Главная / Техника / Муш барои компютер

Муш барои компютер

Имкониятхои компютер, хамчун механизми универсалии коркарди информатсия, дар он тачассум меёбад, ки ба он кадом тачхизоти дохилкуни, хоричкуни, коркард ва нигохдорандаи информатсия пайваст карда шудаанд.

mushakМуш (Мышь – Mouse) – яке аз чунин тачхизотест, ки кариб хамаи программахои муосир аз имкониятхои он ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар баъзе компютерхо ба чои муш баъзе тачхизоти дигар – трекбол, панели сенсори, трекпойнт ва гайрахо истифода бурда мешаванд, ки онхо аслан ивазкунандагони функсияхои муш ба хисоб мераванд.

Хамаи ин тачхизот дар якчояги механизм–нишондихандахо ном доранд, чунки ба воситаи онхо ин ё он элементи экран нишон дода мешавад.

Дар компютерхои болои мизи бештар аз муш истифода мебаранд. Муш – манипулятор, яъне олоти зуд харакаткунанда буда, дар зери кафи дасти инсон ба хузур мегунчад. Ранги муш одатан хокистарранг буда, ду ё се тугма дорад. Вакте ки ин асбоб бо ёрии сим ба компютер пайваст карда мешавад, дар хакикат хам ба муши думдор монанди хосил мешавад.

Хангоми дар болои миз ё дигар хамвори (бештар колинчаи пластики) ба ин ё он тараф ба харакат даровардани муш, дар экран мувофикан аломате ба харакат медарояд, ки онро нишондихандаи муш (mouse pointer) мегуянд.

Нишондихандаи муш вобаста аз программаи мавчуда ё амалиёти ичрошаванда, метавонад шаклхои гуногунро кабул намояд. Вале, одатан он дар шакли тирчаи ба  арафи

чап моилбуда дар экран пайдо мешавад. Муш махз барои идоракунии нишондихандааш хизмат мерасонад. Агар хангоми дар болои колинча лагжонидани муш он ба канорхои колинча наздик шавад, он гох мушро бардошта ба чои мувофиктари дигар гузоштан зарур аст. Дар таги муш саккочае мавчуд аст, ки бо ёрии он оиди самти харакати манипулятор сигнал хосил мешавад.

Тугмаи асосии муш тугмаи чапи он ба хисоб меравад. Тугмаи росташ бошад, дар баъзе мавридхо истифода бурда мешавад. Агар муш се тугма дошта бошад, он гох аз тугмаи мобайни одатан истифода намебаранд. Барои шахсони чапдаст функсияи тугмахои чапу рости мушро иваз кардан мумкин аст. Барои интихоб ва ичрои ягон команда мушро дар болои колинчааш ба харакат дароварда, нишондихандаашро дар экран ба болои номи команда гузошта, тугмаи чапро пахш кардан кифоя аст.

Бо ёрии муш якчанд амалиёти универсали ичро карда мешаванд, ки асоситаринашон инхоянд:

  1. интихобкунии объект – нишондихандаи мушро дар экран ба болои нишонаи объект гузошта, тугмаи чапи мушро зуд пахш (click) карда сар додан. Ранги объекти интихобкардашуда дигар (равшантар) мешавад;
  2. ичрокунии амалиётхо – нишондихандаи мушро дар экран ба болои нишонаи объект гузошта, тугмаи чапи мушро зуд-зуд ду маротиба пахш (double click) карда сар додан;
  3. чойивазкунонии объектхо – нишондихандаи мушро дар экран ба болои нишонаи объект гузошта, тугмаи чапи мушро пахшкунон объектро ба мавкеи нави экран кучонидан (drag) ва тугмаро сар додан.

Саволхо:

  1. Вазифахои муш дар компютерхои IBM PC кадомхоянд?
  2. Кадом манипуляторхо метавонанд мушро иваз намоянд?
  3. Вазифаи колинчаи пластики аз чи иборат аст?
  4. Нишондихандаи ___________муш барои ичрои кадом вазифахо хизмат мерасонад?
  5. Амалиётхои универсалие, ки бо ёрии муш ичро карда мешаванд,

кадомхоянд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.

2. Дар синфхонаи компютери амалиётхои асоситарини кор бо мушроичро намоед

Инчунин кобед

Кисмхои компютерхои фарди

Пеш аз хама аз таъминоти дастгохии компютери фарди огоз менамоем: Расми кисмхои асосии компютер Чи …