Главная / Биология / Захирашави ва истифодабарии моддахо

Захирашави ва истифодабарии моддахо

Як кисми муайяни (микдори барзиёди) моддахои органики канд, охар, сафеда, равган дар бофтахо ва узвхои махсус гун ва захира мешавад. Масалан, охар — моддаи захиравии аз хама маъмултарин мебошад. Охар дар растанихо, хусусан дар хучай- рахои беранги бофтаи захирави дар намуди доначахо гун мешавад (лундаи картошка). Гуншави ё захирашавии охар одатан дар решахо ва пояхо (хусусан дар узвхои пиршуда), узвхои шаклдигар- карда (дар решамевахо, ки бофтахои захиракунандаашон зиёданд), кисми поягии решапоя ва лундахо, дар баргхои пулакчамонанди пиёзакхо ва инчунин дар мевапардахои пурмагз, эндосперми тухм ва тухмпаллахои чанин бештар мушохида карда мешавад .

Сафедахо (моддахои мураккаби органикии нитрогендор) одатан дар намуди доначахои сафедаги (дар лубиё, нахуд, гандум, чавдор, чав ва гайрахо), равган бошад, дар шакли катрахои равган (офтоб- параст, загир, чигит ва гайрахо) бештар дар тухму дони растанихо захира мешаванд.

Моддахои канди бошанд, бештар дар шираи хучайраи решаме- вахои сероб (сабзи, лаблабу), барг (карам), поя (найшакар), пиё- зак (пиёз), мевахои тар (ангур, тарбуз, харбуза ва дигархо) бо микдори зиёд захира мешаванд.

Ин моддахоро растанихо барои он захира мекунанд, ки дар лах- захои барои сабзишу рушди узву бофтахои (хусусан, барои аз мугчахо хосил шудани пояхои нав) лозими ва барои гизогирии насли чавонашон, ки холо ба зиндагии мустакилона нагузаштаанд, истифода баранд. Барои ин аввало ин моддахои захирави то моддахои содда тачзия (вайрон) мешаванд. Сипас, дар навбати худ ин моддахо дар узви чавони сабзидаистода барои ба вучуд овардани хучайрахо ва бофтахои нав ба нав сарф мегарданд.

Шумо хуб медонед, ки инсон ба сифати гизо аз моддахои захира- вии растанихо васеь истифода мебарад. Растанихои мазруъ бошанд, нисбат ба растанихои худруй ба микдори зиёд (аз он микдоре, ки барои онхо кифоя аст) моддахои захиравиро дар узвхои захиракунандаашон гун мекунанд. Бинобар он одамон дар давоми асрхои зиёд усулхои гуногуни навъофариро истифода бурда, навъхои сермахсул ва босифати растанихои кишоварзиро ба вучуд овардаанд. Навъхои бавучудовардашуда аз чихати калонии мева, сермагзи, хушлаззати, серравганию серсафедаги, зиёдохардори, ширини ва бисёр дигар хусусиятхои чолибашон ба худ хамто надоранд.

  1. Дар узвхои захиравии растанихо кадом моддахои органики захира мешаванд?
  2. Моддахои захирави бештар дар кадом узвхои растанихо гун мешаванд?
  3. Сафеда ва равган дар кадом намуд дар тухму дони растанихо захира мешаванд?
  4. Чаро растанихо дар узвхои гуногунашон моддахои органикиро захира мекунанд?
  5. Растанихои мазруъ аз растанихои худруй чи бартари доранд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …