Намози чамоат ва намози чумъа
Расули акрам (с) фармуданд, хар касе панч вакт намозро дар масчид дар акиби имом бо хамрохии чамоат адо кунад, Аллох таъоло ба он банда панч чиз ато кунад:
Аввал, камбагалиро аз у дур гардонад.
Дувум, уро аз азоби кабр халос гардонад.
Сеюм, номаи аъмоли уро ба дасти рости у бидихад.
Чахорум, аз Сирот мисли барк бигузаронад.
Панчум, ба бихишти анбарсиришт бе хисоб дохил гардонад.
Расули акрам (с) фармуданд, ки як намози бочамоат хондан бехтар аст аз чихилсола намози танхо гузоридан дар хона. Ба дурустие, ки намози чамоат хондан бисту хафт дарача аз намози танхогузор бартари дорад.
Расули акрам (с) фармуданд, ки намозро бочамоат гузоред, ки намози бочамоат ризои Аллох таъоло ва суннати’ пайгамбарон ва дуст доштани фариштагон ва асли имон ва нури маърифат ва ичобати дуъо ва кабули аъмол ва баракати молу салох бар душман ва чароги кабру карохати шайтон ва шафеъи Расул (с) аст.
Овардаанд, ки Расули акрам (с) дар масчиди Мадина бо хамрохи асхоб нишаста буданд, як чавоне гиря карда ба масчид даромад. Пайгамбар (с) пурсид, эй чавон, барои чи гиря мекуни? Он чавон гуфт: – Ё Расулаллок, падарам вафот кард аз барои кафану шустани у зарур монда ба назди Шумо омадам.
Хазрати Расул (с), хазрати Абубакр ва хазрати Умар (р) – ро фармуданд, ки хамрохи чавон рафта, падари уро кафан карда дафн кунанд.
Он ду ёри киром хамрохи он чавон рафта диданд, ки майит ба шакли хук хоб карда аст. Дар хол баргашта омада сурати ходисаро ба Расул (с) хабар карданд.
Он рахматхохи оламиён хамрохи асхоб рафта диданд, ки мурда мисли хук гаштааст. Аз чавон пурсиданд, ки падарат дар дунё чи амал дошт?
Чавон гуфт: – Падарам бенамоз буд.
Пайгамбар (с) гуфтанд: Эй мардум, назар кунед, ки бенамозро Аллох таъоло рузи киёмат мисли хук махшур гардонад, наъузу биллох.
Овардаанд, ки Майсара (р) аз гуристоне гузашта гуфт: – Ассалому алайкум ё ахли кубур.
Аз кабре овоз омад, ки хуш бод ба ту, эй ахли дунё, ки хар мох чахор бор хач мегузори.
Майсара пурсид: – Он кадом хач аст?
Овоз омад, ки он намози чумъа аст.
Бидон, ки намози чумъа хаччи макбул аст.
Хикоят. Овардаанд, ки мачусие буд, ки солхои дароз оташпарасти менамуд. Рузе дасти худро дар оташ дароз карду дасташ сухт. Тавфики Илохи ёвари карду ба худ андешиду гуфт. -Умрест, ки ман оташ мепарастам, боз дасти маро мисли дигар мардумон месузад. Ба Худои оламиён имон орам, шояд, ки аз оташи дузах халоси бахшад. – Ин гуфта, бо хамрохи ахлу аёли худ дар хонакохи Молики Динор рахматуллоху алайхи омада имон овард.
Молики Динор бо хамрохи муридони худ хурсанд шуда, номи уро Абдуллох ниходанд. Молики Динор хост, ки аз муридонаш чизе чамъ карда ба он навмусулмон дихад.
Абдуллох гуфт: – Ё Шайх, агар чи чизе надорам, аммо дини мусулмониро ба дунё иваз накунам, ба карами Аллох таъоло умед дорам, ки маро зоеъ нагардонад, ин бигуфт ва ба хона рафта ба ибодат машгул шуд.
Зани у гуфт: – Эй мард, фарзандонат гуруснаанд, ба бозор рафта касбе намуда чизе биёр.
Абдуллох ба бозор рафт. Хеч кас уро ба кори муздури даъват накард. Ба худ гуфт: – Хеч чизе наёфтам, ба масчид рафта кори Худоро кунам.
Пас ба масчид рафта, то шом ибодат карда шаб дасти холи ба хона омад.
Занаш гуфт: – Хеч чиз оварди?
Абдуллох гуфт: – Имруз ба касе хизмат кардам, ки музди уро пагох додани шуд, – ин гуфта шаб гурусна хоб карданд.
Боз пагох ба бозор рафт, боз касе уро кор нафармуд, то шаб ба масчид даромада ибодат карда, дасти холи ба хона омад ва ба зан гуфт: – Сохиби кор мегуяд, ки пагох низ омада хизмати хуб куни, музди кори туро медихам.
Он шаб хам гурусна хоб карданд. Рузи дигар чумъа буд, ба бозор рафт, боз коре наёфта ба масчид баргашт ва намози чумъаро хонда даст ба дуьо бардошта гуфт: – Худоё, ба хурмати дини мусулмони ва ба хурмати рузи чумъа нафакаи аёли маро аз гайб бирасон ва маро дар назди зан шарманда магардон.
Гуянд, ки дар он вакт баъд аз намози чумъа шахсе дарвозаи уро зад, зани Абдуллох берун баромада дид, ки шахси нурони бар дар истода, табаке пур аз тиллои сурх ба дасти он заифа дода гуфт: – Ба шавхари худ бигу, ки имруз хизмати хуб карди, ачри онро бигир.
Зан он табакро боз карда дид, ки хазор тилло дар табак буд. Шукрона карда, бо хурсанди як тиллоро гирифта ба назди саррофи мачуси рафта гуфт: – Ин тиллоро бо дирхам иваз кун.
Сарроф пурсид: Ин тиллоро аз кучо ёфти, ки вазни он баробар ба ду тиллои ин вактааст?
Зан киссаро баён кард. Мачуси дархол имон оварда мусулмон шуд.
Зан аз бозор таъом оварда мунтазири шавхар буд, ки шавхараш дасти холи ба хона омад ва буи таъомро эхсос карда аз зан аз кучо будани таъомро пурсид.
Зан он киссаро ба тамом гуфт: – Абдуллох сачдаи шукр карда, ба ибодати Аллох таъоло машгул гардид.
Расули акрам (с) фармуданд, ки Чабраил (а) як оинаи сафедро ба ман оварда гуфт: Ё Расулаллох, ин оина рузи чумъа аст, ки Аллох таъоло ба ту ато кард, баъд аз ту он руз иди умматони ту бошад. Дар мобайни он оина нуктае буд. Аз Чабраил (а) пурсидам, ки ин чист?
Гуфт: ин нукта соате аст аз бисту чахор соати шабу рузи явми чумъа, ки он соат вакти ичобати дуъо аст. Рузи чумъа сайиди рузхост.