Главная / Илм / МУШУНГ

МУШУНГ

mushungМУШУНГ (Pisum sativum), нахуди дашти, растаниест яксола. Баландиаш то 1 м; пояаш гафси камшохча, баргаш мураккаб (аз 2 – 3 чуфт баргча иборат), гулаш калони одатан харранга, баъзан сафедтоб, гилофакаш 6 – 8-тухма, тухмаш мудаввари зарди сабзча, сурхтоби холдор. Моххои июн – июл гул ва июл – авг. мева мекунад. Дар Точикистон бештар дар к.-куххои Туркистон, Хисору Дарвоз ва нохияхои Точикистони Чануби ва Шарки, Помири Гарби меруяд. Чун алафи бегона дар киштзори галладона (800 – 2800 м аз с. б.) низ месабзад.
М. дар заминхои лалмии минтакахои Хисор ва Кулоб, инчунин дар заминхои обии Хисору Вахш кишта мешавад. М.- ро алохида ё хамрохи чав ва сули мекоранд. Аз дону орди он таом мепазанд.
М. растании доруист. Чушоби алафи он хосияти пешоброни дошта, намакхоро аз организм хорич менамояд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Хусусан ба вояи гизои ашхоси гирифтори беморихои дил илова кардани он манфиати зиёд меорад. Табибони халки бо буги орди М. пучак ва диг. иллатхои ба он монанди пустро «мепазонанд». Орди М. хосияти бехамтои чаббандаги дорад. Истеъмоли М. барои беморони диабети канди низ муфид аст (савияи канди хунро паст мекунад). М. – ро куфта ва бо сафедии тухм омехта карда ба чойхои осебёфтаи пуст (экзема, захмхои гуногун, нарак, хуномос ва г) гузошта банданд, нафъ мерасонад. Киёми оби ва гилофаки М. давои сурхакон ва дерматитхо аст. Истеъмоли М. боиси садо додану дамиши шикам мешавад. Барои ислохи ин бояд шибит истеъмол кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …