Главная / Техника / Муш барои компютер

Муш барои компютер

Имкониятҳои компютер, ҳамчун механизми универсалии коркарди информатсия, дар он таҷассум меёбад, ки ба он кадом таҷҳизоти дохилкунӣ, хориҷкунӣ, коркард ва нигоҳдорандаи информатсия пайваст карда шудаанд.

mushakМуш (Мышь – Mouse) – яке аз чунин таҷҳизотест, ки қариб ҳамаи программаҳои муосир аз имкониятҳои он ба таври васеъ истифода мебаранд. Дар баъзе компютерҳо ба ҷои муш баъзе таҷҳизоти дигар – трекбол, панели сенсорӣ, трекпойнт ва ғайраҳо истифода бурда мешаванд, ки онҳо аслан ивазкунандагони функсияҳои муш ба ҳисоб мераванд.

Ҳамаи ин таҷҳизот дар якҷоягӣ механизм–нишондиҳандаҳо ном доранд, чунки ба воситаи онҳо ин ё он элементи экран нишон дода мешавад.

Дар компютерҳои болои мизӣ бештар аз муш истифода мебаранд. Муш – манипулятор, яъне олоти зуд ҳаракаткунанда буда, дар зери кафи дасти инсон ба ҳузур меғунҷад. Ранги муш одатан хокистарранг буда, ду ё се тугма дорад. Вақте ки ин асбоб бо ёрии сим ба компютер пайваст карда мешавад, дар ҳақиқат ҳам ба муши думдор монандӣ ҳосил мешавад.

Ҳангоми дар болои миз ё дигар ҳамворӣ (бештар қолинчаи пластикӣ) ба ин ё он тараф ба ҳаракат даровардани муш, дар экран мувофиқан аломате ба ҳаракат медарояд, ки онро нишондиҳандаи муш (mouse pointer) мегўянд.

Нишондиҳандаи муш вобаста аз программаи мавҷуда ё амалиёти иҷрошаванда, метавонад шаклҳои гуногунро қабул намояд. Вале, одатан он дар шакли тирчаи ба  арафи

чап моилбуда дар экран пайдо мешавад. Муш маҳз барои идоракунии нишондиҳандааш хизмат мерасонад. Агар ҳангоми дар болои қолинча лағжонидани муш он ба канорҳои қолинча наздик шавад, он гоҳ мушро бардошта ба ҷои мувофиқтари дигар гузоштан зарур аст. Дар таги муш саққочае мавҷуд аст, ки бо ёрии он оиди самти ҳаракати манипулятор сигнал ҳосил мешавад.

Тугмаи асосии муш тугмаи чапи он ба ҳисоб меравад. Тугмаи росташ бошад, дар баъзе мавридҳо истифода бурда мешавад. Агар муш се тугма дошта бошад, он гоҳ аз тугмаи мобайнӣ одатан истифода намебаранд. Барои шахсони чапдаст функсияи тугмаҳои чапу рости мушро иваз кардан мумкин аст. Барои интихоб ва иҷрои ягон команда мушро дар болои қолинчааш ба ҳаракат дароварда, нишондиҳандаашро дар экран ба болои номи команда гузошта, тугмаи чапро пахш кардан кифоя аст.

Бо ёрии муш якчанд амалиёти универсалӣ иҷро карда мешаванд, ки асоситаринашон инҳоянд:

  1. интихобкунии объект – нишондиҳандаи мушро дар экран ба болои нишонаи объект гузошта, тугмаи чапи мушро зуд пахш (click) карда сар додан. Ранги объекти интихобкардашуда дигар (равшантар) мешавад;
  2. иҷрокунии амалиётҳо – нишондиҳандаи мушро дар экран ба болои нишонаи объект гузошта, тугмаи чапи мушро зуд-зуд ду маротиба пахш (double click) карда сар додан;
  3. ҷойивазкунонии объектҳо – нишондиҳандаи мушро дар экран ба болои нишонаи объект гузошта, тугмаи чапи мушро пахшкунон объектро ба мавқеи нави экран кўчонидан (drag) ва тугмаро сар додан.

Саволҳо:

  1. Вазифаҳои муш дар компютерҳои IBM PC кадомҳоянд?
  2. Кадом манипуляторҳо метавонанд мушро иваз намоянд?
  3. Вазифаи қолинчаи пластикӣ аз чӣ иборат аст?
  4. Нишондиҳандаи ___________муш барои иҷрои кадом вазифаҳо хизмат мерасонад?
  5. Амалиётҳои универсалие, ки бо ёрии муш иҷро карда мешаванд,

кадомҳоянд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.

2. Дар синфхонаи компютерӣ амалиётҳои асоситарини кор бо мушроиҷро намоед

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

komputer

КОМПЮТЕРҲОИ ФАРДӢ

Компютерҳои насли якум (солҳои 40-50) таҷҳизоти хеле калон буданд. Барои ҷо ба ҷо гузоштани қисмҳои …