буд ва мувофиқи он нархи об дар Душанбе ба 0,62 сомонӣ барои 1-метри мукааб ташкил кард.

Ба андешаи таҳлилгарон ин қарори қабулшуда якчанд омилҳои навро ба миён меорад:

  1. Дуздии об зиёд мешавад;
  2. Мардум ба сарфа кардани об майл мекунанд. (экономия)
  3. Буҷаи Корхонаи обу коррезӣ бойтар мешавад;
  4. Пули корхонаи обу коррезӣ зиёд шуда ба обод кардани низоми хизматрасонии обии шаҳри Душанбе аз ҷумла расонидани об ба ошёнаҳои баланд ва тоза карда тавонистани об дар мавсими боронӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …