Главная / Гуногун / Намудхои манкал

Намудхои манкал

Акнун ба корхои ошхона шинос мешавем ва онхоро ичро мекунем, чунки шумо дар ошхона хукуки якхела барои озода нигох доштан доред.

Намудхои манкалБиёед, акнун ба назди манкал равем. Плитахо ё манкалхои гази, баркии замонави (микроволновое печ) ва гайра мешаванд. Аз хама манкали пахнгашта ин плитаи гази табии мебошад.

Истифодаи он эхтиёткори ва бодиккатиро такозо менамояд. Дар вакти истифодабарии газ хамеша дар зери назорат бошад. Дахона (камфорка)-и сузишгох агар тоза бошад газ пурра месузад. Агар шумо ба чойчуш об мондан хохед, онро бо об пур накунед. Агар дар чойчуш об пурра бошад, об чушида ба болои плита мерезад оташро мекушад, аммо газ баромадан мегирад, он гох ба амал омадани ходисаи нохуш аз эхтимол дур нест. Агар дар ошхона буи газро хис кунед он гох аввал калитакхои газпайвасткуниро катъ кунед ин холат даричаи тирезаро кушоед ва хавои онро тоза кунед. хеч гох гугирдро дар нагиронед, ки таркиши гази тудашуда ба амал меояд.

Бинобар ин дар вакти муносибат бо манкали гази эхтиёткор бошед. Имрузхо манкалхои гази бо системаи муайян коркунанда низ мавчуданд, ки дар он тамзинкунандаи автомати васл шудаанд ва чунин навиштачот доранд: «Qas-contеo». Агар оташ бо сабабе хомуш шавад, он гох ба автомати тарики интиколи газ дар манкал катъ мешавад.

Ин холати бехатарии корро дар плитаи гази таъмин мекунад. хангоми кор дахонаи дар ошхона ба ин нуктахо ахамият дода, эхтиёт шудан лозим аст. Ба болои сузишгох аз хад зиёд хам нашавед чойники вазнинро ба канори плитаи барки нагузоред ва доимо бо дастпушак кор кунед. Агар нохост чойники дасташ гармро капидеду дастатон сузад, он гох чойникро аз худ дуртар партоед. Агар сузед бисёр дарди сахтро хис мекунед, аммо бо асбобхои рузгор муносибат карданро ёд гиред. Чойникро бо дастпушак капед ходисаи нохуш пешгири мешавад. Норасоии манкали барки дар он, аст, ки кувваи баркро хеле зиёд талаб мекунад ва нозукихои худро дорад.

Манкали баркии изолятсияаш судашударо истифода бурдан катъиян манъ аст. Агар баъди ба шабака пайвастани манкали барки гарм нашавад, онро аз шабака чудо намуда соз намудан лозим аст. Нуксонхои манкали баркиро бояд мутахассиси барк дуруст намояд ва ё дар шароити хона ашхоси ба кори барк сарфахмраванда соз карда метавонад.

Намуди манкалхо.

а) Манкали гази

б ) Манкали барки

? Савол ва супориш:

1.Кадом коидахои тоза нигохдории ошхонаро медонед?

  1. Чи хел мебелхоро дар ошхона интихоб бояд кард?
  2. Тарзи чо ба чо гузориш тачхизоти матбахро дар синфхонаи технологияи амали ичро намоед.
  3. Кадом намуди масолехи тозакуниро дар матбах истифода мебаранд, баён кунед.
  4. Дар ошхона ва нигохубини он ба модаратон чи тавр ёри мерасонед, гуфта дихед.

Фикр намуда чавоб дихед

Ичро карда муайян намоед. Манкали газро бо кадом масолех тоза мекунанд ва масолехро интихоб кунед ва манкалро тоза намоед. Гуед, ки хокаи масолехи тозакуни чи фарк дорад? Кори тоза кардагиатонро ба муаллима ё назорачи нишон дихед. Ин корро бояд худатон амали ичро кунед дар мактаб дар назорати муаллима!

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

mr-bin

Дуои аз байн бурдани гафлат

Нусхаи аз байн бурдани гафлат Агар шахсе аз дин гофил ва аз рохи рост гумрох …