Главная / Чамъият / Намудхои махалхои ахолинишин

Намудхои махалхои ахолинишин

Моддаи 50-и  Карори шахрсози. Намудхои махалхои ахолинишин

  1. Махалхои ахолинишин ба шахри (шахрхо, шахракхо) ва дехахо чудо мешаванд.
    2. Вобаста ба шумораи ахоли махалхои ахолинишини шахри (шахрхо, шахракхо) чунин чудо мешаванд:
    – бузург – дорои шумораи ахолии зиёда аз панчсад хазор нафар;
    – калон – дорои шумораи ахолии аз сад хазор то панчсад хазор нафар;
    – миёна – дорои шумораи ахолии аз панчох хазор то сад хазор нафар;
    – хурд – дорои шумораи ахолии то панчох хазор нафар.
    3. Вобаста ба шумораи ахоли, махалхои ахолинишини дехахо чунин чудо мешаванд:
    – бузург – дорои шумораи ахолии беш аз панч хазор нафар;
    – калон – дорои шумораи ахолии зиёда аз як хазор то панч хазор нафар;
    – миёна – дорои шумораи ахолии аз дусад то як хазор нафар;
    – хурд – дорои шумораи ахолии то дусад нафар.
    4. Гурухи бино ва иншооте, ки ахамияти муваккати ва хайати ахолии гайридоими дошта, объектхои таъиноти хизматии сохаи дахлдори иктисоди (шахракхои муваккати (вахтави) ва хонахои газунефтчиён ва тахкикотчиён) мебошанд, инчунин хонахои яккае (назоратчиёни рохи охан, чангалбонон, бошишгоххои сахрои ва гайра), ки ин бино ва иншоот вобаста ба муносибатхои маъмури, истехсоли ва худуди дар ихтиёри субъектхои фаъолияти шахрсози мебошанд.
    5. Чойгиркунонии махалхои ахолинишини нав ва рушди махалхои ахолинишини мавчуда мутобики шаклхои махалхои ахолинишин, дурнамои ичтимоию иктисоди ва шахрсози, тархи генералии чойгиркунони дар худуди Чумхурии Точикистон, тарххои банакшагирии худуд ва лоихахои банакшагирии нохияви (гурухи нохияхо), бо накшахои генерали, инчунин лоихахои банакшагири ва иморатсозии махалхои ахолинишин амали карда мешавад.
    6. Бунёд ва дигаргунсозии махалхои ахолинишин, тагйир додани маком ва сархадхо дар асоси хуччатхои тасдикгардидаи шахрсози бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
    7. Танзими истифодаи заминхои худуди махалхои ахолинишин, ки дар ихтиёри макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мебошанд, тибки накшаи тасдикшудаи генерали аз чониби худи онхо амали карда мешаванд.
    8. Талаботи шахрсози ба шароитхо ва тартиби истифодаи заминхои махалхои ахолинишин бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

moddai-86-karori-shahrsozi

Халли бахсхо дар бораи фаъолияти шахрсози

Моддаи 86-и  Карори шахрсози. Халли бахсхо дар бораи фаъолияти шахрсози  Бахсхо дар сохаи фаъолияти шахрсози …