Главная / Биология / Мубодилаи гетеротрофии моддахо

Мубодилаи гетеротрофии моддахо

Организмхое, ки аз пайвастагихои гайриорганики пайвастагихои органикиро синтез карда наметавонанд, барои аз мухити атроф ворид шудани онхо эхтиёчманданд. Чунин организмхо гетеротрофхо номида мешаванд. Ба онхо аксарияти бактерияхо, занбуругхо ва хамаи хайвонот мансубанд.

Хайвонот дар табиат хайвоноти дигар ва растанихоро хурда, якчоя бо хурок ангиштобхо, чарбхо, сафедахо ва кислотахои нуклеинати тайёрро низ мегиранд. Дар рафти фаъолияти хаёт тачзияи (парахашавии) ин моддахо ба амал меояд. Дар ин вакт аз кисми озодшудаи молекулахо-глюкоза, аминокислотахо, нуклеотидхо ва гайра пайвастагихои органикии нисбатан мураккаб – гликоген, чарбхо, сафедахо, кислотахои нуклеинат синтез мешаванд, ки барои хамин организм хос аст.

Дар натичаи тачзияи кисми дигари молекулахо энергия хорич мегардад, ки барои фаъолияти организми зинда истифода мешавад.

Саволхо барои санчиш:

  1. Ассимилятсия ва диссимилятсия чист? Мархилахои дис- симиляцияро тавсиф кунед.
  2. Ахамияти АТФ дар мубодилаи моддахо дар хучайра аз чи иборат аст?
  3. Мубодилаи энергияро дар хучайра дар мисоли тачзияи глюкоза гуфта дихед.
  4. Ба шумо кадом хелхои гизогирии организмхо маълуманд?
  5. Кадом организмхо автотрофхо номида мешаванд?
  6. Фазахои рушнои ва торикии фотосинтезро тавсиф кунед.
  7. Чаро дар натичаи раванди фотосинтез дар растанихои сабз ба атмосфера оксигени озод хорич мешавад?
  8. Хемосинтез чист? Он ба кадом навъи организмхо хос аст?
  9. Кадом организмхо гетеротрофхо номида мешаванд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …