Главная / Биология / Мубодилаи гетеротрофии моддаҳо

Мубодилаи гетеротрофии моддаҳо

Организмҳое, ки аз пайвастагиҳои ғайриорганикӣ пайвастагиҳои органикиро синтез карда наметавонанд, барои аз муҳити атроф ворид шудани онҳо эҳтиёҷманданд. Чунин организмҳо гетеротрофҳо номида мешаванд. Ба онҳо аксарияти бактерияҳо, занбўруғҳо ва ҳамаи ҳайвонот мансубанд.

Ҳайвонот дар табиат ҳайвоноти дигар ва растаниҳоро хўрда, якҷоя бо хўрок ангиштобҳо, чарбҳо, сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинати тайёрро низ мегиранд. Дар рафти фаъолияти ҳаёт таҷзияи (парахашавии) ин моддаҳо ба амал меояд. Дар ин вақт аз қисми озодшудаи молекулаҳо-глюкоза, аминокислотаҳо, нуклеотидҳо ва ғайра пайвастагиҳои органикии нисбатан мураккаб – гликоген, чарбҳо, сафедаҳо, кислотаҳои нуклеинат синтез мешаванд, ки барои ҳамин организм хос аст.

Дар натиҷаи таҷзияи қисми дигари молекулаҳо энергия хориҷ мегардад, ки барои фаъолияти организми зинда истифода мешавад.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Ассимилятсия ва диссимилятсия чист? Марҳилаҳои дис- симиляцияро тавсиф кунед.
  2. Аҳамияти АТФ дар мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайра аз чӣ иборат аст?
  3. Мубодилаи энергияро дар ҳуҷайра дар мисоли таҷзияи глюкоза гуфта диҳед.
  4. Ба шумо кадом хелҳои ғизогирии организмҳо маълуманд?
  5. Кадом организмҳо автотрофҳо номида мешаванд?
  6. Фазаҳои рўшноӣ ва торикии фотосинтезро тавсиф кунед.
  7. Чаро дар натиҷаи раванди фотосинтез дар растаниҳои сабз ба атмосфера оксигени озод хориҷ мешавад?
  8. Ҳемосинтез чист? Он ба кадом навъи организмҳо хос аст?
  9. Кадом организмҳо гетеротрофҳо номида мешаванд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …