Главная / Гуногун / Наъти шох Неъматуллохи Вали

Наъти шох Неъматуллохи Вали

Хуш рахматест, ёрон, салавот бар Мухаммад,
Гуем аз дилу чон салавот бар Мухаммад.
Гар муъминиву содик, бо мо шави мувофик,
Курии хар мунофик, салавот бар Мухаммад.
Дар осмон фаришта, мехраш ба чон нишаста,
Бар Арш хуш навишта, салавот бар Мухаммад.
Салавот агар бигуи, ёби хар он чи чуи,
Гар ту зи хайли уи, салавот бар Мухаммад.
Эй нури дидаи мо, хуш мачлисе биёро,
Мегу хуши Худоро, салавот бар Мухаммад.
Монанди гул шукуфтем, дурри латиф суфтем,
Хуш ошикона гуфтем: «Салавот бар Мухаммад».

Валлох, ки дидаи ман аз нури уст равшан,
Чони ман асту ман тан, салавот бар Мухаммад.
Гуфтем бо дилу чон бо ошикони гирён,
Шодии руйи ёрон, салавот бар Мухаммад.
Гуям дуои Сайид, хонам санои Сайид,
Чонам фидои Сайид, салавот бар Мухаммад.
Хуш гуфт Неъматуллох, рамзе зи «Ли мааллох»,
Хуш гу ба ишки Аллох, салавот бар Мухаммад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …