Главная / Биология / Мутобикшавии растани дар хокхои нисбатан хушк

Мутобикшавии растани дар хокхои нисбатан хушк

Рушду нумуи растанихо ба шароити мухити зисти онхо сахт алокаманди дорад. Чузъхои (элементхои) алохидаи мухити берунаро (равшани, харорат, нами, таркиби хок ва гайрахоро) омилхои экологи меноманд. Бинобар он, вобаста ба омилхои гуногуни экологии мухити атроф растанихо мутобикатхои гуногун пайдо кардаанд.

Гуногунии шароити мухити зист боиси гуногунхелии растанихо мегардад. Бинобар он, мо дар водию доманакуххо, теппаю маргзорхо, дашту биёбонхо растанихои бисёреро мебинем, ки барои дар чунин шароитхо зиндаги кардан бо харгуна дигаргуншавии узвхояшон хусусиятхои мутобикати пайдо кардаанд. Масалан, баргхои тутанчир, гули хасрат ва хусусан филодендрон хеле калон аст. Пас, ин растанихо аз чойхое оварда шудаанд, ки намии фаровон доштаанд. Дар хакикат, ватани ин растанихо бешахои сернами тропики аст.

mutobiqshavii-rastani

Растанихои махалхои сернам аз чихати сохт ва намуди зохири- ашон аз растанихои чойхои хушк ба кулли фарк мекунанд. Намии фаровон ба калон шудани барг ёри мерасонад. Ва чи тавре ки маълум аст, хар кадар барг калон бошад, вай хамон кадар обро бештар бухор мекунад.

мумкин аст. Барги ин растанихо майда аст. Баъзан онхо бебарганд ё ба чои барг мисли суббор (кактус) хор доранд.

Дар хок то хадди зарури нарасидани нами, ё ин ки аз хад зиёд будани он ба нашъунамои растанихо таъсир мерасонад, охиста-охиста (тадричан) намуди зохири ва сохти онхо тагйир меёбад.

Барги бисёр растанихои махалли хушк ва гармбод василахои мутобикатие доранд, ки онхо боиси кам бухор гардидани об мешаванд. Масалан, серпашмаки ва бо шираи муммонанд руйпуш будани барг, нисбатан кам будани масомахо ва аломатхои дигар аз чумлаи онхоанд.

Барги баъзе растанихо, масалан сабр (алоэ) ва ханчари (агава) пурмагзу сероб мешавад. Дар ин гуна баргхо об захира мешавад.

Хусусан, растанихои дашту биёбон ба сершумор набудани хелхояшон дар чунин шароит (хушки) нигох накарда, мутобикатхои фавкулодда гуногун пайдо кардаанд. Баъзеи онхо баргхои нихоят хурд ё сузаншакл доранд. Дар дигарашон барг ба пулакчаи нихоят хурд мубаддал гаштааст. Дар саксавул бошад, умуман барг дида намешавад. Раванди фотосинтез дар навдахои сабз мегузарад. Баъзе растанихои чойхои хушк инчунин ба туфайли решаи хеле дарозашон ба шароити хушки мутобик гардидаанд.

Хамин тавр, растанихо дар давоми таърихи дуру дарози инкишофашон дар мухитхои гуногун нашъунамо карда, бисёр ало- матхои мутобикати пайдо кардаанд.

  1. Растанихои махалли сернамро аз руи кадом аломатхои зохириашон фарк кардан мумкин аст?
  2. Растанихои махалли хушк чи хел воситахои мутобикати доранд?
  3. Барги растанихои махалхои хушк чи гуна аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …