Главная / Илм / МУБОДИЛАИ ГАЗ

МУБОДИЛАИ ГАЗ

gazМУБОДИЛАИ ГАЗ, навъе аз мубодилаи моддахо байни организм ва мухити атроф. М. г. аз оксигенро фуру бурда гази карбонатро хорич кардани организм иборат аст; фуру бурдани баъзе махсулоти газмонанд ва буги об низ мансуб ба М. г. мебошад.
М. г. чузъи аввалу охири силсилаи аксуламали мубодилаи моддахо ва неруи организм буда, фаъолияти хаётии онро таъмин месозад. Механизми М. г. дар одам аз нафас гирифтан бо шуш (мубодилаи фаъоли газхоро байни хавои атмосфери ва алвеолави, хавои алвеолави ва хун таъмин менамояд), оксигенро пайваст намуда ба бофтахо расондани хун, гузариши оксиген аз хун ба моеъи байни бофтахо ва нафасгирии бофтахо иборат аст. Ба хамин монанд (факат баръакс) мубодилаи гази карбонат сурат мегирад.
Фишори парсиалии оксигени хаво, ки алвеолахои шушро пур мекунад, ба 100 мм сут. симоби, шиддати он дар хуни венави, ки ба шуш чори мешавад, такр. 40 мм сут. симоби аст. Дар натичаи фаркияти фишори парсиали оксиген аз алвеолахо ба хун рафта, бо гемоглобини эритроситхо пайваст мегардад, сипас вай аз хун ба бофтахо мегузарад ва хамин тавр, ба силсилаи равандхои мубодила дохил мешавад.
Фишори парсиалии гази карбонат дар хавои алвеолахо ба 40 мм сут. симоби, шиддати он дар хуни венавие, ки ба шуш меравад, ба 48 мм сут. симоби баробар аст. Бинобар фаркияти фишор гази карбонат ба алвеолахо мегузарад, вале гази карбонати дар бофтахо барзиёд чойдошта, ба хун ва сипас ба шуш меравад. Раванди М. г. муттасил идома меёбад. Оид ба савияи М. г. метавон аз руи бузургии вентилятсияи шуш дар 1 дак. хулоса баровард. Дар мавриди ором нафас гирифтан, дар 1 дак. аз шуш такр. 8000 мл хаво мегузарад. Хангоми кори пуршиддати чисмони, шиддати рухи ва баъзе беморихо вентилятсияи шуш меафзояд. Ихтилоли М. г. – гипоксия бемории маъмул буда, бинобар норасоии хаво рух менамояд.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …