Главная / Ҷамъият / Намудҳои маҳалҳои аҳолинишин

Намудҳои маҳалҳои аҳолинишин

Моддаи 50-и  Қарори шаҳрсозӣ. Намудҳои маҳалҳои аҳолинишин

  1. Маҳалҳои аҳолинишин ба шаҳрӣ (шаҳрҳо, шаҳракҳо) ва деҳаҳо ҷудо мешаванд.
    2. Вобаста ба шумораи аҳолӣ маҳалҳои аҳолинишини шаҳрӣ (шаҳрҳо, шаҳракҳо) чунин ҷудо мешаванд:
    – бузург – дорои шумораи аҳолии зиёда аз панҷсад ҳазор нафар;
    – калон – дорои шумораи аҳолии аз сад ҳазор то панҷсад ҳазор нафар;
    – миёна – дорои шумораи аҳолии аз панҷоҳ ҳазор то сад ҳазор нафар;
    – хурд – дорои шумораи аҳолии то панҷоҳ ҳазор нафар.
    3. Вобаста ба шумораи аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишини деҳаҳо чунин ҷудо мешаванд:
    – бузург – дорои шумораи аҳолии беш аз панҷ ҳазор нафар;
    – калон – дорои шумораи аҳолии зиёда аз як ҳазор то панҷ ҳазор нафар;
    – миёна – дорои шумораи аҳолии аз дусад то як ҳазор нафар;
    – хурд – дорои шумораи аҳолии то дусад нафар.
    4. Гурӯҳи бино ва иншооте, ки аҳамияти муваққатӣ ва ҳайати аҳолии ғайридоимӣ дошта, объектҳои таъиноти хизматии соҳаи дахлдори иқтисодӣ (шаҳракҳои муваққатӣ (вахтавӣ) ва хонаҳои газунефтчиён ва таҳқиқотчиён) мебошанд, инчунин хонаҳои яккае (назоратчиёни роҳи оҳан, ҷангалбонон, бошишгоҳҳои саҳроӣ ва ғайра), ки ин бино ва иншоот вобаста ба муносибатҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва ҳудудӣ дар ихтиёри субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ мебошанд.
    5. Ҷойгиркунонии маҳалҳои аҳолинишини нав ва рушди маҳалҳои аҳолинишини мавҷуда мутобиқи шаклҳои маҳалҳои аҳолинишин, дурнамои иҷтимоию иқтисодӣ ва шаҳрсозӣ, тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҳҳои банақшагирии ҳудуд ва лоиҳаҳои банақшагирии ноҳиявӣ (гурӯҳи ноҳияҳо), бо нақшаҳои генералӣ, инчунин лоиҳаҳои банақшагирӣ ва иморатсозии маҳалҳои аҳолинишин амалӣ карда мешавад.
    6. Бунёд ва дигаргунсозии маҳалҳои аҳолинишин, тағйир додани мақом ва сарҳадҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардидаи шаҳрсозӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
    7. Танзими истифодаи заминҳои ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, ки дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, тибқи нақшаи тасдиқшудаи генералӣ аз ҷониби худи онҳо амалӣ карда мешаванд.
    8. Талаботи шаҳрсозӣ ба шароитҳо ва тартиби истифодаи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …