Главная / Маданият ва санъат / Намози ҷамоат ва намози ҷумъа

Намози ҷамоат ва намози ҷумъа

Намози ҷамоат ва намози ҷумъа

Расули акрам (с) фармуданд, ҳар касе панҷ вақт намозро дар масҷид дар ақиби имом бо ҳамроҳии ҷамоат адо кунад, Аллоҳ таъоло ба он банда панҷ чиз ато кунад:

Аввал, камбағалиро аз ӯ дур гардонад.

Дувум, ӯро аз азоби қабр халос гардонад.

Сеюм, номаи аъмоли ӯро ба дасти рости ӯ бидиҳад.

Чаҳорум, аз Сирот мисли барқ бигузаронад.

Панчум, ба биҳишти анбарсиришт бе ҳисоб дохил гардонад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки як намози боҷамоат хондан беҳтар аст аз чиҳилсола намози танҳо гузоридан дар хона. Ба  дурустие, ки намози ҷамоат хондан бисту ҳафт дараҷа аз намози танҳогузор бартарӣ дорад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки намозро боҷамоат гузоред, ки намози боҷамоат ризои Аллоҳ таъоло ва суннати’ пайғамбарон ва дӯст доштани фариштагон ва асли имон ва нури маърифат ва иҷобати дуъо ва қабули аъмол ва баракати молу салох бар душман ва чароғи кабру кароҳати шайтон ва шафеъи Расул (с) аст.

Овардаанд, ки Расули акрам (с) дар масҷиди Мадина бо ҳамроҳи асҳоб нишаста буданд, як ҷавоне гиря карда ба масҷид даромад. Пайғамбар (с) пурсид, эй ҷавон, барои чӣ гиря мекунӣ?  Он чавон гуфт: – Ё Расулаллоқ, падарам вафот кард аз барои кафану шустани ӯ зарур монда ба назди Шумо омадам.

Ҳазрати Расул (с), ҳазрати Абубакр ва ҳазрати Умар (р) – ро фармуданд, ки ҳамроҳи ҷавон рафта, падари ӯро кафан карда дафн кунанд.

Он ду ёри киром ҳамрохи он ҷавон рафта диданд, ки майит ба шакли хук хоб карда аст. Дар ҳол баргашта омада сурати ҳодисаро ба Расул (с) хабар карданд.

Он раҳматхоҳи оламиён ҳамроҳи асҳоб рафта диданд, ки мурда мисли хук гаштааст. Аз ҷавон пурсиданд, ки падарат дар дунё чӣ амал дошт?

Ҷавон гуфт: – Падарам бенамоз буд.

Пайғамбар (с) гуфтанд:  Эй мардум, назар кунед, ки бенамозро Аллоҳ таъоло рӯзи қиёмат мисли хук маҳшур гардонад, наъузу биллоҳ.

Овардаанд, ки Майсара (р) аз гӯристоне гузашта гуфт: – Ассалому алайкум ё ахли қубур.

Аз қабре овоз омад, ки ҳуш бод ба ту, эй ахли дунё, ки ҳар моҳ чаҳор бор ҳаҷ мегузорӣ.

Майсара пурсид: – Он кадом ҳаҷ аст?

Овоз омад, ки он намози ҷумъа аст.

Бидон, ки намози ҷумъа ҳаҷҷи мақбул аст.

Ҳикоят. Овардаанд, ки маҷусие буд, ки солҳои дароз  оташпарастӣ менамуд. Рӯзе дасти худро дар оташ дароз карду дасташ сӯхт. Тавфиқи Илоҳӣ ёварӣ карду ба худ андешиду гуфт. -Умрест, ки ман оташ мепарастам, боз дасти маро мисли дигар мардумон месӯзад. Ба Худои оламиён имон орам, шояд, ки аз оташи дӯзах халосӣ бахшад. – Ин гуфта, бо ҳамроҳи аҳлу аёли худ дар хонакоҳи Молики Динор рахматуллоҳу алайҳи омада имон овард.

Молики Динор бо ҳамроҳи муридони худ хурсанд шуда, номи ӯро Абдуллоҳ ниҳоданд. Молики Динор хост, ки аз муридонаш чизе ҷамъ карда ба он навмусулмон дихад.

Абдуллоҳ гуфт: – Ё Шайх, агар чӣ чизе надорам, аммо дини мусулмониро ба дунё иваз накунам, ба карами Аллоҳ таъоло умед дорам, ки маро зоеъ нагардонад, ин бигуфт ва ба хона рафта ба ибодат машғул шуд.

Зани ӯ гуфт: – Эй мард, фарзандонат гуруснаанд, ба бозор рафта касбе намуда чизе биёр.

Абдуллоҳ ба бозор рафт. Ҳеҷ кас ӯро ба кори муздурӣ даъват накард. Ба худ гуфт: – Ҳеҷ чизе наёфтам, ба масҷид рафта кори Худоро кунам.

Пас ба масҷид рафта, то шом ибодат карда шаб дасти холӣ ба хона омад.

Занаш гуфт: – Ҳеҷ чиз овардӣ?

Абдуллоҳ гуфт: – Имрӯз ба касе хизмат кардам, ки музди ӯро пагоҳ доданӣ шуд, – ин гуфта шаб гурусна хоб карданд.

Боз пагоҳ ба бозор рафт, боз касе ӯро кор нафармуд, то шаб ба масҷид даромада ибодат карда, дасти холӣ ба хона омад ва ба зан гуфт: – Соҳиби кор мегӯяд, ки пагоҳ низ омада хизмати хуб кунӣ, музди кори туро медиҳам.

Он шаб ҳам гурусна хоб карданд. Рӯзи дигар чумъа буд, ба бозор рафт, боз коре наёфта ба масҷид баргашт ва намози ҷумъаро хонда даст ба дуьо бардошта гуфт: – Худоё, ба ҳурмати дини мусулмонӣ ва ба ҳурмати рӯзи ҷумъа нафақаи аёли маро аз ғайб бирасон ва маро дар назди зан шарманда магардон.

Гӯянд, ки дар он вақт баъд аз намози ҷумъа шахсе дарвозаи ӯро зад, зани Абдуллоҳ берун баромада дид, ки шахси нуронӣ бар дар истода, табақе пур аз тиллои сурх ба дасти он заифа дода гуфт: – Ба шавҳари худ бигу, ки имрӯз хизмати хуб кардӣ, аҷри онро бигир.

Зан он табақро боз карда дид, ки ҳазор тилло дар табақ буд. Шукрона карда, бо хурсандӣ як тиллоро гирифта ба назди саррофи маҷусӣ рафта гуфт: – Ин тиллоро бо дирҳам иваз кун.

 

Сарроф пурсид:  Ин тиллоро аз куҷо ёфтӣ, ки вазни он баробар ба ду тиллои ин вақтааст?

Зан қиссаро баён кард. Маҷусӣ дарҳол имон оварда мусулмон шуд.

Зан аз бозор таъом оварда мунтазири шавҳар буд, ки шавҳараш дасти холӣ ба хона омад ва бӯи таъомро эхсос карда аз зан аз куҷо будани таъомро пурсид.

Зан он қиссаро ба тамом гуфт: – Абдуллоҳ саҷдаи шукр карда, ба ибодати Аллоҳ таъоло машғул гардид.

Расули акрам (с) фармуданд, ки Ҷабраил (а) як оинаи сафедро ба ман оварда гуфт:  Ё Расулаллох, ин оина рӯзи ҷумъа аст, ки Аллоҳ таъоло ба ту ато кард, баъд аз ту он рӯз иди умматони ту бошад. Дар мобайни он оина нуқтае буд. Аз Ҷабраил (а) пурсидам, ки ин чист?

Гуфт:  ин нуқта соате аст аз бисту чаҳор соати шабу рӯзи явми чумъа, ки он соат вакти иҷобати дуъо аст. Рӯзи чумъа сайиди рӯзҳост.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

шеъри модар

Шеърҳои беҳтарин дар васфи Модар

Муҳаббати модар Писар, рав, қадри модар дон, ки доим Кашад ранҷи писар бечора модар. Бирав, …