Главная / Биология / Миёндард – сабаб ва роххои табобат

Миёндард – сабаб ва роххои табобат

Дарди миён ин бемориес, ки новобаста аз сину соли кас пайдо мешавад ва азобе ки у ба иносон медихам хам имконияти кор накарданро медихаду ва хам асабхоро хароб мекунад. Сабаби пайдоиши дарди миён гуногун мешавад ва дар байни аз хама пахншудатарин сабаб ин качшавии сутунмухра мебошад, ки дар натичаи он рагхои асаб пахш шуда ба одам дарди дурудароз медихад.

miyon-dardМиён метавонад инчунин аз сабаби бемории гурда ва ё чигар хам бошад ки дар чамъият чунин беморон хам хеле зиёд хастанд. Дар сахифаи мазкур асосан сухан дар мавриди дарди миён ки аз хисоби сутунмухра пайдо мешавад, сухан меравад.

Сарчашмахои пайдоиши дарди сутунмухра

Сутунмухраи одамон дар замонхои кадим хам азобу дардхои зиёде медод вале он замонхо мегуфтанд, ки ин бемории пири буда асосан дар натичаи чамъ шудани намак гуё пайдо мешудаст. Лек тибби имруза сарчашмахои пайдоишро чунин номбар мекунад:

  1. Остеохондроз, спондилез, спондилоартроз;
  2. Сколиоз, кифосколиоз;
  3. Грижа;
  4. Радикулит – шамолхури;
  5. Стеноз;
  6. Захм хурдан ва ё шикастани кабурга;
  7. Ягон чизи вазнинро бардошта мушакхоро пароканда кардан;

Пайдоиши номгуи ин намуди дардхо-беморихо асосан аз чунин корхо ба миён меоянд, ки чумлаи онхо ин бардоштани бори вазнин, зарбаи сахт хурдан, дурудароз – солхои сол дар кори якчой менишаста кор кардан, гох-ногох бо миёни гарму тар шамол хурдан, кач нишастан, дурудароз камфаъол будан (масалан занхои хонашини камкор дар назди телевизор).

Чи бояд кард?

Агар миёни шумо дарди токатнофарсо медода бошад ва ё аз хисоби захм-зарба дидан пайдо шуда бошад фавран ба духтури асаб мурочиат бояд кард. Лек агар миёни шумо дарди ночиз пайдо карда бошад пас мудати муайян интизор шуд (масалан 1-хафта). Агар дард наравад пас ба духтури асаб метавон мурочиат кард.

Бояд кайд кард, ки дар духтурхонахо алхол табибони ноинсоф бисёр шуда истодаанд, ки дар байни онхо рохбарон хам хастанд ва баъзеи онхо аз сабаби нафсашон бошад дигархояшон аз сабаби бесаводи беморонро ба чойи аз дард рахои кардан баракс саломатиашонро баддтар мекунанд ва барои хамин хам пеш аз хама хушёрро аз даст надод.

Тавсия мекунем, ки пеш аз рафтан ба назди духтур чунин матнхоро дар шабакаи интерент ба забонхои русси ва англиси хонда саводи худро зиёд кард ва хангоми хамсухбат шудан бо духтур алакай аз сатхи хизматрасони  у бахо дода хулосаи дахлдорро мебароред.

Албатта духтури хуб аввал беморро  табобат бо рохи гайри чаррохи давоми якчанд мох ба рох мемонад ва баъдан пешниход мекунад, ки дар холати ноилочи чаррохи карда шавад. Вале духтури ноинсофу бесавод дархол чаррохи мегуяд ва хатто рентген хам намекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

КОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (КОНУНИ ТАЧЗИЯ)

Хангоми дурагакунии наслхои гибридии якум, ки аломати якхела доранд, дар насли дуввум хам аломати модари …