Главная / Гуногун / Намунаи матни баромад дар мачлис – презентация

Намунаи матни баромад дар мачлис – презентация

Намунаи матни баромад дар мачлис – презентация

 

Ассалому алейкум мухтарам аъзоёни комиссия ва мухтарам хозирини гироми.

Ман  Оиша Рузиева рохбар ва муассиси ЧДММ «Мастона» мебошам. Ин ширкат дар маркази нохияи Хуросон мебошад ва аз соли 2015 инчониб хамчун коргохи фаъол ва ягона дар нохияи Хуросон ба духтани сарулибоси мактаби машгул аст, ки дар он 20 нафар занону духтарони ин нохия фаъолияти мехнатии мавсими менамоянд.

Инчунин ман дар баробари доштани коргохи шахсии дузандаги ба хайси корманди давлати кабл низ машгул будам ва чумлаи он ин муаллимаи мактаби миёна дар н. Хуросон ва раиси кумитаи занони вилоят.  Ман хамчунин сохиби дигар коргохи дузандаги дар дехаи Шарораи нохияи А.Чоми мебошам, ки дар он дахо нафар занону духтарон ба духтани сарулибос машгул мебошанд.

Коргох дорои 20-дасгохи дузандаги буда имконият дорад, ки хамасола аксари хонандагони мактабхои миёнаи нохияиро бо либоси мактаби духта дастрас ва таъмин намояд. Бинои ин коргохро аз сохибкори инфиродии ин минтака кисман харидори карда гирифтаам ва бокимондаи пули онрро хамин сол пардохт хохам  кард ва ба ин васила сохиби бинои шахси ки иборат аз 600 метри мураббаъ мебошад хохам шуд.

Бинобар сабабе, ки аз либосхои мактабии соли гузашта ба маблаги 100 хазор сомони ё худ 5000 адад фурухта нашудааст, вазъи накдина дар коргох чандодон ба талабот чавобгуй нест ва аз ин лихоз лозим аст, ки сармояи накди дар хачми 200 000 сомони ба муддати 3 сол чалб карда шуда коргохро ба фаъолияти доими табдил дода шавад, 3 чойи нави  кории доими ташкил карда шавад ва вазъи молиявии коргох бехтар карда бозори дохилиро бо махсулоти ватани яъне либоси мактаби, бештар карда шавад.

Алхол ман бо хамаи мактаби нохияи Хуросон шартнома дорам ки 50 адад буда дар он 1500 талаба тахсил менамояд.

Ракиби дохили хамчун дузанда дар нохияи Хуросон надорам вале ракибон асосан ин истехсолкунандагони хоричи ва истехсолкунандагони шахри Бохтар ва Душанбе мебошанд, ки аз нигохи нарх камтар 5-10 сомони  ва сифатан хам дар баъзе холатхо адак фарк доранд. Лек бо назардошти талаботи замона ман низ махсулотхоямро харакат карда истодаам, ки хубтар истехсол намояму аз нархи бозори чандон гарон нафурушам.

Бо вучуди ракобат махсулотхои истехсолкунандаи ман фоиданокии 52% доранд. Тибки хисобу китобхо маълум мешавад, ки фоидаи софи мегирифтаи коргох сол то сол афзоиш ёфта дар соли аввал аз 250 хазор сомони фоида гирифта шуда хамасола 12-15% афзоиш дода мешавад ва дар соли 5-ум фоидаи соф ба 300 хазор сомони бурда мешавад.

Чихеле, ки кайд карда шуд барои идома додани кори лоихаи номбаршуда маблаги 200 000 сомони ба мухлати 3 сол лозим аст, ки ин барои хариди матоъ истифода мешавад. Умуман арзиши лоиха маблаги 404 хазор сомони буда сахми ман 154 хазор сомониро ташкил медихад, ки аз он дастгоху тачхизот ба маблаги 61 хазор сомони, бинои ба ичора гирифташуда 75 хазор сомони, ва накдина дар хачми 18 000 сомони мебошад.

Бо гирифтани сармояи чалбшаванда ман пас аз хотима расидани мавсими либосдузи барои мактаббачахо масъалаи духтани сарулибос барои ахолиро дар накша дорам. Чунки харочотхои доимии ман аз чумла робита ба ичораи бино ва андозхо доими мебошанд. Хамчунин бо максади сайкал додани донишу махорати кормандон ва аз даст надодани кадр ё бозор дар накша дорам коргохро ба фаъолияти доими намоям.

Хуб аст, ки Фонди «Рушди истехсолоти ватани» омода аст, ки маблаги арзонтарро барои сохаи дузандаги пешниход намояд. Чунки арзиши пасти сармоя имконият медихад ки  махсулотхои нисбатан ба ракобати хоричи тобоваранда истехсол шаваду аз хисоби нархи пастар фурухташаванда ахоли маблаги муайянеро масраф карда барои хариди китобу дафтар ва ё дигар такозои ичтимои равона намоянд.

Тибки хисобхои киёси маълум мешавад, ки дар холати гирифтани сармояи арзон аз фонд коргох барои хар як мактаббача ба маблаги 15-20 сомон метавонад арзиши махсулотро арзонтар карда фурушад ва ин маблаги масрафшуда мактаббача метавонад барои талаботхои ичтимоии дигари худ истифода барад.

Албатта пушида нест, ки хар як фаъолият дар рафти ичроиш бо тахдидхо ру ба ру шавад. Барои хамин хам ман тасмим гирифтаам, ки дар холати таъсири манфии тахдидхо ба духтани сарулибос барои ахоли, корхонаву ташкилотхоро ба рох монам.

Инчунин дар холати лозима метавонам, хавлии худро ки масохати сохтмонаш 150 метри мураббаъ  ва хамарзиши 400 000  сомони аст ба сифати гарав пешниход намоям.

Ин аст фишурдаи маълумотхои манзуркардаи ман ва барои диккататон ташаккур мегуям. Умедворам, ки дастгирии ин лоиха аз чониби шумо мусби арзёби мегардад.

Агар саволхо бошанд, ман омода хастам, ки ба онхо чавоб дихам.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …