Главная / Илм / МИКРОЧАРРОХи

МИКРОЧАРРОХи

charrohiМИКРОЧАРРОХи, як бахши илми чаррохист, ки дар мавриди он дар баробари корбасти усулхои маъмули чаррохи, хамчунин аз усули чаррохи тавассути асбобхои махсуси дакик, микроскоп ва сузанхои нафис истифода мекунанд. М. ба маънои махдуд – чаррохии унсурхои нозуктарин, рагхо, асабхо ва ба маънои васеъ – савияи баланди техникаи чаррохи аст.
Техникаи махсуси чаррохи ба микрочаррох имкон медихад, ки бофтахоро нихоят боэхтиёт бурида, ташкилахои анатомии майдатаринро чудо кунад. М. – ро дар чаррохии чашм ва гуши миёна фаровон истифода мебаранд. Дар дахсолахои охир М. хангоми ба чояшон духтани ангуштхо, панчаи дасту пой, даст ё пое, ки дар натичаи садама канда шудааст, ба панчаи даст кучонда шинондани ангуштони пой (дар сурате, ки ангушти даст нобуд шуда бошад), озод кучонда шинондани порахои мураккаби банду бугум (пуст бо чарби зери пуст ва мушаки он) бо максади пинхон кардани нукси бофтахои нарм, варамхои лимфавии дасту пойхо, кучонда шинондани мушак ё устухон, иваз кардани асабхои канории осебдида, чаррохии тачдидии мачрои мани ва найчахои бачадон ва г. кор фармуда мешавад. М. хангоми аз таъсири осеб канда шудани ангуштон, панчаи даст ё пой ахамияти багоят калон дорад, зеро ба чояшон духтани узвхои кандашуда ва баркарор намудани фаъолияти онхо бидуни истифода аз усулхои М. имконнопазир аст.
Маълумот дар бораи мухлати зинда мондани кисмхои кандашудаи бадан дар чадвал акс ёфтааст. Чунонки мебинем, барои зинда нигох доштани узви кандашудаи бадан ва то ба маркази махсуси М. бурда расондани бемор фурсат вучуд дорад. Аммо самараи чунин чаррохи ба чорахои аввалине, ки дар чои ходиса андешида мешаванд, сахт вобаста аст. Пеш аз хама чои захмро ба бандинаи фишоровар баста, хунравиро катъ мекунанд (вакти тофтабандиро кайд кардан зарур аст), ёрии таъчилиро даъват менамоянд ё чораи харчи зудтар ба муассисаи табобатии наздиктарин расондани чабрдидаро меандешанд. Кисми кандашудаи даст ё пойро шустан ё дору кардан харгиз мумкин нест. Агар бандинаи пок ёфт нашавад, узви кандашударо ба ягон латтаи тоза мепечонанд. Баъд ду халтаи селлофаниро шуста тоза мекунанд. Ба халтаи хурдтар узви кандашударо андохта дахонашро махкам мебанданд. Ба халтаи дигар ях ё барф андохта, баъд ба даруни он халтаи аввалро чой мекунанд ва дахони онро хам мебанданд.
Мухлати махфуз мондани кобилияти зиндагии узвхои
кандашуда вобаста ба харорати мухит (ба хисоби соат)
Узви кандашуда Мухлати кобилияти зиндагии узв
дар харор. то + 40 дар харор. зиёда аз + 40
Ангуштон 16 соат 8 соат
Панчаи даст 12 соат 6 соат
Соид 6 соат 4 соат
Бозу 6 соат 4 соат
Панчаи пой 6 соат 4 соат
Сок 6 соат 4 соат
Рон 6 соат 4 соат

Мутахассисони марказхои чаррохии рагхои хунгард дар зери микроскоп узви катъшударо баркарор месозанд, шараён, варид, асаб, устухонхоро ба якдигар мепайванданд. Агар бофтахо безарар ва мухлати ба беморхона овардани осебдида риоя шуда бошад, кариб 80 фоизи ангушту панчахои даст дубора мечаспанд.
Агар ангуштони даст набошанд, барои баркарор намудани вазифаи панча як, ду ва хатто се ангушти пойро бурида ба даст мечаспонанд. Тачриба нишон медихад, ки барои баркарор гаштани фаъолияти чунин ангуштон машгул шудан ба варзиши шифои, физиотерапия ва г. ахамияти калон дорад.
Бо максади рафъи нукси калон аз як чои бадан ба чои дигар кучондани бофтахои нарм ва баркарор кардани хунгардиши онхо фасли мухими М. ба хисоб меравад.
Техникаи М. дар мавриди чаррохии рагхои лимфа (хангоми варамидани дасту пойхо) фаровон истифода мешавад. Дар натичаи чаррохи варам хеле кам шуда, харакати пой бехтар мегардад. Дар сурати осеб дидани танаи асабхои канори асабро бо усули М. духтан, вале агар осеб калон бошад, яке аз асабхои зери пустро аз сок ё соид гирифта ба сифати трансплантат истифода бурдан мумкин аст. Дар вакти ногузарониши найчахои Фаллопий ва ё мачрои мани, ки боиси безурёти мегардад, бо ёрии М. кобилияти гузарониши онхоро баркарор кардан мумкин аст.
М. дар Точикистон аз с.-хои 80 – уми а. 20 манша мегирад. С. 1987 дар БКШ №5 ба номи акад. К. Т. Точиев зери рохбарии профессорон Н. У. Усмонов ва К. П. Ортиков аввалин шуъбаи М. ташкил карда шуд, ки 10 кат дошт. Дар як муддати кутох чанд нафар мутахассисони сохаи М. тайёр карда шуданд (К. П. Ортиков, У. А. Курбонов, Г. М. Хочамуродов), олоту тачхизоти зарури дастрас гашт (микроскопи чаррохии Карл-Сейсс, асбобу афзори микрочаррохи, риштахои махсус ва г.).
М.-и аввалин дар чумхури с. 1985 анчом дода шудааст. То с. 1990 кормандони шуъба зиёда аз 1000 микрочаррохиро ба анчом расонданд. Бахри дар амал ворид сохтани М. се нафар мутахассисони варзида – К. П. Ортиков, У. А. Курбонов ва Г. М. Хочамуродов сазовори Мукофоти комсомоли Точикистон гаштанд.
Соли 1991 шуъбаи М. ба шуъбаи чаррохии пластики ва тачдиди табдил дода шуд. Феълан он дар сохтори Маркази илмии чумхуриявии чаррохии дилу рагхо ва кафаси сина фаъолият дорад. Кормандони шуъба то ин дам 150 усули нави М.-ро дар амал татбик намудаанд, мас., реплантатсияи бандхои катъшуда, аутотрансплантатсияи бофтахо, реконструксияи бандчаи рагу асабхо, инсидоди найчаи бачадон, бенаслии сидоди (обтуриатсия)-и мардхо, варикотселе, гипоспадия, лимфостази андомхо, хамчунин бемории чогар, зики нафас, амрози гадуди болои гурда, талхадон, осеби рагхои андомхо, тармими махбал хангоми атрезия, реконструксияи сутунмухра ва г.
М. дар робита бо диг. усулхои чаррохи ривоч меёбад.
Ад.: Белоусов А. Е., Ткаченко С. С., Микрохирургия в травматологии, Л., 1988; Белоусов А. Е., Пластическая, реконструктивная и эстетическая хирургия, М., 1998; Курбанов У. А., Давлатов А. А., Основы микрохирургии (учебно-методическое пособие), Д., 2008.

У. А. Курбонов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

УСУЛХОИ ТАХКИКИ ИЛМИ ГЕОГРАФИЯ

Усулхои тахкики илми география – Ахамияти тахкикоти географи Хангоми омузиши ходисахои табии, хар як илм …