Главная / Илм / Материяи зинда ва хусусиятхои асосии он

Материяи зинда ва хусусиятхои асосии он

Тамоми олами зинда, аз чумла инсон, ба системахои гуно-гуни биологи дохил шуда, аз таксонхои (салтанат, тип, синф, катор, оила, авлод, намуд), тобеи якдигар буда иборатанд.

zindaМаълум аст, ки хамаи мавчудоти зинда аз хучайрахо таркиб ёфтаанд. Хучайра метавонад организми алохида ё комил бошад, масалан соддатаринхо ё мавчудоти серхучайра. Сохти хучайра содда, чунончи, дар бактерияхо ё мураккаб, масалан, дар соддатаринхо ва мавчудоти серхучайра шуданаш мумкин аст. Хам хучайраи бактерия ва хам хучайраи соддатаринхо аз нигохи физиологи организми том аст, зеро такрибан хамаи он равандхои хаётие, ки дар мавчудоти серхучайра дида мешаванд, дар онхо низ вучуд доранд (хазми хурок, харакат, ихроч, ангезиш ва гайрахо). Хучайрахои мавчудоти серхучайра махсус гаштаанд, яъне онхо баракси хучайрахои мавчудоти якхучайра факат як вазифаро ичро мекунанд ва берун аз организм мустакилона зиста наметавонанд.

Дар мавчудоти серхучайра алокаманди ва вобастагии хучайрахои бисёр ба ташаккули унсурхои нав (бофта, узв) боис мегардад. Унсурхои организм – хучайра, бофта, узв дар якчояги хануз организми том шуда наметавонанд. Факат пайвастшавии онхо мувофики тартибе, ки дар раванди бардавоми эволютсия ба амал омадааст, хамчунин дар сурати ба якдигар таъсир расондан ва дорои хусусиятхои муайян будан, метавонанд организми комил ба шумор раванд.

ЗИНАХОИ ТАШАККУЛИ (ТАШКИЛЁБИИ) МАТЕРИЯИ ЗИНДА

Табиати зинда аз системаи мураккаби зина ба зина ташаккулёфта иборат аст (расми 1.1). Олимон дар асоси зухуроти хусусиятхои хаёт чанд зинаи ташаккули материяи зиндаро чудо кардаанд: молекулави, хучайраги, бофтаги, узви, организми, популятсияву намуди, биогеосенози, биосфераги.

Молекулави. Хар як организми зинда, чи кадаре он мураккаб набошад, зинаи таъсири байнихамии макромолекулахои биологиро аз сар мегузаронад; кислотахои нуклеинат, сафеда, полисахаридхо ва дигар моддахои мухими органики, яъне равандхои асосии фаъолияти хаётии организм аз хамин зина огоз меёбад.

Расми 1.1. Зинахои ташаккули материяи зинда (дар мисоли организмхои алохида). Организм чун дигар мавчудот бо принсипи иерархи сохта шудааст.

Зинаи молекулавиро зинаи нахустини хаёт меноманд. Организми зинда аз молекулахои моддахои органики – са-феда, кислотахои нуклеинат, ангиштоб, чарб (липидхо) ибо-рат буда, онхо дар хучайра чойгиранд ва молекулахои биологи ном гирифтаанд. Ахамияти ин пайвастагихои биологи дар сабзишу афзоиши организмхо, нигохдори ва аз насл ба насл гузаронидани ахбори ирси, мубодилаи моддахо ва табдилёбии энергия дар хучайра калон аст. Пайвастагихои органикие, ки дар таркиби хучайраи организмхои зинда мавчуданд, полимерхои биологи ё биополимерхо номида мешаванд.

Табдилёбии хама намудхои энергия ва мубодилаи моддахо дар хучайра махз дар зинаи молекулави ба амал меояд. Механизми чунин равандхо барои хамаи организмхои зинда умуми аст.

Бо омузиши зинаи молекулави раванди пайдоиши хаёт ва эволютсияи он дар руи Замин, асоси молекулавии ирсият, раванди мубодилаи моддахо дар организми зинда ошкор карда мешавад. Молекулахои биологи маводе мебошанд, ки аз онхо зинаи дигари хаёт – хучайрахо пайдо мегарданд.

Хучайраги. Хамаи мавчудоти зиндаи руи Замин (гайри вирусхо) аз хучайрахо иборатанд. Онхо якхучайра (бактерияхо, баъзе обсабзхо, соддатаринхо) ва серхучайра мешаванд.

Хучайра вохиди хурдтарин, унсури афзоиш ва инкишофи тамоми мавчудоти зиндаи руи Замин мебошад. Хучайрахои узвхои гуногуни хайвонот, растани, занбуругхо зохиран аз хамдигар фарк доранд. Аслан, байни нейронхои магзи сари инсон, хучайрахои хидра, инфузория ва хучайрахои барги чинор чи гуна умумияте хаст? Бо вучуди ин,

байни онхо ва хамаи хучайрахои дигар монанди нисбат ба тафоввут хеле зиёдтар мебошанд. Шакли хаёти бехучайраги вучуд надорад, мавчуд будани вирусхо далели ин гуфтахост, зеро онхо кобили зинда буданашонро факат дар хучайраи зинда зохир мекунанд.

Бофтаги. Бофтахо аз мачмуи хучайрахои сохторашон монанд ва моддахои байнихучайрави иборат буда, барои ичрои вазифаи умуми муттахид шудаанд.

Узви. Чанд навъ бофтае, ки аз чихати сохт ва вазифа бо хам муттахид шудаанд, узв номида мешаванд. Масалан, пусти инсон чун узв аз эпителия ва бофтаи пайвасткунанда иборат буда, дар якчояги чанд вазифаро ичро мекунад. Яке аз ин вазифахо – мухофизат мебошад.

Организми. Организм системаи бутуни зиндаи якхучайра ё серхучайра аст ва кобилияти мустакилона вучуд доштанро дорад. Организми серхучайра аз мачмуи бофтаю узвхо хосил шуда, барои ичрои вазифахои гуногун мутобик шудаанд.

Популятсияю намуди. Мачмуи организмхои як намуд, ки чои зисташон умуми аст, популятсия ном дорад. Популятсия системаи аз организм як зина боло мебошад. Дар он табдилёбихои оддитарин ё хурдтарини эволютсиони ба амал меоянд.

Биогеосенози. Мачмуи организмхои мухталифи аз чихати ташаккул гуногунро дар якчояги бо хама омилхои мушаххаси мухити зист (кабатхои атмосфера, гидросфера ва литосфера) биогеосеноз меноманд.

Ба он моддахои гайриорганики ва органики, организмхои аутотрофи ва гетеротрофи дохил мешаванд. Вазифаи асосии биогеосеноз чамъкуни ё гункуни (аккумулятсия) ва дубора таксим кардани энергия аст.

Биогеосенозхо дар мачмуъ биосфераи сайёраамонро ташкил медиханд.

Биосфера. Биосфера зинаи баландтарини ташаккули хаёт дар руи Замин аст. Дар биосфера организмхои зинда ва моддахои гайризинда вучуд доранд. Биомассаи организмхои зиндаи руи Замин ба 2,5х1012 т баробар буда, 99,2 % онро растанихои сабз ташкил медиханд. Гардиши моддахо ва табдили энергияе, ки ба фаъолияти хаётии мавчудоти зиндаи руи Замин вобаста аст, дар биосфера ба амал меояд. Хамин тавр, кабати замин (хушки, об ва фазои хавои онро ихота карда)-е, ки дар он мавчудоти зинда сукунат дорад, биосфера номида мешавад. Ба таври дигар гуем, биосфера кабати хаёт аст. Таркиби биосфера ва хосиятхои асосии онро таъсири мутакобилаи омилхои абиотики ва биотики муайян месозад.

Биосфера системаи том ва мураккаб буда, тавассути конунхои дохилии худ ва дар зери таъсири кувваи беруна, аз чумла, кайхон, инкишоф меёбад.

Биосфера махсули эволютсияи дуру дарози замин аст. Мавчудоти зинда дар инкишофи сайёраамон ахамияти хеле калон доранд. Ба чунин хулоса академики рус В.И.Вернадский пас аз тадкики таркиб ва эволютсияи кишри Замин омадааст. У исбот кард, ки эволютсияи кабатхои Замин ва таркиби онхоро факат бо омилхои геологи, яъне бе назардошти накши мавчудоти зинда дар мухочирати геохимиявии атомхо, мукаррар намудан гайриимкон аст.

Биосфераро метавон бо мошини азиме киёс кард, ки кори он ба як омили асоси – энергия вобастаги дорад: дар сурати набудани энергия хама якбора аз кор мемонанд. Дар биосфера манбаи асосии энергия нурхои офтоб мебошанд.

Организмхои зинда нафакат аз нури офтоб вобастаги доранд, балки худ чамъсозандаи азим ва табдилдихандаи бехамтои хамин энергия низ мебошанд.

Саволхо барои санчиш:

  1. Молекулахои органики гуфта чиро меноманд ва роли онхо дар таъмини раванди мубодилаи моддахо аз чи иборат аст?
  2. Тафовути асосии хучайраи организмхои зиндае, ки ба салтанатхои мухталифи табии дохил мешаванд, дар чист?
  3. Мохияти методхои тадкикотии ситологи, гистологи ва анатомии материяи зинда дар чист?
  4. Биогеосеноз гуфта чиро меноманд?
  5. Биосфераро чи гуна шарх додан мумкин аст?
  6. Дар биосфера кадом равандхои мубодилаи моддахо мегузарад? Ахамияти онхо барои организмхои зиндаи сайёраамон дар чист?

Истилохот:

  1. Пайвастагихои гайриорганики – элементхо, моддахои содда ва мураккаби аз онхо хосил шуда, ки дар табиати гайризинда вомехуранд.
  2. Пайвастагихои органики – пайвастагихои карбон бо дигар элементхо, ки дар организмхои зинда ба назар мерасанд.
  3. Биополимерхо – пайвастагихои калонмолекулаи органики, ки мономерашон молекулахои соддатари органики мебошанд.
  4. Хучайра – вохиди таркиби ва вохиди инкишофи тамоми организмхои зинда.
  5. Бофта – мачмуи хучайрахои аз чихати сохт бо хам монанд ва моддаи байнихучайраги дошта мебошад.
  6. Узв – мачмуи бофтахое, ки барои ичрои вазифаи муайян махсус шудаанд.
  7. Системаи биологи – объектхои биологии дарачаи мураккабиашон гуногун.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

hayvonho

Олами зинда: Намуди мавчудот дар дунё

Нахустин мавчудоти зинда дар сайёраи мо тахминан 3-3,5 млрд. сол пеш пайдо шудааст. Аз хамин …